Як рӯзи истироҳат дар толори хониши шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон

Мо ҳамарӯза шоҳиди руҷуъи бемисли наврасону кӯдакон ба китоб ҳастем. Саҳнае, ки рӯзи якшанбе дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасон мушоҳида кардем, як саҳнаи ҷаззобу диданӣ буд. Дар рӯзи истироҳат ин наврасоне, ки дар аксҳо мебинед, бозиҳои кӯдаконаи кӯчабозориро ба мутолиаи китоб дар Китобхонаи миллӣ иваз карданд.

Онҳо вориди толори хониш шуда, аввал барои худ ҷойи нишаст меҷустанд ва баъдан ба рафҳои китоб дида дӯхтаву талош мекарданд,  китоберо, ки дархӯри завқашон аст, пайдо кунанд ва нишинанду сар ба мутолиа фурӯ баранд.

Мо кормандони ин толори хониш ба рафтори онҳо ба завқ менигаристем. Ҳамзамон талабу хоҳиши дигари онҳоро барои ёфтани он китобе, ки дар рафи китобҳои толор пайдо намешуд, иҷро мекардем.

Кистанд ин наврасон ва чӣ онҳоро водор кардааст рӯзи якшанберо дар толори хониши Китобхонаи миллӣ гузаронад?

Иддае довталабони ширкат дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” буданд, ки адабиёти лозим барои ширкат дар онро мехонданд.

Зумрае китоби дарсӣ мутолиа мекарданд, то рӯзи душанбе ба суоли муаллимашон дар дарс посухи дуруст диҳанд.

Иддае дигар бидуни он ки майли ширкат дар озмуне дошта бошанд, барои қонеъ кардани завқи худ вориди ин толори хониш шудаанд, то як китоби бадеӣ мутолиа кунанд. Як ҳикоя хонанд, як шеър азбар кунанд…

Хулоса ҳар касе дар ин толор чизе меҷуст ва касе барои ҳавову ҳавас наёмада буд.

Онҳое, ки чизе меҷустанд, онро пайдо мекарданд.

Дар миёни хонандагон афроди ба синну сол хурде ҳам буданд, ки барояшон нишастан назди компутер ва аз дарсҳои омӯзишии он ва ё филмҳои тасвирии илмии он баҳра бурдан роҳат буд. Ва мо онҳоро ҳам раҳнамоӣ мекардем, то ҳеч касе дар ин рӯз вақти худро бефоида нагузаронад ва аз ин толор дониш гиранд, дарс омӯзанд ва холӣ барнагарданд…

Бояд гӯям, ки дар ин толор 14 адад кормютерҳо, ки бо барномаҳои таълимию тарбиявӣ пайваст карда шудаанд, дар хидмати хонандагони ҷӯёву пӯёи наврас қарор доранд.  Бозиҳои компютерии шуъбаи мазкур асосан ёд гирифтани ҳарфҳо, рақамҳо рангҳо ва сохтани ҳар гуна ашёҳо мебошад, ки ба воситаи ин гуна бозиҳо кўдакон бисёр чизҳоро ёд мегиранд.

Саҳнаи диданиву дилхушкунанда ва як рӯзи пурсафое буд, барои кормандони навбатдори толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасон.

Ман ҳоло аз ҳамин як рӯз навиштам ва мо ин рӯзҳоро зиёд мебинем. Зиёд шоҳиди омадурафти пурманфиати кӯдакону наврасон мешавем.

Хуш аст вақте кӯдакон майли китобхонӣ доранд ва ин умедворкунанда аст, ин моро аз як ояндаи дурахшон башорат медиҳад. МИЛЛАТ  БА МУТОЛИА БАРМЕГАРДАД!

Оё навиде хуштар аз ин дорем?

Шаҳноза ДОНИЁРОВА,
сардори шуъбаи  адабиёти
кӯдакон ва наврасон

  • Як рӯзи истироҳат дар толори хониши шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон