Як рзи адабиёт дар таърихи башар. 16 –уми феврал
Соли 1710 дар Монпеле воиз ва нависандаи фаронсавӣ Эсприт Флеше дар синни 77-солагӣ даргузашт. Асарҳои асосии ў «Oraisons funèbres» (1681, нашри охирин 1878); «Histoire le Theodose le Grand» (1679, нашри нави Тур, 1881); «Histoire du cardinal Ximenes» (1693); “Panegyriques des saints” (1690) ба шумор мераванд.
Дар осори Эсприт мушоҳида ва андешаҳои амиқу дақиқ дида намешавад, дар онҳо суханбозӣ аз ҳад зиёд ба мушоҳида мерасад, вале дар баробари ин дар беҳтарин осори ў, аз қабили суханронӣ дар маросими дафн, ба хусус дар асарҳое, ки ба занон бахшида шудаанд, инчунин бисёр порачаҳое ҳастанд, ки дар назокати услуби худ дар ҳақиқат дурахшонанд.
Соли 1740 дар Салутсо ношири барҷастаи итолиёвӣ, чопгар, тарроҳ ва кандакор, муаллифи садҳо шрифт, ки тақрибан 80-тоаш кириллианд, Гиамбаттиста Бодони ба олам омад.
Бодони дар айёми ҷавониаш дар Рум ба кори чопгарӣ машғул шуда буд. Соли 1768 вай ба Парма кўчид ва он ҷо аз ҷониби гертсоги Парма директори матбаа таъин гардид, ки зиёда аз 45 сол дар он кор кардааст.
Аз соли 1791 ӯ чопхонаи шахсии худро ташкил дод ва кӯшиш кард, ки лоиҳаи васеъмиқёси эҷоди ҳуруфҳоро барои ҳама забонҳои маъруфи ҷаҳон амалӣ созад. Бодони дар тамоми умри ноширии худ қариб 1000 китобро бо теъдоди хурд чоп кардааст. Аксар вақт онҳо барои сарварон пешбинӣ шуда буданд ва аз ин сабаб ӯро «подшоҳи ноширон ва ношири подшоҳон» меномиданд.
Бодони ошиқи зебоии одии ҳарфҳо буда, ба ғайр аз забонҳои лотинӣ, юнонӣ, арабӣ, ибрӣ ва русӣ 667 ҳарф тайёр кардааст. Дар охири умри худ, дар соли 1806, ӯ як китоби хеле калонҳаҷмро бо номи «Падари мо» нашр кард, ки дар он ин дуои хурд ба 155 забон ва ҳарфҳои гуногун чоп шудааст. Дар давоми ҳаёти худ ӯ ҳамчун барҷастатарин ношири Аврупо эътироф шудааст.
Бодони 29 ноябри соли 1813 дар Парма вафот кард.
Завҷаи ӯ Маргерита дел‘Ало соли 1818 нусхаи охирини асари асосии Бодони «Дастури нашриёт» (Manuale tipografico)-ро нашр кард, ки аз ду ҷилд иборат бада, ба ҳокими нави Парма, гертсогиня Мария Луиза бахшида шудааст.
Бодонӣ тамоми умри худро комилан ба кори нашриёт фидо кардааст, айни замон ҳуруфҳои Бодонӣ аз беҳтаринҳо дар таърихи чоп ҳастанд.
Соли 1804 нависанда, мунаққид ва рӯзноманигори фаронсавӣ Жюл Габриел Жанин ба дунё омад. Вай дар Сент-Этен дар оилаи ҳуқуқшинос ба воя расидааст. Дар Порис литсейи бонуфузи Людовики Бузургро хатм карда, аз соли 1825 вай дар маҷаллаҳои хурд мақолаҳо нашр мекунад. Нависанда аз соли 1826 ба ҳайси рўзноманигори сиёсӣ бо рӯзномаи «Le Figaro» ҳамкорӣ мекард.
Аксари фелетонҳои драмавии Жюл Жанин дар асари шашҷилдаи «Таърихи адабиёти драмавӣ» (Порис, 1853-1858) гирд оварда шудаанд. Илова бар ин, ӯ муаллифи романҳои «Хари мурда ва зани маҳкум ба қатл» (1829), «Иқрор» (1830), романҳои таърихии «Барнав» (1831. Дар бораи Людовик XVI, Мари Антуанетта ва Мирабо) ва «Роҳиба аз Тулуза» (1850), силсилаи «Повестҳои тахайюлӣ» (1832) ба шумор меравад.
Ба шеъри «Суруди роҳи оҳан» – ӯ Гектор Берлиоз (1845) оҳанг бастааст. Китоби «Охири дунё ва поёни «Ҷияни Рамо» (1861) идомаи асари машҳури Дидро буда, зиндагии аслии ҷомеаи Фаронсаро дар асри XVIII тасвир мекунад. Машҳуртарин асарҳои Жанин дар моҳи апрели соли 1829 нашр шуда буданд.
А.С.Пушкин ба Жанин ҳамчун намояндаи «романтизми шадид» мароқ зоҳир намудааст. Китоби романи «Хари мурда ва зани маҳкум ба қатл» дар китобхонаи ў мавҷуд буд, Пушкин дар нома ба малика В.Ф.Вяземская (апрели 1830) ба ин асар баҳои баланд дода, онро «яке аз асарҳои намоёни муосир» номидааст. Дар баробари ин бояд қайд кард, ки роман он вақт беном нашр шуда буд ва Пушкин дар нома қайд кардааст ки: «Ин асарро ба Гюго нисбат медиҳанд».
Муҳаққиқони муосир таъсири Жанинро дар асарҳои Пушкин «Маликаи карамашшоқ» ва достони нотамомаш «Мо шомро дар боғ гузаронидем» мебинанд.
Жюл Габриэл Жанин 19 июни соли 1874 дар Порис вафот кард.
Соли 1831 дар деҳаи Гороховои ноҳияи Орёл нависандаи рус Николай Лесков чашм ба олами ҳастӣ кушод.
Николай Лесков дар оилаи муфаттиш ва духтари ашрофзодаи бенавошуда тарбия гирифтааст. Онҳо панҷ фарзанд доштанд, Николай фарзанди калонӣ буд. Нависанда давраи бачагии худро дар шаҳри Орёл гузарондааст. Баъди аз кор рафтани падар оила аз Орел ба деҳаи Панино кўчид. Дар ин ҷо омўзиш ва дониши Лесков дар бораи халқ оғоз ёфт.
Дар соли 1841, дар синни 10-солагӣ Лесков ба гимназияи Орёл дохил шуд. Омӯзиши нависандаи оянда натиҷа надод – дар 5 сол ӯ танҳо 2 синфро хатм кард. Дар соли 1847, Лесков, ба кӯмаки дӯстони падараш, дар коллегияи ҷиноии Орёл ҳамчун корманди дафтардорӣ ба кор даромад. Дар синни шонздаҳсолагӣ рӯйдоди фоҷиаборе рух дод – падараш аз бемории вабо вафот кард ва тамоми амволи оила дар оташ сӯзонда шуд.
Соли 1860 оғози роҳи эҷодии Лесков ҳамчун нависанда ҳисобида мешавад; дар айни замон ӯ дар маҷаллаҳои гуногун мақолаҳо нашр мекунад. Пас аз шаш моҳ ӯ бо нияти машғул шудан ба фаъолияти адабӣ ва рӯзноманигорӣ ба Санкт-Петербург меравад.
Дар соли 1862 Лесков дар рўзномаи «Занбури шимолӣ» ба мухбири доимӣ табдил ёфт ва дар ин муддат ба Украинаи Ғарбӣ, Чехия ва Полша сафар кардааст. Ҳаёти халқҳои славянии ғарбӣ ба ӯ наздик буд, бинобар ин ӯ ба омӯзиши фарҳанг ва тарзи зиндагии онҳо машғул шуд. Соли 1863 Лесков ба Русия баргашт.
Лесков ҳаёти халқи русро муддати дароз омўхт ва ба ғаму эҳтиёҷоти онҳо ҳамдардӣ карда, дар ин мавзуъ повесту ҳикояҳо менависад: «Кори нотамом» (1862), «Ҳаёти як зан» ва «Баррабарзагов» (1863), «Хонум Макбети аз истгоҳи Мтсенск» (1865).
Нависанда дар романҳои «Нокуҷо» (1864), «Гузаштагон» (1865), «Дар рўйи теғ» (1870) мавзуи ба инқилоб тайёр набудани Русияро тасвир кардааст. Максим Горкий гуфта буд: «…пас аз романи бадеӣ «Дар рўйи теғ» эҷодиёти адабии Лесков дарҳол дурахшон гашт – ў барои Русия тасвири шахсони муқаддасу одамони одили онро эҷод мекунад».
Азбаски нависанда бо демократҳои инқилобӣ ихтилоф дошт, бисёр маҷаллаҳо аз нашри асарҳои ӯ даст кашиданд. Ягона нафаре, ки осори ӯро нашр кардааст, Михаил Катков, муҳаррири маҷаллаи русии «Русский вестник» буд. Бо ӯ кор кардан барои Лесков бениҳоят душвор буд: муҳаррир қариб ҳамаи асарҳои нависандаро таҳрир мекард ва аз нашри баъзеи онҳо худдорӣ мекард.
Дар солҳои 1870-1880 романҳои «Одамони маҷлис» (1872) ва «Оилаи бенаво»-ро (1874) эҷод кард, ки дар онҳо мушкилоти миллӣ ва таърихиро ошкор кардааст. Романи «Оилаи бенаво»-ро Лесков аз сабаби ихтилофот бо ношир Катков ба охир нарасонд. Дар он давра ӯ инчунин якчанд ҳикояҳо навишт: «Одамони ҷазира» (1866), «Ғариби сеҳрудшуда» (1873), «Фариштаи мӯҳрдор» (1873). Хушбахтона, «Фариштаи мӯҳрдор»-ро Михаил Катков таҳрир накардааст.
Дар соли 1881 Лесков «Чапдаст»-ро навишт, ки ба асоси ривояти такмилёфта дар бораи силоҳсозон эҷод шудааст.
Повести «Ҷаримаи харгўш» (1894) охирин асари бузурги нависанда буд. Дар он Лесков низоми сиёсии он замонаи Русияро танқид кардааст. Повест танҳо баъди Инқилоби Октябри соли 1917 нашр шуд.
Лев Толстой дар бораи Николай Семёнович Лесков ҳамчун «рустарин нависандагони мо» сухан меронд, Антон Чехов, инчунин Иван Тургенев ўро яке аз устодони асосии худ медонистанд.
Панҷ соли охири ҳаёташ Лесков аз нафастангӣ (астма) азоб мекашид, ки баъдтар 21 феврали (5 марти) соли 1895 дар Петербург вафот кард.
Соли 1884 дар Эквадор аввалин рӯзномаи ҳаррӯза «Telegrafo» таъсис дода шуд.
Соли 1907 дар Болония шоири итолиёвӣ, маъруфтарин шоири Италия дар асри XIX ва барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 1906 Ҷозуэ Кардуччи дар синни 71-солагӣ даргузашт.
Ҷозуэ Кардуччи 27 июли соли 1835 дар Тоскана дар оилаи табиби миллатгаро, ба дунё омадааст. Падар ба писараш забони лотинӣ меомӯхт ва дар тарбияи ў сахтгир буд, аммо бо сабаби хулқи бади падар аксар вақт оила аз як ҷо ба ҷои дигар мекӯчад.
Дар соли 1849, оилаи шоир дар Флоренсия ба сар мебурд ва Ҷозуэ ба мактаб рафт ва имтиҳонҳоро бомуваффақият супорид.
