Зариф Ғулом. Дидори ғоибона. Порча аз китоби нави адиб
Дар утоқи кории сармуҳаррири ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» нишаста будам. Дар боз шуду адиби русзабони тоҷик Темур Зулфиқоров бо чеҳраи болида ва лаби пурханда ворид гардид.
Ман кайҳо боз орзуи бо ин адиби шуҳратманд шинос шуданро дар дил мепарваридам.
-Нависандаи моҷаронависи мо Зариф Ғулом, – муаррифӣ кард маро сармуҳаррири рўзнома. – Дар пайравӣ ба адиби номдори рўс Лев Романович Шейнин қиссаву ҳикоя менависад.
– Аз дидоратон шодам, – даст барои вохўрӣ дароз кард Темур Зулфиқоров.
-Афсўс, ки тарҷумаи асарҳо бо забони русӣ ба таври дилхоҳ ба роҳ монда нашудааст, то ки ба эҷодиёти шумо аз наздик шинос шавам. Аммо медонед ман бо Лев Романович замоне якҷоя кор кардаам…
Ман бо ҳайрат ба Темур Қосимович нигаристам. Бори аввал бо шахсе вохўрдам, ки нависадаи дўстдоштаи маро аз наздик мешинохтаасту бо ў ҳамкор низ будааст.
Албатта, хонандаи огоҳ ба муаррифии Л.Р.Шейнин ниёз надорад. Ба ҳар ҳол хотирнишон месозем, ки вай ҳуқуқшинос, носир, драматург ва филмноманависи шинохта, муаллифи як қатор асарҳои ҷолиб аст, ки машҳуртаринашон бешак «Қайдҳои муфаттиш» мебошад. Барои ин асар нависанда ба мукофоти давлатӣ мушарраф гардида буд.
Зиндагии Лев Романович чандон тўлонӣ набудааст – ҳамагӣ 60 сол, аммо низ мамлўъ аз рўйдодҳои муҳимми давр. Соли 1945 ў дар трибунали байналмилалии Нюрнберг, ки саркардагони фашизми гитлериро маҳкум намуданд, ба ҳайси ёвари айбдоркунандаи асосӣ аз ҷониби шўравӣ Р.А. Руденко иштирок менамояд. Қаблан дар тафтишоти куштори пурмуаммои С.М.Киров низ саҳм гирифта буд. Баъд аз он ки фаъолияташ дар Прокуратураи генералӣ қатъ гардид, корашро дар маҷаллаи «Знамя», сипас чун сармуҳаррир дар киностудияи «Мосфилм» идома дод ва пайваста эҷод мекард. Маълум мешавад, ки шиносоии Зулфиқоров бо ў дар ҳамон давра ба вуқўъ пайвастааст.
Ҳамчунин аз хотираҳои худи Л.Шейнин ман медонистам, ки дар айёми ҷавонӣ ў ҳуқуқшиноси номдори охири асри Х1Х ва аввали асри ХХ Россия, академик, муаллифи ёддоштҳои «Дар шоҳроҳи ҳаёт» Анатолий Фёдорович Кониро дида, аз суҳбатҳояш баҳравар шудааст. Кони бо Лев Толстой, Федор Достоевский, Иван Сергеевич Тургенев, М.Г.Савина ва дигар адибони маъруф муносибати дўстона доштааст. Зимнан, мавзўи романи оламшумули «Эҳё»-ро ба Л.Толстой Кони пешниҳод кардааст. Ба гуфтаи Л.Шейнин сабақи асосии гирифтааш аз пири доно Кони ин будааст, ки муфаттиш ба ҷинояткор набояд бо қароҳат нигарад, зеро ў низ инсон, аз зиндагӣ умед дорад, шояд ба сабаби аз вай новобаста дар ҳаёт пешпо хўрдааст, гумроҳ шудааст, вале агар ба ў чун ба инсон муомила кунӣ, дилшикаста нагардонӣ, шояд тавба кунаду ба роҳи дуруст баргардад. Ҳамин руҳия, бовар ба инсон дар ҳамаи ҳикоёти «Қайдҳои муфаттиш» эҳсос мешавад. Аксари ҳикоёти ў заминаи воқеӣ доранд. Бардошти асосие, ки ман аз мутолиаи «Қайдњои муфаттиш» гирифтам ин аст: муаллиф гўё гуфтан мехоҳад, ки ҷинояткор ҳам одам аст, одамӣ бошад, гоҳҳо пешпо мехўрад ва ўро бояд водор кард, ки пушаймон шаваду бо роҳи дурусти зиндагӣ баргардад. Дар дили одамони аз по фитода барафрўхтани шўълаи умедро Лев Романович аз мураббии маънавии худ-ҳуқуқшиноси шуҳратёр Анатолий Федорович Кони омўхтааст. Бинобар ин ман бисёр мехоҳам, ки ин китобро ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судяҳо ақалан як бор хонад.
Аз Зулфиқоров бо истиҳола дар бораи зиндагӣ ва хислатҳои адиби дустдоштаам пурсидам.
Темур Зулфиқоров андак ба андеша рафт.
-Соли 1950 пас аз ба нафақа баромаданаш аз Прокуратураи генералии Иттиҳоди Шўравӣ Лев Романович пурра ба фаъолияти адабӣ гузашт ва ба киностудияи машҳури «Мосфилм» ба кор омад. Охирҳои солҳои 60-уми қарни гузашта маро баъди хатми Институти адабии ба номи М.Горкий ба ҳамин даргоҳ ба кор фиристоданд. Акнун ҳаяҷони маро худ тасаввур кунед. Ман, ҷавони 22-23 сола бо нависандаи машҳури замон дар як утоқи корӣ паҳлуи ҳамдигар нишаста, кор мекунем. Ман куҷою Лев Романовичи номдору овозадор куҷо?
Дар рўзҳои авал гумон мекардам, ки бо ин адиби маъруф якҷоя кор кардан то ҷое осон набошад. Медонистам , ки ў тамоми умри бобаракати хешро дар тафтишот гузаронидааст, бо ҷинояткорони ашаддӣ сару кор дошта, гиреҳи ҷиноятҳои мудҳишро кушодааст, ба муқобили қотилон, ришвахўрон, таҷовузкорон, ҳаннотону қаллобон муборизаи беамон бурдааст.
Вале бадтар ҳама гумону шубҳа ва ваҳму ҳароси ман гум шуд. Ин марди зиндадилу нуронӣ, ки ҳамеша ба кор бо либоси озода меомад, ниҳоят ҳалиму хоксор, меҳрубону заминӣ будааст. Ў бо ман на ҳамчун роҳбару сардор, балки чун падар ва устоди ғамхор муомила менамуд ва аз ибтидо байни мо муносибати дўстона ва некхоҳона ба миён омад.
Темур Зулфиқоров дар ин ҷои нақли худ қадре таваққуф намуд. Ҳис мекардам, ки ба ёд овардани хотираҳо дар бораи ин адиби моҷаронавис ба ў чи қадар кайфияти руҳӣ мебахшад. Вай даст ба риши мошу биринҷиаш бурда, пас аз лаҳзае бо ҳамон табассуми ба худаш зебанда қиссаашро давом дод.
– Лев Романович хислатҳои неки инсонӣ дошт. Ҳеҷ гоҳ овозашро баланд намекард. Орому ботамкин роҳи ҳалли масъалаю муаммоҳоро мефаҳмонд. Одати дигараш он буд, ки ҳамсуҳбатро бо диққат, пурсаброна ва то охир гўш мекард. Эҳтимол ин хислат дар давоми солҳои тўлонии муфаттишӣ дар ў пайдо шуда буд. Ҳеҷ гоҳ гапи ҳамсуҳбатро намебурид. Ҳамин ки ҳамсуҳбаташ суханашро ба охир мерасонд, пасон маслиҳатҳои муфид, аниқ ва дақиқ медод. Ба касе ақидаашро маҷбуран бор намекард.
Аз он давра боз як ҳодисаи ҷолибро ёдовар шудан мехоҳам, ки он дар хотираҳои Антонина Дмитриевна Коптяева зикр ёфтааст. Романи Коптяева «Иван Иванович», ки ба фаъолияти фидокоронаи табибон бахшида шудааст ва баъдтар ба мукофоти олии давлатӣ сазовор гардид, дар ибтидо ба интиқоди шадид дучор омад. Маҳз дар ҳамон айём Лев Романович аз тариқи телефони ҳукуматӣ ба идеологи рақами яки мамлакат, котиб КМ ҲКИШ М.А. Суслов занг зада, хоҳиш намудааст, ки аз асари воқеан ҷолиби Коптяева дифоъ намояд. Чунин иқдом фақат аз дарёдилию ҷасоратмандии ў низ шаҳодат медиҳад.
Мо сенарияҳои ба студияи «Мосфилм» воридгардидаро ҳамроҳ мавриди омўзишу таҳлил қарор дода, пас аз муҳокимаи ҳамаҷониба барои навор гирифтан пешниҳод менамудем. Маҳз дар ҳамин давра бо шарофати заҳматҳои Лев Романович студияи «Мосфилм» як қатор филмҳои ҳунарии ҷолибро офарид.
Ман аз он шодам ва ҳам мефахрам, ки маҳз бо ҳидояти ин марди ҳунар ба касби душвори филмноманависӣ даст задам…
Темур Қосимович боз хомўширо ихтиёр кард. Ман давоми нақли бароям мароқангези адибро бетоқатона интизор будам.
-Аз он солҳои бароям хотирмон зиёда аз 60 сол гузашт бошад ҳам, аммо ёди ин адиби некном дар қалби ман ҳамеша зинда аст. Дўстам, адабиёт вежагиҳои худро дорад. Гарчанде бо пайраҳаи Лев Романович нарафта бошад ҳам, аммо панду насиҳатҳояшро доимо дар гўшаи хотирам ҳифз намудаам. Ва ба шумо, ҳамкасби азиз, ки эҷодиёти ин нависандаи шуҳратёрро боис ба пайравӣ медонед, як маслиҳати дўстона медиҳад. Ба асарҳои шавқовару хонданбоб пайрави ин нависанда буданатонро исбот кунед.
Т.Зулфиқоров худоҳофизӣ карда рафту ман дар банди хаёл мондам. Шояд зери таъсири хотираҳои ў бошад, ки ман Лев Романович Шейнинро гўё зинда, рў ба рўям медидам. Гўё дар бараш нишаста, аз маслиҳатҳои судманд ва ҳикояҳои сабақомўзи ин устоди бароям маънавӣ баҳравар мешудам. Ин дидори ғоибона бароям боз як мактаби эҷодӣ гардид.
****** ***** ******
Китоби “Ҳақиқати талх”-ро, ки ин як пора хотираи адиби шиноха Зариф Ғулом аз он иқтибос шуд, метавонед аз дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Шарофат МИРЗОЕВА.