Зодрӯзи муаллифи шарҳи “Бӯстон” ва “Гулистон”-и Шайх Саъдӣ

obidi-shakurzodaРӯзноманигор, мутарҷим, пажӯҳишгар ва яке аз муваффақтарин муфассирони “Бӯстон” ва “Гулистон”-и Шайх Саъдии Шерозӣ, корманди Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи милии тоҷик Обид Шакурзода имрӯз ҷашни зодрӯз дорад. Матлаби зер нигоҳест ба роҳи тайкардаи ин донишманди  тоҷик аз рӯзноманигорӣ то беҳтарин пажӯҳишҳо дар олами забон ва адаби  тоҷик.

ОБИДИ ШАКУРЗОДА عابد شکورزاده (тав. 3.2. 1956, деҳаи Худигифи Сояи Кӯҳистони Масчо), аз хонаводаи кишоварз; рӯзноманигор, мутарҷим ва пажӯҳишгар. Таҳсилоти умумиро дар мактаби миёнаи 10-и ноҳияи Масчо гирифт. Хатмкардаи бахши рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1978). Солҳои 1978–84 омӯзгори фанни забону адабиёти тоҷик дар мактаби миёнаи 10-и ноҳияи Масчо (бо фосилаи як сол кори тарҷумонӣ аз сӯйи Кумитаи Марказии Созмони ҷавонони ИҶШС дар Афғонистон, сент. 1983 – окт. 1984). Муҳаррири Кумитаи родёву телевизиони Тоҷикистон (1985–89); муовини сардабири ҳафтаномаи «Ойинаи зиндагӣ» (1989–90), хабарнигори Хабаргузории Ҷумҳурии Исломии Эрон (ИРНО) дар Душанбе (1990–92), хабарнигори родиёи Озодӣ/Аврупои Озод дар ш. Прог (Чехистон, 1995–2001), муҳаррирри масъули нашрияи «Неруи сухан» (2004–06); котиби масъули Созмони мустақили «Рӯзноманигорони озод ва дифоъ аз ошкорбаёнӣ» (2006–10) ва аз соли 2011 муҳаррири пешбари Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик.

Дар шинохти адабиёту маърифати сухан худро пеш аз ҳама мадюни волидайни соҳибфазлаш мешуморад (пешгуфтори «Шарҳи «Гулистон»-и Саъдӣ» ва очерки «Қофилае дар бодияи маърифат»). Ба нигориш аз солҳои мактабӣ мароқ дошт ва солҳои донишҷӯӣ хабару гузоришу очеркҳояш дар матбуоти кишвар (нашрияи ноҳиявии «Машъал», нашрияҳои ҷумҳуриявии «Ҷавонони Тоҷикистон», «Тоҷикистони советӣ», «Маориф ва маданият» ва ғ.) ба нашр расидаанд. Солҳои кор дар телевизиони тоҷик барномаҳои вижаи «Оҳанги зиндагӣ», «Рангоранг», «Ҷаҳоннамо» (якҷо бо журналист Бобоҷон Икромов)-ро таҳийя карда буд, ки ғолибан ба таври зинда (аз нахустин таҷрибаҳои телевизони Тоҷикистон) пахш мешуданд. Ҳамзамон ба бозгардону таҳияи мутуни илмиву адабии классикӣ пардохтааст, аз ҷумла бори нахуст китоби «Қисасу-л-анбиё»-ро аз хатти форсӣ ба криллӣ баргардонида, бо пешгуфтор дар моҳномаи илмию адабии «Фарҳанг» ба чоп расонид.

Солҳои 1993–95 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Доиратулмаорифи адаби форсӣ (таҳти сарпарсатии доктор Ҳасани Анӯша) ҳамкорӣ намуда, пиромуни адабиёти форсии Мовароуннаҳр мақолаҳо ба табъ расонид. Дар ин муддат ду китоб – «Қуръон ва табиъат. Гузашта ва ояндаи ҷаҳон аз нигоҳи Қуръон» (навиштаи Беозори Шерозӣ) ва «Ҳиҷоб. Масоили Ҳиҷоб» (навиштаи Муртазо Муттаҳаррӣ)-ро ба криллӣ баргардонид, баъдан ин ду асар дар Теҳрон мунташир ва ба хонандагони тоҷик дастрас шуданд. Баргардони матни «Таъриху-р-русули ва-л-мулук»-и Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ ба ҳуруфи сириллик (ҷилди шашум, 2014) аз корҳои дигари Обиди Шакурзода дар ин замина аст.

