Таҷлили “Рӯзи Рӯдакӣ” дар Китобхонаи миллӣ

   Баъд аз зуҳри имрӯз, 18 - уми сентябр дар толори ошёнаи сеюми Китобхонаи миллӣ бо ибтикори шуъбаҳои тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз донишмандону пажӯҳишгарон зери унвони “Соҳибқирони шоирон Устод Рӯдакӣ” мизи мудаввар доир шуд, ки ба “Рӯзи Рӯдакӣ”  бахшида шуда буд.

Боздиди ширкаткунандагони Ҷаласаи XXХIV Шӯрои ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои узви ИДМ аз Китобхонаи миллӣ

   Субҳи имрӯз гурӯҳе аз ширкаткунандагони Ҷаласаи XXХIV Шӯрои ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Китобхонаи миллӣ дидан намуданд. Дар аввалин дидор бо Директори Китобхонаи миллӣ профессор Абдусалом Мирализода онҳо хостори тамошои ин боргоҳи маърифат шуданд.

   Меҳмонони олиқад ва намояндагони ИДМ аз 

Сояҳои Гарму пурмуҳаббати ҳамсояҳо

   “Ҳамсояҳо”-и Гулсифат Шаҳидӣ  як повести хеле хонданиест, ҳарчанд он ба сони ҳикояҳои ҷудогона корбаст шудааст. Вале ба назар мерасад муаллиф сарнавишти ҳамсояҳои қаҳрамони худро дар як маҳалли маҳдуд ба ҳам овардааст. Ва мутолиаи китоб он нуктаро дар зеҳн рушан мекунад, ки дар ҳамин як маҳалла драммаи басо тезутунди зиндагӣ мегузарад. Сарнавишти ҳар ҳамсоя ба сари худ хонданист ва ин сарнавишт дар тасвири адиб аз ҳам ҷудо нест.

    “Одамӣ  аз  замоне  ба тамаддун  расид, худро  ва Худоро  бишнохт, ба фарқу қадри  суду зиён ,неку  бад, сиёҳу  сафед  расид,аз олами  вуҳуш  гусаста, ба олами  инсонӣ  пайваст, ҳамеша ниёз ба

Маҳфили «Адибони наврас»

 Шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон пайи ҷалби наврасону кӯдакон ба мутолеаи китоб барои онҳое, ки имрӯзҳо вориди толори хониши ин Шуъба мешаванд, як сислсила чорабиниҳоро тарҳрезӣ кардаву ба роҳ меандозд.  Яке аз ин тадбирҳо дар ҳамкорӣ бо ТВ “Баҳористон” сабти барномаи «Адибони наврас» мебошад.

   Шумораи навбатии ин барнома бо ширкати адиби ширинбаёни кӯдакон, мудири шуъбаи кўдакони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Азизи Азиз сабт гардид. Ин аслан як маҳфилест, ки дар он эҷодиёти наврасону кӯдакон барарсӣ мешавад ва моҳе як м аротиба доир мегардад. 

90-мин солгарди кинои тоҷик : Филми «Духтари сеюм»

   Ин филм аз рўи повести маълуми Нависандаи халқии Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ «Духтари ҳамсоя» буда, сенарияшро  худи коргардон Анвар Тўраев навиштааст.    Филми «Духтари сеюм» (наворбардор А. Мансуров, бастакор Саид Ҳамроев) қиссаи қариб сисолаи ҳаёти як устокулолро таҳлил мекунад.

  Барои касони аз урфу одатҳои мардум Осиёи Марказӣ  хабардор аслан худи филм як маънии драмавӣ дорад.

    Қаҳрамони асосии филм – устокулоли Мухтор ба маънии ҳаёти нав нарасида, бартариҳои меҳнати муштараконаи артелро нафаҳмида, аз ҳамкасбону рафиқон ҷудоӣ варзида, маҳсули ҳунарашро ба бозор мекашад. Устои боҳунар розӣ нест, ки асрори нодири ҳунарашро ба ҷавонон ёд диҳад. Ягона орзуи ў писардоршавист, то дари асрори ниҳони ҳунарашро фақат ба писараш – вориси ному молу ҳунараш – бикушояд. 

   Норбибӣ, зани усто, дар ҳаёти умраш ду духтар ёфт. Акнун ба 

Духтари баҳор

   Аз гуле ба номи Хиромон, ки як баҳор оварду як баҳор буд, аммо накҳаташ монд дар баҳорон.

   Китобе, ки мехоҳем дар борааш нақл кунем, “Духтари баҳор” ном дорад, ки соли 2018 дар чопхонаи “Истиқбол” тоҷикиву русӣ ва бо ороиши хеле зебо чоп шудааст. Китоб аз ҳаёти хеле кўтоҳ, вале пурмазмуни духтараке бо номи Хиромон ҳикоят мекунад. Вай ҳамагӣ чаҳордаҳ сол умр дид, аммо дар ин умри кўтоҳ тавонист азизу  маҳбуб бошад. Ҳатто дар хориҷи кишвар – дар Аврупою, Амрико шахсоне ҳастанд, ки ўро медонанд ва ба заковати ў аҳсант мехонанд.

   Хиромон бо истеъдоди худододаш назаргоҳи дидаҳо гашт.

Страницы