Ҳанўз дар мактаб ба адабиёт шавқу рағбат пайдо мекунад ва шеърҳои аввалини худро менависад. Дар баробари ин порчае аз «Илиада»-ро тарҷума мекунад, ки дар натиҷа ба ҳаҷв ҳам шавқманд мешавад.
Дар соли 1851, оила боз кӯчид ва дар Челле монд ва дар он вақт Ҷозуэ достонҳои динӣ эҷод мекард.
Дар соли 1853, Ҷосуэ стипендия ва имкони таҳсил дар мактаби миёнаи Пизаро гирифт. Аммо пас аз як сол, Кардуччи аз роҳҳои таълим ва муаллимон ноумед шуд ва ягона тасаллои ӯ маҳфили адабии мактаб ба шумор мерафт.
Дар соли 1854 падараш вазифаи баланди тиббии худро аз даст дод ва ба сифати ҷарроҳи оддӣ даромади рўзгорро пеш гирифт. Кардуччи барои таъминоти худ ва оилааш аввалин маҷмуаашро бо номи «Уди халқӣ» нашр кард, ки дар он шеърҳои ватандўстонаро гирд овардааст.
Маҷмуа соли 1855 аз чоп баромад ва боиси ҳамовозии хонандагон гардид. Пас аз хатми мактаб, Кардуччи аввал дар гимназия ба ҳайси муаллим кор мекард, аммо ба сабаби хислати бади падараш ин ҷойро тарк карда, ба Флоренсия кӯчид.
Дар он ҷо соли 1857 маҷмуаи ашъори худро бо номи «Қофияҳо» ба табъ расонд, соли 1880 бошад, ашъораш бо номи «Шеърҳои ҷавонӣ» ба табъ мерасад.
Соли 1865 достони ҷанҷолии «Ба Иблис»-ро нашр кард ва баъди як сол вакили парлумон шуд.
Вай дар соли 1878 ба навиштани асари азими сеҷилдаи «Қасидаҳои барбарӣ» шуруъ намуда, ҷилди якуми онро нашр кард. Соли 1889 ин корро ба охир расонд ва ду сол пештар китоби «Шеърҳои нав»-ро аз чоп баровард.
Соли 1871 ӯ «Осон ва ҷиддӣ», соли 1899 «Қофияҳо ва усулҳо»-ро нашр кард.
Кардуччи дар охири умраш маълуму машҳур гардид ва ҳамчун шоири халқии кишвар эътироф шуд.
Соли 1890 ӯ сенатор таъин гардид ва дар соли 1906 Ҷоизаи Нобелро дар бахши адабиёт соҳиб шуд, ки ба сабаби вазъи бади саломатӣ шахсан натавонистааст онро бигирад. Дар тамоми умраш 30 ҷилд асар эҷод кардааст, ки аз онҳо 4-тоаш шеър аст.
Шоир 16 феврали соли 1907 вафот кард.
Соли 1934 дар Маскав шоир, тарҷумон ва намоишноманависи шӯравии рус Эдуард Багритский дар синни 38-солагӣ бар асари бемории сил аз олам гузашт.
Эдуард Багритский 3 ноябри соли 1895 дар Одесса таваллуд шудааст.
Соли 1918 дар ҳайати қушунҳои рус дар фронти Форс ҷангида, аз соли 1919 чанговари ихтиёрии отряди махсуси партизании ба номи Кумитаи Иҷроияи Марказии Умумирусиягии назди Армияи якуми савораи С.М.Будённий буд. Баъдан Багритский шеърҳои ташвиқотӣ, муроҷиатномаҳо, варақаҳо менавишт.
Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ба Одесса баргашт ва дар рӯзномаҳои «Облава», «Яблочко», «Перо в бок» ҳамкорӣ мекунад. Дар абёти лирикӣ ва достонҳои он замон «Шикорчии парранда», «ТилУленшпигел», «Майхона», «Тарбуз» ва ғайра қаҳрамонони озодидўст ва далерро васф кардааст.
Соли 1925 дӯсти деринаи Багритский В.П.Катаев ӯро ба Маскав даъват кард ва шоир дар маҳфилҳои адабии Маскав бо ҳама ба зудӣ ошно гашт.
Соли 1926 шеъри Багритский «Андеша дар бораи Опанас» дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ дар Украина чоп шуд. Мавзўи он – тақдири деҳқон буд, шеър дар зери таъсири эҷодиёти Т. Г. Шевченко навишта шудааст. Шоир соли 1928 маҷмуаи ашъори «Ҷанубу Ғарб» ва соли 1932 маҷмуаи ашъори «Ғолибон»-ро аз чоп баровард. Шеърҳо бо илҳоми бунёди дунёи нав фаро гирифта шудаанд.
Багритский бечунучаро шоири шўравӣ буда, арзишҳои инқилобиро тараннум мекунад, «тангназарӣ», дин ва тарзи куҳнаи зиндагиро инкор мекунад. Аммо исёни ў амр не, балки самимона аст. Қаҳрамони Багритский ҳамеша шахсияти тавоно аст; шоир бо эҳсосот менависад, ҷаҳон дар ашъораш ба таври аниқ, нафсонӣ, тавсифаш бой ва гуногунранг мебошанд.
Дар маҷмуаи «Шаби охир» (1932) достони машҳури «Марги пионер», инчунин достонҳои «Шаби охирин» ва «Одами наздики шаҳр» дохил карда шудаанд. Багритский ҳамчунин тарҷумонӣ ҳам кардааст –ҳамроҳи Николай Дементев аввалин бор ашъори нависанда ва шоири турк Нозим Ҳикматро ба забони русӣ тарҷума кардааст.
Соли 1936 дар деҳаи Риваки ноҳияи Шуғнони ВМКБ шоири маъруфи тоҷик Салимшо Ҳалимшо дида ба олам кушод. Соли 1960 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ба ҳайси ходими адабӣ ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (1960-1981), мудири шуъбаи назм ва муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (1982-1989), муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайванд» (1989-1991) ва мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.
Аз нимаи дувуми солҳои 60-уми асри мозӣ вориди майдони адабиёт гардида, бо нахустин маҷмӯаҳои ашъораш «Роҳи қуллаҳо» (1965) ва «Киштии Инқилоб» (1960) сазовори истиқболи гарми хонандагон шудааст.
Ашъори дар маҷмӯаҳои «Имзои Ленин» (1975), «Оинаи виҷдон» (1983), «Бурҷи Инсон» (1986), «Ҳафт хони Бадахшон» (1989), «Хонаи Офтоб» (2003), «Оби шаҳд» (2003), «Зодагони ҳафт тӯфон» (2006) интишор ёфта, драмаи «Кабутарони сафед» ва ғайра шоир лавҳаю лаҳзаҳои рангину пурифтихореро аз озодманишиву некандешӣ, меҳанпарастию башардӯстӣ, давлатсолорию ватандорӣ, покизарӯзгорию ҷавонмардии ниёконамон ҷилвагар месозанд ва хонандаро аз ҳиммати баланду таҷрибаи рӯзгори шарафманди эшон бархурдору баҳрабардор менамояд.
Намунаҳое аз ашъораш ба забонҳои украинӣ, русӣ, литвонӣ, озарӣ, чехӣ ва ғ. тарҷума ва чоп шуда, худаш намунаҳоеро аз осори адибони ҷаҳон ба тоҷикӣ гардондааст.
Хидматҳояш бо Ифтихорномаи Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон, унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1998) ва ордени «Дӯстӣ» (1997) қадршиносӣ ёфтаанд.
Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
15 июни соли 2021 дар синни 85-солагӣ аз олам даргузашт.
Таҳияи
Сафаргул ҲУСЕЙНОВА