Сангнабиштаҳои Картир
То соли 1936 ба олимон се сангнабиштаи Картир маълум буд. Кўтоҳтарини ин рўи шаҳ дар маҳалли Нақши Раҷаб, назди нақши шоҳаншоҳи сосонӣ Арташери 1 ва Аҳура Маздо ҷойгир аст. Болои ин матн якасурати худи Картир низ кандакорӣ шудааст.
Сангнабиштаи дуюм ва якасурати дуюми Картир рўи шахи шафати «Каабаи Зороастр» дар радифи нақше, ки пирўзии Шопури 1 бар румиҳоро инъикос менамояд, ҳақ шудааст.
Набиштаҳои сеюми Картир соли 1926 кашф шуд ва он дар маҳалли Сири Машҳад наздикии шаҳри имрўзаи Кизерун, дар радифи нақши шоҳаншоҳ Вараҳрани II ҷойгир аст.
Ниҳоят соли 1936 сангнабиштаи дигаре дар «Каабаи Зороастр» кашф шуд бо матни содатар (бидуни печидагиҳо) ва онро олимон хонда тавонистанд.
Матни сангнабиштаҳои Картир танҳо бо забони паҳлавӣ нигошта шудаанд. Инак, ба таваҷҷўҳи шумо намунаеро аз он сангнабиштаҳо меорем.
«Ин набиштаҳоро ана барои чӣ нигоштам: Ман Картир дар он замон бо ёрии шоҳону маликон, оташдонҳову муғони зиёдро бо набиштаҳои давлатӣ фаро гирифтам. Маро ва номи маро низ бо эҳтироми бузург андар ин набиштаҳову тасмимҳои давлатӣ қарор доданд. Ва агар минбаъд касе он қарордоду тасмимоти давлатӣ, аснод ва ё ягон набишта ҳакшударо бубинад, бигзор донад, ки ман ҳамон Картирам, ки дар замони Шопур, шоҳаншоҳ маро «Картир магупат ва херпет» гуфтӣ, дар замони Ҳурмузд, шоҳаншоҳ ва Вараҳран шоҳаншоҳ, писарони Шопур маро «Картир магупати Аҳура Маздо» хондандӣ ва дар замони Вараҳран маро бо эҳтиром «Картир, муҳофизи рўҳи Вараҳран магупати Аҳура Маздо» номидандӣ».
Аз китоби Раҳимҷони Шарофзода “Таърихи номаҳои Аҷам”, нашри дуюм, чопи соли 2010.
Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.