Зодрӯзи ҳунарманде, ки се сол аст бо мо нест

ИстадойИстадой Мамадҷонова агар зинда мебуд, имрӯз ба синни 71 қадам мегузошт. Дардеву дареғо, ки ин ҳунарманди нотакрор се сол пеш олами моро тарк гуфт.

ИСТАДОЙ МАМАДҶОНОВА 21 феврали соли 1953 дар шаҳри Конибодом дар оилаи ҳунарманд Муҳаммадҷон Мавлонов ба дунё омад.  Артисткаи  Хизматнишондодаи  РСС Тоҷ. (1987).

Пас аз хатми  мактаби миёна (соли 1969) ба Театри  драмаи мусиқии ба номи Т. Фозиловаи шаҳри  Конибодом ба кор омада, то охири умр он ҷо кор мекард.

Вай бештар дар намоишномаҳои драмавӣ ва мазҳакавӣ нақшҳо офаридааст. Дар нахустин нақши ӯ Заррина  («Зафар ва  Заррина» – и С. Саидмуродов, 1969) истеъдод аш зоҳир гардид.

Беҳтарин  образҳои  офаридааш дар саҳнаи театр: Ҳалима («Ҳалима» -и  Ғ.Зафарӣ, 1976),  Хайрӣ   (« Эҳ ҷавонӣ» -и М. Бахтӣ, 1980), Нурхон («Нурхон « – и  К. Яшин, 1984), Духтари  судя ( «Бало   қоим  аст» – и Н. Ҳикмат, 1984), Моҳира («Духтари  ҷасур» -и Ш. Қиёмов, 1985),   Норгул («Ошўби  рўзгор» -и А. Сидқӣ, 1986), Зоя Владимировна («Шабе пас аз хатм»-и В.Тендряков, 1986), доя («Ромео ва Ҷулеттаи У. Шекспир, 1987) ва ғайра мебошад.

Истадой Муҳаммадҷонова  дар овозхонӣ  низ маҳорати комил дошт. Бештар асарҳои бастакорони тоҷик, ҳамчунин сурудҳои  классикиро месуруд.

Истадой Мамадҷонова 8 августи соли 2021, дар синни 68 солагӣ аз олам даргузаштааст

Салима ОДИНАЕВА,
корманди шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар