Муаррифӣ. Эмомалӣ Раҳмон: “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”

nigohe-ba-tarihi-tam-addunПешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” пажӯҳиши доманадореро дар доираи мавзӯъ анҷом дода, ҳадафи ин талоши худро дар муқаддимаи он баён доштаанд: Дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҳар як халқу миллат бо офаридаҳои моддию маънавиаш саҳми арзандаи худро мегузорад. Аз ин рӯ, омӯзиши тамаддуни ҳар як халқ, аз як тараф, ба бою ғанӣ гардидани тамаддуни башарӣ, ки аз маҷмӯи тамаддунҳои халқҳои ҷаҳон иборат аст, мусоидат мекунад, аз тарафи дигар, ташаккулу инкишофи маданияти ин ё он халқро дар масири таърих муайян карда, саҳифаҳои дар зери ғубори фаромӯшӣ мондаи онро таҷдид менамояд ва аз бархӯрди маданиятҳо наслҳои баъдиро огоҳ менамояд ва дар маҷмӯъ сатҳи худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ва умумибашариро вусъат мебахшад.

Бинобар ин тадқиқи таърихи тамаддуни ҳар халқу миллат хеҷ гоҳ барои эҳсоси ғурур ва ифтихори ноҷо аз гузаштаи худ набуда, он бояд барои нишон додани роҳи тӯлонӣ ва пурпечутоби тайкардаи ниёгони худ, шинохти заминаҳои аслию унсурҳои асосӣ ва муайян намудани хусусияту тамоюлҳои тамаддуни аҳли қадим равона гардад ва такони таъсирбахше барои рушду инкишофи тамаддуни муосираш бошад.

Масъалаи дигаре, ки қайд намудани он дар ин ҷо зарур аст, нуқтае мебошад, ки то рӯзгори мо маданияти бисёр халқҳои Шарқу Ғарб мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтаанд ва олимону фарҳангшиносон фикрҳои гуногуне ҳам дар бораи раванди умумии инкишофи тамаддуни умумиҷаҳонӣ ва ҳам мақому манзалати маданияти халқҳои алоҳида дар он баён шудаанд. Вале шиносоии амиқ бо онҳо нишон медиҳад, ки дар хеле аз маворид ҳангоми ҳаллу фасли масъалаҳои асосӣ ва ҳассос муносибати ҳаматарафа (комплексӣ) нашуда ва хулосаю назария ва фарзияҳои пешниҳодшудаи олимону муҳаққиқони соҳаҳои алоҳидаи илм, хусусан дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба аҳди бостон, ки ёдгориҳои хаттӣ аз онҳо боқӣ намондаанд, бо ҳам мувофиқат надоранд ва баъзан ноҳамоҳангию номувофиқиҳои усулӣ низ ба назар мерасанд.

Ба ҳамин сабаб гумон мекунам, ки мо имрӯз ба тадқиқотҳои анҷомшуда бо нуқтаи назари танқидӣ муносибат карда, дар асоси такя ба сарчашмаҳо ва дигар ёдгориҳои мавҷуда, бо назардошти дастовардҳои соҳаҳои гуногуни илми муосир нуқтаю назарҳои дар адабиёти ориёишиносӣ баёншуда ҷамъбаст намуда, ҷараёни ташаккулу инкишоф ва таърихи пурмоҷарои гузаштаи худро воқеъбинона таҳлил намоем ва бар ҳамин асос раванди таҳаввулу такомули тамаддуни башарӣ ва мақоми тамаддунҳои маҳаллӣ дар онро муайян созем, метавонем пеши роҳи ҳар гуна ақидаҳои ғайриилмии бархӯрди тамаддунҳо (назарияи С. Ҳантингтон)-ро гирифта, дар гуфтугӯи тамаддунҳо ва рушду инкишофи минбаъдаи онҳо дар асоси таъсири мутақобилаи маданиятҳо дар ҷаҳони муосир саҳми арзанда гузорем…

Агар гуфтаҳои болоро ба тамаддуни ориёӣ нисбат дода, онро дар партави дастовардҳои соҳаҳои гуногуни илм, ки аз ҷониби муаррихон, фарҳангшиносон, бостоншиносон, забоншиносон, диншиносон ва ҳатто биологҳою генетикҳо, ки дар охири асри ХХ ба муваффақиятҳои бузурге ноил гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор диҳем, мушоҳида хоҳем кард, ки ин тамаддун таърихи дерину куҳан дошта, ҳанӯз дар ҳазораҳои 4-3 то м. дар саҳнаи таърих арзи вуҷуд намудааст. Он дар ҷараёни сайри тӯлонии худ гоҳ дар гиру дор ва гоҳ дар муколамаи фарҳангӣ бо дигар тамаддунҳои ҳамҷавори худ дар аҳди бостон ва асрҳои миёна буда, гоҳ дар дохили тамаддунҳои дигар ҳамчун ҷузъи таркибии он амал кардааст ва гоҳе ҳам дигар тамаддунҳоро тобеъ ва дар таркиби худ ҷой дода, ба ҳаёти созандаи ҷомеа мусоидат намудааст. Таҳқиқи тамаддуни қадими ориёиро юнониён дар давраи атиқа шурӯъ карда буданд, ки аз байни онҳо Плутархро ном бурдан ҷоиз аст. Бино ба маълумоти Б. Ғафуров ва Цибукидис Д.И., Искандари Мақдунӣ ҳангоми юришаш ба Шарқ олимону донишмандони зиёдеро барои омӯзиши соҳаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии халқҳои Шарқ ба артишаш ҷалб намуда буд, ки дар байни онҳо Пиррон, Анаксарха, Онсикрит, Аристобул, Птолемей ва дигарон низ буданд. Ба ҷуз инҳо муаррихони номии юнонию румӣ Ҳеродот, Арриан, Юстин, Страбон ва дигарон маълумоти гаронбаҳое дар бораи ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ додаанд.

Китоби “Нигоҳе ба таърих
ва тамаддуни ориёӣ”-ро шумо
метавонед дар Китобхонаи миллӣ
мутолиа намоед.

Таҳияи Бунафша РАҲМОНОВА