Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 7 – уми январ

ruzi-tarihСоли 1325 дар Сантарен шоири португалӣ Диниш I, шашумин подшоҳи Португалия, ки аз соли 1279 ба тахт нишастааст, дар синни 63-солагӣ вафот кард.

Дон Диниш ба инкишофи маданияти Португалия ҳиссаи калон гузоштааст. Диниши I яке аз бузургтарин ва сермаҳсултарин шоирони галисия-португалии асрҳои миёна буда, шўҳрати «шоҳ-шоир» (Rei-Poeta), «шоҳ-мутриб»-ро (Rei-Trovador)-ро ба даст овардааст. Дон Диниш ва ҳатто бобои ӯ, подшоҳи Кастилия Алфонсо X-и хирадманд, кантига (таронаи яковозаи португаливу испонӣ) эҷод мекарданд. Бешубҳа, 137 суруди монофонии ў ба забони галисӣ-португалӣ мебошад, ки аз он 73 кантига дар бораи ишқ, 51 кантига дар бораи дӯст, 10 кантига маҳзака ва бадгўӣ ва 3 суруди пасторалиро дар бар мегиранд. Аз ин шумора, бо нотаҳои мусиқӣ, танҳо ҳафт кантига дар бораи ишқ дар «Пергаменти Шаррер» то ба мо омада расидаанд, ки соли 1990 (тақрибан баъди 1300 сол) ёфт гардиданд. Яке аз кантигахо дар бораи ишк аз «Паргаменти Шаррер» – Ман дўст медоштам, дўст медорам ва то абад дўст хоҳам дошт – бо қалами Е.Г Голубева тарҷума шудааст.

Соли 1715 дар Камбрай дар синни 63-солагӣ рӯҳонии фаронсавӣ, нависанда, омўзгор, илоҳиётшинос Франсуа Фенелон аз дунё гузашт.

Романи машҳури ў «Саргузашти Телемак» (1695), дар асрҳои XVII—XIX серхаридортарин китоб ба шумор мерафт.

Соли 1858 дар Лужки ноҳияи Диснаи музофоти Вилна луғатнависи яҳудӣ Элиезер БенЙехуда, “падари забони ибрии муосир”, таваллуд шудааст.

Вай яке аз аввалин ҳафтаномаҳои ибриро таъсис дода, асосгузори Кумитаи забони ибрӣ (ки баъдтар Академияи забони ибронӣ шуд) ба шумор меравад ва ба нашри аввалин луғати мукаммали ибрӣ оғоз кардааст. Дар муқаддимаи луғати худ чунин навиштааст: «Агар имкон бошад, ки забони гуфтораш аз байн рафтаро барқарор намоӣ ва ҳар он чизеро, ки ақаллан як нафар гуфтан мехоҳад, баён намоӣ, бешубҳа, чунин забонро метавонӣ ба забони гуфтугўии тамоми ҷамъият табдил диҳӣ». Шиори ў дар зиндагӣ «Яҳудӣ, бо ибрӣ ҳарф бизан!”буд.

anta-nas-ve-nclovaСоли 1906 нависанда, шоир, насрнавис, мунаққид, тарҷумон, арбоби давлатии Литва Антанас Вентслова ба дунё омадааст. Ў барандаи мукофоти сталинии дараҷаи дуюм (1952) ба шумор меравад. Инчунин соли 1965 ба унвони нависандаи халқии ҶШС Литва сарфароз гардонида шудааст.

Маҷмуаҳои ҳикояҳои «Роҳ ба Литва» (1942), «Аз дафтарчаи ҷангӣ» (1943), «Дарахт ва шохаҳои он» (1948), «Ҳикояҳо», «Тўс дар тўфон» (1930) ва китобҳои назмиаш «Ҷойе, ки себ баланд аст» (1945), «Даъвати Ватан» (1942), «Ҷавонии кишвар» (1948), «Шеърҳо», «Асарҳои мунтахаб» (1950); очерку мақолаҳои «Қаҳрамони Иттифоқи Шўравӣ Марита Мелникайте» (1943), «Таассуроти сафар» (1949), «Кабутарҳои сулҳ» (1952) ва ғайра бо забони литвагӣ нашр шудаанд.

Асарҳои ў ба забонҳои русӣ, украинӣ, латвиягӣ, лаҳистонӣ ва ғайра тарҷума шудаанд.

Соли 1925 зоолог, сайёҳ ва нависандаи англис Ҷералд Даррел таваллуд шудааст. Дар маҷмӯъ, Ҷералд Даррел 37 китоб навиштааст, ки аз онҳо 28-тоаш ба забони русӣ тарҷума шудаанд. Инчунин 35 филм таҳия кардааст, ки аввалинаш филми чорсериягии телевизионии “To Bafut With Beagles” мебошад, ки соли 1958 ба ба намоиш гузошта шуда, дар Англия хеле маъруф шуд.

pablo-palasioСоли 1947 дар Гуаякил, дар синни 40-солагӣ, нависандаи эквадорӣ Пабло Паласио, намояндаи костумбризм (самти адабиёт ва санъати тасвирии Испания ва Амрикои Лотинӣ дар асри XIX ва ибтидои асри ХХ) дар адабиёти Эквадор даргузашт.