Кори тарҷума аз дигар самтҳои фаъъолияти эҷодии Обиди Шакурзода аст, ки ҳанӯз дар айёми донишҷӯӣ ба он мароқ зоҳир кард ва аввалин тарҷумаҳояш дар нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и донишгоҳ чоп шудаанд. Соли 1991 китоби «Сайри олами шоҳмот» (муаллифон Ю. Авербах ва М. Сейлин, аз русӣ баргардони Обиди Шакурзода, интишороти «Адиб») мунташир шуд. Дигар асари тарҷумавии ӯ китоби «А. П. Чехов. Панҷоҳ ҳикоя» аст, ки зери унвони «Шоҳкорҳои адабиёти ҷаҳон» (2021), аз сӯи Маркази омӯзиш, таҳқиқ, тарҷума ва нашри адабиёти ҷаҳон ба табъ расид.

Обиди Шакурзода пиромуни забони форсии тоҷикӣ, масоили мубрами забон ва адабиёти форсӣ, муаррифии чеҳраҳои адабӣ, осори дурахшони адабу фарҳанги форсию ҷаҳон нақду баррасиҳо дорад, ки дар матбуоти Тоҷикистон чоп шудаанд. Аммо кори умдаи ӯ таснифи китоби «Шарҳи «Гулистон»-и Саъдӣ» аст, ки бори нахуст, соли 2014 чоп шуд (интишороти «Адиб»). Нашри дуюми ин китоб («Гулистони Саъдӣ, матни комил ва шарҳи он», 2017) бо таҳриру такмили нав, соли 2019 аз суи бунёди Боргоҳи Сухан сазовори ҷоизаи Китоби соли Тоҷикистон гашт ва ин асар соли 2021, бори сеюм, бо иловаи кашфу-л-абёт мунташир шуд. «Гулистони Саъдӣ, матни комил ва шарҳи он», бинобар баррасиҳои донишмандон, нахустин асарест, ки аз ҷониби Обиди Шакурзода ба таври мукаммал, бо шарҳу тавзеҳот ва бар пояи охирин шарҳҳои Саъдипажӯҳони маъруф ба хонандагони форсигӯйи Варорӯд пешкаш шудааст. «Бӯстон»-и Саъдӣ» («Саъдинома») бо шарҳи вожаҳову абёти душвор», аз дигар рисолаи таҳқиқию пажӯҳишии Обиди Шакурзода аст, ки муаллиф бо ирояи матни комил, шарҳи нахустини «Бӯстон»-и Саъдии Шерозиро дар Тоҷикистон бо сабки равону барои умум писандида таҳияву тадвин намудааст.

Китоби дигар – «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ», бо ҳуруфи форсию кириллӣ, ки ӯ таҳияи намуд, ба гунаи мусаввар ва коғази барроқ, соли 2020, аз сӯи Сарредаксияи илмии энсиклопедияи тоҷик ба чоп расид. Аз муаллифон ва мураттибони «Донишномаи забони тоҷикӣ» (чопи Душанбе, 2022) мебошад; дар таҳияву тадвини 11 ҷилди Энсиклопедияи миллии тоҷик (аз ҷилди якум то 11-ум) саҳм дорад, аз ҷумла муаллифи беш аз 500 мақола дар ҷилдҳои мухталифи Энсиклопедияи тоҷик аст. Рисолаи омӯзишии Шакурзода, зери унвони «Сайре дар қаламрави шатранҷ» дар имсол аз ҷониби Сарредаксияи илмии Энсиклопедии Тоҷик мунташир хоҳад шуд.

Ад.: Донишномаи адаби форсӣ. Осиёи Марказӣ. Теҳрон, 1998; «ГУЛИСТОН»-и Саъдӣ, матни комил ва шарҳи он. Ба кӯшиши Обиди Шакурзода. Д., 2017;

Рустам Абдуқодир. Сайре дар «Гулистон»-и бехазон. //Адабиёт ва санъат, №9 (20.2.2015).

Шакурзода О. «Бӯстон»-и Саъдӣ («Саъдинома»); бо шарҳи вожа ва абёти душвор», Д., 2021.