Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 7-уми март

Рузи адибётСоли 1785 нависанда, шоир, файласуфи итолёвӣ Алессандро Мандзони ба дунё омад. Ӯ барои романи “Номзад” (итол. I promessi sposi) машҳур шуд. Ин роман дар қатори шоҳкорҳои адабиёти ҷаҳон қарор дорад. Дар Италия онро намоди ваҳдати итолявиҳо меноманд. Ва ҳам барои паёми меҳанпарастонааш миёни хонандагони ин кишвар маъруфият дорад.

alessandro-mandzoniӮ замоне ба олам омад, ки пдараш Дон Петро Мандзони 50-сола шуда буд. Модараш Ҷулия ном дошт ва дар хонадони мубаллиғ ва публистист Чезаре Беккариа таваллуд шудаву аз падар муҳаббат ба адабиётро мерос гирифта буд.

Алессандро аз синни 15-солагӣ ба навиштани шеър ва сонет оғоз кард.  Баъди марги падараш дар соли 1805 вай ба шаҳри Порис, ба назди модараш омад ва  ва муддати ду сол дар ҳалқаи адабиётдӯстон ва файласуфон монд. Ин ду сол барояш як мактаби инсоншиносӣ ҳам буд ва аз миёни донишмандони ба худ дӯстони зиёд пайдо кард. Маҳз дар ҳамин солҳои зиндагонӣ дар Порис вай миёни омма бо шеърҳои худ баромад мекунад ва худро чун шоир муаррифӣ менамояд.

Соли 1819 вай аввалин фоҷеаи худро бо номи Conte di Carmagnola нашр мекунад, ки қолабшиканӣ дар адабиёти муосири Италия буд.

Марги Наполеон ӯро ба навиштани шеъри “Паҷуми май” таҳрик дод ва ин шеър хеле ба зудӣ маъруфият пайдо кард ва муаллифашро ба кишвар бештар шиносонд. Ин шеърро дар замони худ Фёдор Тютчев ҳам ба русӣ тарҷума карда буд.

Романи машҳураш “Номзад” соли 1827 нашр шуд ва номи ӯро дар раддаи аввали қаламкашони Аврупои он замон гузошт.

Солҳои охири ҳаёташ ширин набуданд. Баъди марги ҳамсараш дар соли 1833 якбора чанде аз фарзандонаш тарки олам карданд ва баъдан модараш ҳам даргузашт.

Соли 1860 шоҳ Виктор Эммануили II ӯро сенатор таъин кард.

Марги писарбузургаш Луиҷи 28 апрели соли 1873 сахттарин зарбаро ба ӯ расонд ва шадидан бемор шуд ва ниҳоят рӯзи 22-уми майи соли 1873 аз илтиҳоб дар сар аз олам гузашт.

Соли 1856 шоир, мунаққиди адабӣ, мақоланавис ва насрнависи лаҳистонӣ Каэтан Козмян вафот кард. Ӯ дар Подшоҳии Лаҳистон директори кулли маъмурият оид ба вазорати корҳои дохилӣ ва сенатор буд. Аммо баъди соли 1830 аз ҳамаи ин вазифаву мансабҳо канор арфт. Аз ҷонибдорони равияи адабии классикӣ ва мухолифони сарсахти романтизим дар адабиёт буд.

Бо ду достонаш бо номҳои «Ziemiaństwo polskie» ва ҳамосаи «Stefan Czarniecki» машҳур аст. Достони охирро муддати 25 сол навиштааст.

avgust-zilbershtejnСоли 1900 дар Вена дар синни 71-2-солагӣ нависандаи аҳли Австрия Август Зилберштейн аз олам гузашт. Вай 1 – уми июли соли 1827 дар хонаводаи яҳудӣ ба дунё омада буд.

Дар Донишгоҳи шаҳри Вена таҳсил кард ва баъди рӯйдоди соли 1848 муддати мадиде дар донишгоҳҳои Олмон мегашт. Чун ба ватан баргашт, трибунали ҳарбӣ муддати 5 сол ӯро аз озодӣ маҳрум намуд. Соли 1856 баъди эълони як афви саросарӣ ба озодӣ баромад.

Соли 1901 нашрияи «Церковные ведомости» бо чопи хабаре иттилоъ дод, ки  Лев Толстой аз калисо канор рафтааст ва ӯ дигар узви калисои Православӣ нест.

Соли 1928 дар бахши Сибирии Русия нависанда ва рӯзноманигори машҳури рус Чивилихин Владимир Алексеевич ба дунё омад. Ӯ бештар бо роман-эссеи “Хотира” машҳур аст. Барандаи ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Чивихилин ҷонибдори ашадии ориёинажод будани славянҳо буд.

Повестҳои “Қувваи зинда”, “Дар бораи Клава Иванова”, “Дар сатҳи баҳр”, асарҳои публиститии ӯ “Чаро ҷангалҳои Русия садо медиҳанд?”, “Замин дар хатар”, “Чашми духахшони Сибир”, “Истгоҳҳои шведӣ” аз ҷумлаи навиштаҳои ӯ мебошанд.

edvin-markemСоли 1940 дар Статен-Айленд, иёлати Ню-Йорки ИМА дар синни  87-солагӣ шоири амрикоӣ Эдвин Маркэм вафот кард. Вай 23-уми апрели соли 1852 дар Орегон – Сити ба дунё омада буд. Дар оила миёни даҳ фарзанд аз ҳама хурдсол ӯ буд. Аммо баъди зода шудани ӯ падару модараш аз ҳам ҷудо шуданд. Чарлз номи худро тақрибан то соли  1895 истифода кард ва баъди он ба тахаллуси “Эдвин” гузашт.

Замоне, ки Эдвин аз олам мегузашт, шумори китобҳои китобхонаи шахсиаш ба беш аз 15 ҳазор расида буд ва ҳамаи китобҳо ва дастхатҳову навиштаҳои дигарашро васият кард, ки ба китобхонаи коллеҷи Вагнер воқеъ дар Статен-Айленд супоранд. Мусоҳибаҳои хондание бо  Франклин РузвелтАмброз БирсАлистер Кроули, Ҷек ЛондонКарл СэндбергЭми Лоуэлл дошт, ки қисман чоп шудаву қисман ба сурати дастнавис монда буданд.

elizabet-munСоли 1945 нависандаи асарҳои тахайюлии армикоӣ Элизабет Мун ба дунё омад.  Романи ӯ бо номи “Суръати торикӣ” барандаи ҷоизаи адабии Набюло дар соли 2003 шуд.

Пеш аз даварони нависандагӣ дар нерӯи дарёии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хидмат кардааст ва соли 1971 баъди хатми қарордод бо рутбаи лейтенант аз хидмати ҳарбӣ канор рафтааст.

Соли 1969 издивоҷ кардаву соҳиби як писар шудааст. Дар донишгоҳи Остин таҳсил намуда соҳиби дараҷаи бакалавр дар биология шудааст ва муддати ду сол ба корҳои таҳқиқотӣ низ машғул будааст.

“Вафодории  тақсимнашуда”, “Савганди тилло”, “Касоне, ки дар торикӣ қадам мезананд”, аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

Таҳияи Б.Шафеъ.