Зодрӯзи Нуруллоҳи Абдуллоҳ. Ҳунарпешае, ки маҳбуби халқ аст
Дар бораи Нуруллоҳи Абдуллоҳ сухан гуфтан шояд чандон мушкил набошад. Зеро замоне аз чеҳраҳое буд, ки ҳаддиақал ҳар ҳафта дар телевизион бо барномаи басо диданиву ҷолиби “Беғараз панд” ҳувайдо мешуд. Ва мардум ба ҳарфаш ва ба насиҳатҳояш бовар мекунанд, чун суханаш саропо аз ҳикмат аст, ҳар саҳнаи пешниҳодиро шарҳи хубе медиҳад.
Аммо ӯ танҳо насиҳатгӯи саҳнаҳои “Беғараз панд” нест, балки ҳунармандест, ки миёни мардум эътирофшуда. Даҳҳо нақшаш дар саҳнаи театру синамо мондагор шуда. Гузашта аз ин дромнависи чирадастест, ки асарҳояш дар хориҷ аз кишвар ҳам харидор доранд.
Нуруллоҳи Абдуллоҳ 6 ноябри соли 1948, дар деҳаи Лучоби ноҳияи Варзоб ба дунё омадааст. Актёр ва драматург, Ҳурарпешаи халқии Тоҷикистон соли (2005). Хатмкардаи шўъбаи актёрии Донишкадаи ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода соли (1975).
Фаъолияти кориаш ҳанўз ҳангоми донишҷўй ба сифати коргари саҳна дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ шурўъ шуда, аз соли 1975 чун актёр ва режиссёр дар театри номбурда фаъолият менамояд.
Нуруллоҳи Абдуллоҳ маҳорати баланди ҳунарӣ дорад, ҷаҳони ботинии қаҳрамононашро хуб дарк мекунад ва амиқ мекушояд. Дар саҳнаи театр беш аз 150 нақш бозидааст. Нақшҳои беҳтаринаш дар театр: Муфаттиш («Бадқасд»-и А. Чехов), Аврангзеб («Зебуннисо»-и М. Шералӣ ва Ш. Қиёмов), Ноиби қозикалон («Алломаи Адҳам ва дигарон»-и С. Улуғзода), Леонидик («Марати бечораи ман»-и А. Арбузов), Гратсио («Ҳамлет»-и У. Шекспир), Шокиров («Раъно»-и Н. Исломов), Абдулло («Қиёми Лоҳутӣ»-и А. Атобоев), Вахтанг Мебуке («Вақте ки шаҳр хуфта буд»-и А. Чхаидзе), Креонт («Шоҳ Эдип»-и Софокл), Моҳрўй («Ғуруби Аҷам»-и Ҷ. Қуддус), Амир Наср («Шоҳ Исмоили Сомонӣ»-и М. Бахтӣ), А. Раҳимбоев («Драмаи миллат»-и С. Аюбӣ) ва ғайраҳо.
Дар театри драмаи русии ба номи В. Маяковский низ як силсила нақшҳо бозидааст. Ҳамчун актёри кино истеъдодаш дар бисёр филмҳои бадеи тоҷикӣ, аз қабили «Тирпаронӣ дар ағба», «Дом барои шағолон», «Духтарони Суғдиён», «Нахи нуқратоб», «Марди роҳ» ва ғайраҳо зуҳур кардааст. Дар киностудияҳои ИДМ ва Эрон низ нақшҳо офаридааст.
Нуруллоҳи Абдуллоҳ дар филмҳои телевизионии тоҷикии «Тақвими интизорӣ», «Зистан мехоҳад», «Оғози умри ҷовид», «Ҷомӣ ва Навоӣ», «Дар орзўи падар» ва ғайраҳо нақшҳои хотирмон иҷро кардааст.
Муаллифи асарҳои калонҳаҷми драмавии «Кўҳистонӣ», «Афсонаҳои мўйсафед», «Ҷеғ зан Искандарата», «Хонадомод», «Куҷо равонем?», «Шикасти умед», «Ҷанҷоли сари пода» ва ғайраҳо мебошад. Пйесаҳояш на танҳо дар театрҳои ҷумҳурӣ, балки дар театрҳои шаҳрҳои Москав, Налчик, Хабаровски Федератсияи Русия, Токио ба саҳна гузошта шудаанд. Як қатор пйесаҳои калонҳаҷми адибони хориҷиро ба тоҷикӣ гардондааст.
Аз соли 1994 узви ИН Тоҷикистон мебошад.
Бо ордени «Дўстӣ» сарфароз гардидааст.
Муаллиф Ё. Назармамадов:
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ.1. – С. 30.
Аз Нуруллоҳи Абдуллоҳ ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ бихонед:
Кўргиреҳ. – Душанбе, 2001. – 192 с.
Аз партави илоҳиёт бар дафтари эҷодиёт. – Душанбе: Исмоили Сомонӣ, 2005. – 96 с.
21 танзи қарни 21. – Душанбе, 2010.
Дар бораи Нуруллоҳи Абдуллоҳ
Салимов, Ш. Аз хусуси дирўзу фардо: Роҷеъ ба кинои советии тоҷик ва дар бораи артисти бомаҳорати театр ва кино Н. Абдуллоев // Ҳақиқати Ўзбекистон. –1989. – 26 август.
Гаҷиева, А. Пайсипаре дар роҳи эҷодӣ: Дар бораи актёри театри Лоҳутӣ Н. Абдуллоев // Паёми Душанбе. – 1990. – 5 декабр.
Ҳоҷиева, А. Гап дар эътирофи мардум: Дар бораи ҳунарпешаи театри ба номи Лоҳутӣ Н. Абдуллоев // Адабиёт ва санъат. – 1992. – 18 июн.
Абдуҷабборов, А. Ҳар дам ба реги шишаи соат нигоҳ кун: Дар бораи актёри шинохтаи театри ба номи Лоҳутӣ Н. Абдуллоев // Паёми Душанбе. – 1994. – 18 июн.
Драматург ба пушти қаҳрамонҳо ворид мешавад..: Мусоҳибаи Б. Қодирдухт бо ҳунарпешаи театр Н. Абдуллоев // Чархи гардун. – 2004. – 21 май.
Абдулқайсов, Ш. Талоши ҳастӣ: Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Н. Абдуллоев // Садои мардум. – 2004. – 20 май.
Имруз ҳунари касро маблағ муайян мекунад, замони шўравӣ бошад одамони бузургро қадр мекарданд: Мусоҳибаи Н. Туйчизода бо ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Н. Абдуллоев ба муносибати 60-солагии // Чархи гардун. – 2008. – 6 ноябр.
Баёнӣ, В. Театр ҳастии миллат аст: Бахшида ба зодрўзи нависанда ва драматург, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Н. Абдуллоев // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2013. – 31 октябр.
Шуъбаи библиографияи миллӣ