Муаллифи чор роман, маҷмуаи ҳикояҳо ва песаҳо. Асарҳои ӯ ба тазкираҳои сершумор дохил карда шудаанд, аз ҷумла Antología crítica del cuento hispanoamericano del siglo XX  Vol. I:: Fundadores innovadores, чанд маротиба аз нав нашр шудаанд. Соли 2000 маҷмӯаи асарҳои нависанда чоп гардид.

Соли 1959 нависанда, шоир ва намоишноманавис, рўзноманигори рус, хабарнигори ҳарбӣ дар ҶБВ, барандаи ду ҷоизаи Сталин (1946, 1950) Борис Андреевич Лавренев вафот кард.

Аввалин асарҳои Лавренев, ки ба ў шўҳрат овардаанд: повестҳои «Шамол» (1924), «Чилу якум» (1926), «Қиссаи як чизи одӣ» (1927) ба воқеаҳои инқилоб ва ҷанги шаҳрвандӣ бахшида шудаанд. «Чилу якум» шоҳасари эътирофшудаи Лавренёв, машҳуртарин (дар баробари песаи «Дарика») асарҳои ў ба шумор меравад. Ин манзумаи романтикӣ дар бораи ишқи фоҷиавии духтараки моҳигир Марютка, ки ба мубориза барои инқилоб рафта буд ва лейтенант Говоруха-отрок, офитсери зираки гвардияи сафед нақл мекунад.

berrimen-dzhonСоли 1972 дар Миннеаполис, дар синни 57-солагӣ, шоири амрикоӣ Ҷон Берримен худро аз пули болои Миссисипи партоб карда, худкушӣ кард.

Берриман соли 1935 ба нашр шурӯъ кард, дар соли 1940 шеърҳои ӯ ба маҷмӯаи «Панҷ шоири ҷавони амрикоӣ» дохил карда шуданд. Соли 1946, дар давоми чанд моҳ, ӯ силсилаи бузурги ишқии «Сонетҳо ба Крис»-ро навишт, ки ҳамагӣ баъд аз бист сол бо унвони «Сонетҳои Берриман» аз  чоп баромад. Муаллиф тамоми матлаби худро дар китоби “Сурудҳои орзуҳо” тасвир кардааст – он бояд як романи калонҳаҷм дар назм бо қаҳрамони инъикоскунанда бошад. Берриман дар болои китоб аз охири солҳои 1950 кор кардааст, пас аз нашри 77 суруди аввалинаш, ӯ барандаи ҷоизаи Пулитсер шуд (1965).

Ашъори Берриман бо таъсинокии ҳиссиёт ва дар айни замон маҳорати қатъӣ фарқ мекунад. Маҷмӯаи аввалини ӯ «Маҳрумшудагон» ва китоби «Сурудҳои орзу», ки барои шоир ниҳоӣ аст, асосан ҳамин тавр эҷод шудааст.

Соли 1998 нависандаи амрикоӣ Лоренс Трит, таҳиягари жанри романҳои полисӣ, дар синни 94-солагӣ дар Марта Винейард даргузашт.

Соли 2015 дар Варшава нависанда, рӯзноманигор, коргардони синамо, филмноманавис Тадеуш Конвитски дар синни 88-солагӣ вафот кард. Вай филми «Рӯзи охирини тобистон»-ро бо маблағи хеле кам ва бо иштироки ҳамагӣ ду ҳунарпеша ба навор гирифтааст.

Аз соли 1976 асарҳои худро дар нашрияҳои махфӣ ва ё дар хориҷа нашр кардааст.

roman-didulaСоли 2022 дар Лвов нависандаи украинӣ Роман Дидула дар синни 81-солагӣ тарки олам кард.

Китобҳои Роман Дидула «Шинос доред?» (1973), «Кӯҳи барҳамхӯрда» (1982), «Инқилоб бо табассум» (2005, дар ҳамкорӣ бо Нина Матвиенко), «Акси Масеҳ» (2006) ҷудогона нашр шудаанд. Ӯ ҳамчун фолклоршинос низ машҳур аст – ҷилди «Латифаҳои Галисия»-ро соли 2001 ба табъ расонд ва ҳатто қаблан ду маҷмӯаи «Латифаҳои қадимии Галисия»-ро эҷод кардааст. Аз забонҳои полякӣ ва руси тарҷума мекард. Асарҳои ӯ бо забонҳои белорусӣ, булғорӣ, русӣ, маҷорӣ ва чехӣ нашр шудаанд.

Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА.