Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 7-уми июн
Соли 1794 дар шаҳри Москав файласуфи диншинос, нависанда, фаъоли ҷамъиятӣ ва публистисти рус Пётр Яковлевич Чааадаев ба дунё омад. Вай муаллифи “Номаҳои фалсафӣ” мебошад, ки барои он ва чанд асари дигар ҳукумати вақт ӯро девона ҳукм кард.
Аввалин пораҳои ин китоб соли 1836 дар маҷаллаи “Телескоп” нашр шуд ва боиси эътирози ҳукуматдорон гардид. Маҷалларо бастанд, муҳаррири он Надеждинро бадарға карданд ва худи муаллиф Чаадаевро девона эълон намуданд.
26-уми апрели соли 1856 дар шаҳри Москав аз олам гузашт.
Соли 1831 дар шаҳри Лондон нависанда ва мисршиноси англис хонум Амелия Эдвардс таваллуд шуд. Вай дар хонаводаи афсар дида ба олам кушод ва аз наврасиву ҷавонӣ ба навиштани асарҳои адабӣ маҳорат нишон дод.
Солҳои 1973-1874 ба Миср сафар кард ва аз имконияҳои ковишҳои бостоншиносӣ зери таъсири амиқ қарор гирифт. Вай эҳсос кард, ки дар Миср метавон тамаддуни башарро таҳқиқ кард.
Соли 1877 китоби худ “Ҳозор мил дар соҳили Нил”-ро нашр кард. Вай дар ин китоб ба хулоса расид, ки танҳо дар он сурате бозмондаҳои Мисри бостон ҳифз хоҳанд шуд, агар ба корҳои пажӯҳишӣ афроди соҳибтахассус ҷалб шаванд.
Соли 1848 дар шаҳри Санкт-Петербург дар синни 36-солагӣ мунаққиди шинохтаи адабӣ, мақоланавис, назарияпардоз ва файласуфи рус Виссарион Григоревич Белинский аз олам гузашт. Ӯро аз бузургтарин мунаққидони адабиёт меноманд ва назарияи танқиди адабии ӯ замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар донишгоҳҳои забон ва адабиёт омӯхта мешуд.
Аввалин мақолаи адабии ӯ бо номи “Орзуҳои адабӣ. Марсия дар наср” дар маҷаллаи “Молва” нашр шуд. Вай баъди таҳлилҳои ҷиддӣ ба ин хулоса мерасад, ки “мо адабиёт надорем”, балки теъдоде аз нависандагон дорем. “Мо адабиёт надорем ва ман инро бо як ҷаҳон эҳсоси хурсандӣ такрор мекнуам. Зеро дар ин ҳақиқат тазмини муваффақияти ояндаи худро мебинам”, – навишта буд ӯ.
Якуним сол баъд мақолаи дуюми ӯ дар маҷаллаи “Телескоп” ба нашр мерасад ва аз он изҳори қаноатмандӣ мекунад, ки повестҳои Гогол ва шеърҳои Колсов (тоҷир ва шоири рус) умедворкунандаанд. Ва ҳамин андешаи худро дар мақолаи дигар зери унвони “Дар бораи повести русӣ ва повестҳои Гогол” равшантар баён менамояд.
Соли 1837 Белинский гирифтори бемории сифилис – як касалии уфунии омезишӣ мегардад. Худи ҳамон сол вай ба Қафқоз сафар мекунад ва дар Пятигорск машғули муолиҷа мешавад. Муддати се моҳ бино ба навиштаи худи ӯ, саломатиаш каме барқарор мешавад. Вале чун як зиндагии фақирона дошту ниёзманди кӯмакҳои дӯстонаш, наметавонист бо доруву дармон худро пурра табобат кунад.
Зиндагии мунаққиди маъруф ҳамеша бо мушкилоте рӯбарӯ буд. Бемориҳои мухталиф ҷисми ӯро заъиф кардаву қуввату мадорашро рабуда буданд. Охирин ва беҳтарин навишта номаи ӯ ба Гогол буд.
Вай аз духтурони олмонӣ, ки зери назораташон табобат мегирифт, дилсард шуд ва ба тибби фаронсавиҳо рӯ овард. Вале бовуҷуд ҳеч беҳбуде дар саломатии ӯ ҳувайдо нашуд ва 7 июни соли 1848 аз олам гузашт.
Соли 1914 дар Панипат нависанда, коргардон, филмноманавис ва рӯзноманигори аҳли Ҳинд Хоҷа Аҳмад Аббос таваллуд шуд. Вай байни солҳои 1935 то соли 1987 фаъолият мекард. Барандаи ҷоизаи миллии филм шуда буд ва филмноманависи филмҳои машҳури Роҷ Капур буд.
Аз рӯи филмномаи ӯ филми машҳури “Бачаҳои замин” ба навор гирифта шуд, ки дар бораи гуруснагӣ дар Ҳинд ба асари низоми мустамликавии Британияи Кабир ҳикоят мекард.
Вай ба забонҳои урду ва англисӣ эҷод мекард. Аъзои Шӯрои умумиҷаҳонии сулҳ буд.
Муаллифи беҳтарин филмҳои Роҷ Капур “Овора”, “Ҷаноби 420” Хоҷа Аҳмад Аббос мебошад.
Ҳамроҳ бо коргардони Иттиҳоди Шӯравӣ М.Смирнов филми “Сафари дуртар аз се баҳр”-ро ба навор гирифт, ки сенарияи онро ӯ навишта буд
1 июни соли 1987 дар синни 72-солагӣ тарки олам кард.
Соли 1952 дар шаҳри Истамбул нависанда, филмноманавис ва ходими ҷамъиятии турк Орҳон Помук ба дунё омад. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 2006 мебошад. Орҳон Помук бо изҳори назарҳояш дар бораи табъиди араманиҳо ва нақзи ҳуқуқи курдҳо дар Туркия машҳур аст.
“Хонаи оромӣ”, “Китоби сиёҳ”, “Рӯйҳои пинҳон”, “Ҳаёти нав”, “Номи ман сурх аст”, “Рангҳои дигар”, “Барф”, “Истамбул шаҳри хотираҳо”, “Осорхонаи бегуноҳӣ”, “Зани малламӯй” номи чанд асари муҳими Орҳон Помук мебошад.
Романи “Номи ман сурх аст” ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудааст.
Дар бораи Орҳон Помук матлаби ҷудогона дар сомонаи худ дорем, ки лутфан ба он муроҷиат намоед.
Соли 1952 дар шаҳри Москав нависанда, филмноманавис, барандаи радио ва телевизион Даря Донсова таваллуд шуд. Бино ба маълумоти расмии Палатаи китоби Русия Донсова муддати солҳои тӯлонӣ аз рӯи теъдоди китобҳои интишордодааш мақеъи асосӣ дошт.
Соли 1959 шоир, тарҷумон ва намоишноманависи Литва Пятрас Вайчюнас дар синни 69-солагӣ аз олам гузашт. Муаллифи бештар аз 20 намоишнома аст, ки 16 намошномаи онро театрҳои гуногун ба саҳна гузоштаанд.
Дар солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ дар Литва директори Китобхонаи Академияи илмҳои Литва буд.
Соли 1945 аз вазифа барканор шуд. Солҳои охири умр барои асарҳояш мавриди интиқодоти шадид қарор мегирифт ва чопи осораш манъ шуда буд.
Соли 1966 дар синни 80-солагӣ шоир, наққош, пайкаратароши фаронсавӣ Жан Арп тарки олам кард.
Соли 1970 дар Ковентр дар синни 91-солагӣ насрнавис, мунаққиди адабиёт, филмноманавис, тарҷумаи ҳолнавис ва романнависи машҳури англия Эдвард Морган Форстер вафот кард. Романҳои “Фариштаҳо аз чӣ метарсанд”, “Саёҳати дурудароз”, “Ҳовард Энд”, “Сайру саёҳатҳо дар Ҳинд”, “Морис”, “Артик Суммер” аз ӯ мебошанд.
Соли 1980 дар шаҳри Лос-Анджелес дар синни 88-солагӣ бар асари бемории алоқманд ба гардиши хун нависанда ва наққоши амрикоӣ Ҳенри Миллер вафот кард. Вай муаллифи барои он замон ҷанҷолбарангези асарҳои шаҳвонӣ буд.
“Мадори Саратон, “Мадори Ҷадӣ”, “Баҳори сиёҳ” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.
Соли 1981 шоир, достоннавис, тарҷумон, олими маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филолгия Баҳром Сирус (Охундзода Мирзомуҳаммад) аз олам даргузашт. Вай 1 январи соли 1885 дар шаҳри Ленкорани Озарбойҷони Шӯравӣ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1907 мактаби ҳафтсолаи русии зодгоҳашро хатм кардааст. Соли 1908 ба Эрон муҳоҷират карда, дар ҷунбишҳои сиёсӣ-озодиталабии мардумӣ фаъолона ширкат варзидааст. Соли 1920 бо В.И.Ленин вохурдааст. Соли 1925 ба Иттиҳоди Шӯравӣ баргашта, даҳ сол дар идораҳои маориф ва табъу нашри Тоҷикистон кор кардааст. Баъдан корманди илмии Пажӯҳишгоҳҳои забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ховаршиносии АИ ҶТ будааст.
Доктори илмҳои филология (1964).
Шеърҳояш аз соли 1932 чоп шудаанд, ки дар мавзуъҳои замон офарида шудаанд, Достони «Ҳуҷум» соли 1933, достони «Холу Зуҳра» дар солҳои ҶБВ эҷод шудаанд. Ашъораш дар маҷмӯаи «Ҳадя» (1974) ва «Ҷашнияи Баҳром Сирус» (1975) интишор ёфтаанд.
Пайваста машғули кори илмӣ буда, дар синни 70-солагӣ рисолаи номзадӣ, дар 80-солагӣ рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст.
Рисолаҳои маъруфаш «Қофия дар назми тоҷик» (1955), «Арӯзи тоҷикӣ» (1963) ва «Назарияи нави қофиябандӣ дар назми тоҷик» (1972) то ҳол дастуру сарчашмаи беҳамтои таълиму омӯзиши арӯзу қофия дар адабиёти тоҷиканд.
Дар тарҷумаи баъзе асарҳои В.И.Ленин, таҳияву нашри «Шоҳнома» (1955, 1964-1970) ва осори Рӯдакӣ, Низомӣ, Ҳоқонӣ, Амир Хусрав, Ҷомӣ, Лоҳутӣ, тазкираи «Гулшани адаб» (ҷ.1-5, 1975-1980) ва таълифи китобҳои форсӣ ширкати фаъол доштааст.
Бо ду ордени Ленин, ду ордени «Нишони фахрӣ», медал ва Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Аз соли 1944 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Соли 1998 нависанда ва филмноманависи фаронсавӣ Тома Нарсежак аз олам гузашт. Буало-Насежак (фр. Boileau-Narcejac) номи муштараки ду нависандаи фаронсавӣ – Пйер Луи Буало, ки 28 апрели соли 1906 таваллуд шудаву 16 январи соли 1989 фавтидааст ва Том Нарсежак, ки 3 июли соли 1908 ба дунё омада, 7 июни соли 1998 даргузаштааст, мебошад.
Соли 2009 шоири тоҷик Озод Аминзода аз олам гузашт. Вай 1 октябри соли 1933 дар шаҳри Хуҷанд, дар хонадони шоир ва тарҷумони моҳир Муҳиддин Аминзода, чашм ба олами ҳастӣ кушода буд.
Фаъолияти эҷодияш аз солҳои донишҷӯйӣ (1957) оғоз ёфта, дар тӯли умраш чандин маҷмӯаи шеърашро пешкаши хонандагон гардондааст.
Мавзӯи эҷоди шоира набзу рӯҳи замона буда, армонҳои наҷиби давлатдорӣ, рисолати пешвоёни замона ва характери мардуми одиро моҳирона баён кардааст.
Муаллифи китобҳо «Сатрҳои нахустин», «Бо ёди ту», «Чашми бедор», «Дилбари саҳро», «Пайроҳаи сабз», «Сипос», «Ёди ширин», «Неспящие глаза» ва «Зелёная тропинка» (Маскав) мебошад.
Соли 2003, ба муносибати 70-солагии зодрӯзи шоир, китоби ашъори ӯ «Дунёи дил» интишор ёфтааст, ки нуқли офаридаҳояшро дар бар дорад.
Соли 1982 сазовори Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон, соли 1996 шарафёби Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ гардонда шудааст. Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи медали «Барои меҳнати шоён» ва Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Соли 2022 Вазорати корҳои дохилии Русия нависанда, рӯзноманигор, филмноманавис ва барандаи радио Дмитрий Глуховскийро дар ҷустуҷӯ эълон кард. Вай барандаи ҷоизаи синамо “Ника” барои беҳтарин филмнома ба филми “Матн” мебошад.
Муаллифи романҳои “Метро 2033”, “Метро 2034”, “Оянда, ром ани мистикии “Нимторикӣ” мебошад.
Соли 2021 ошкоро аз сиёсатмадори зиндаонии рус Навалний ҳимоя намуд ва талаб кард, ки озод кунанд.
Моҳи феврали соли 2022 ҳамлаи Русия ба Украинаро маҳкум намуд. 7 октябри соли 2022 Вазораи адлияи Русия ӯро шомили рӯйхати “агентҳои хориҷӣ” кард.
Таҳияи Б.Шафеъ