Як шоми зебо дар театр. Кормандони Китобхонаи миллӣ ба тамошои намоиши “Занги бемаҳал” рафтанд
Дирўз кормандони Китобхонаи миллӣ ба тамошои намоиши «Занги бемаҳал» , ки дар театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ баргузор гардид, рафтанд.
Намоишнома, ки ба Рўзи оила бахшида шуда буд, аз рўи драмаи адиби маъруф Ато Ҳамдам дар коргардонии Баҳром Қурбонзода таҳия шудааст.
Ба андешаи масъулони театр ин намоиш нав набуда, баъди таваққуфи ҳаштсола дубора рӯи саҳна оварда шуд.
Мавзӯи намоишнома ҳаёти оилавист, мушкилоти рӯзгор ва таҳаммули хонаводаҳо, бархурдҳои мутафовит ба мушкилот, ки қаҳрамонони асар пушти сар мегузоранд.
Гуфтанист, ки ин намоиш рўзи 18-уми май, соати 14:00 низ пешкаши бинандаҳо мегардад.
Кормандони Китобхонаи миллӣ бори аввал нест, ки ба дидани намоишномаҳо ба театрҳо мераванд. Қаблан низ ҳайати кормандони китобхона намоиши «Исандиёр»-ро дар театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов тамошо карда буданд.
Раҳима АЗАМ, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.