“Давлат кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд”

​ Дирӯз қабл аз зӯҳр дар ошёнаи сеюм бо ташаббуси Маркази иттилооти ҳуқуқ ва шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба «Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон» таҳти унвони “Давлат кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд” доир гардид.

Муовини директори Китобхонаи миллии

Андар шинохти фазилатҳои Пешвои миллат

 Дар таърихи ҳар як миллат фарзонафарзандоне ҳастанд, ки баҳри истиқлолияту ваҳдат, эҳиёву рушди илму фарҳанг ҷоннисориҳо менамоянд, ки номашонро дар саҳфаҳои таърих бо хатти зарин сабт месозанд. Насли ояндаи он миллат корнамоиву шуҷоат, ҷонбозиву ҷоннисории онҳоро дар қиссаву ривоятҳо ба некӣ ёд мекунанд. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамин қабил 

Дохунда ва “Дохунда”-и Айнӣ

 Аксаран касоне, ки романи машҳури устод Айнӣ «Дохунда»-ро хондаанд, шояд надонанд, ки калимаи “дохунда” чӣ маъно дорад. Дохунда, калимаи мураккаб, ки аз калимаҳои тоҷикии «додар» ва «хонда» («додархонда») таркиб ёфтааст. Дар байни қисме кўҳистониёни ҷануби Тоҷикистон (Вахё, Ховалинг, Муъминобод, Дарвоз ва ғ.) дар гузашта «дохунда» ба маънии «ошно», «ҷўра», «дўст» ва «рафиқ» истифода мешуд. Дар забони гуфтугўӣ ва адабии тоҷикӣ шаклҳои дигари ин калима- «модархонда» («модархун»), «падархонда» («падархун») низ мавҷуданд.

 

Аз Ҳусейн Насриддин ҳам ёд кунем

 Аз ҷумлаи сарояндагони мумтозест, ки бо гузашти солҳо сурудаҳояш маҳбубияти худро аз даст надодаанд. Омӯзгор буд ва худро водор мекард бештар панду насиҳат сарояд. Ин аст, ки дар барномаҳои вай панд мавзуъи асосӣ шуд. Аз даргузашташ муддати зиёд ҳам сипарӣ нашудааст, таронаҳояш ба он ҳад миёни мардум маъруфанд, ки гӯё ҳоло ҳам зида аст ва месарояд.

 Ҳусейн Насриддинов 10 декабри соли 1929 дар деҳаи Элоки ноҳияи Ҳисор таваллуд  ёфтааст. Сарояндаи машҳури даврони

Олими маъруф, инсони шариф

 Агар профессор Баҳром Шермуҳаммадиён зинда мебуд, имрӯз ба синни мубораки 85 қадам мегузошт. Зодаи Самарқанди бостонӣ, олиме, ки бештар фолклори миллатро пажӯҳиш кардааст. Аз зумраи касонест, ки сурудаҳои халқро дар даҳҳо китоб гирд овардаву чоп кардааст ва ба шарофати онҳо имрӯзиёд аз сурудаҳои мардумӣ баҳра мебардоранд.

 Баҳроми Шермуҳаммадиён 10 декабри соли 1934 дар шаҳри Самарқанд зода шудааст. Соли 1957 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои тўлонӣ дар шуъбаи фарҳанги мардумии Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ходими илмӣ будааст.

Дунёи Мирзоватан Миров. Синни ҳунарманди маъруф ба 70 расид

 Ҳарчанд аз мактаби ҳунари Одина Ҳошим гузаштааст, сабки хоси хониш дорад, аз  осори шуарои пешину муосир ва мероси халқӣ сурудҳои зиёд бо лаҳни хуш иҷро кардааст. Ба ҳайси оҳангсоз «Саҷда ба деҳкон», «Ғофил мабош», «Ошиқ шудаам», «Сабзина», «Ман ҷавонам», «Им­шаб», «Қадри шоир», «Ситораи ман», «Назира», «Кўҳнадиёро», «Дастат нагирам», «Лолагун бод», «Асар накард» барин сурудҳо эҷод кардааст, ки овозхонони шинохта  мехонанд.

 МИРОВ Мирзоватан 8 декабри соли 1949 дар деҳаи Даштиҷуми ноҳияи Шўрообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин) ба дунё омаадааст. Актёр ва коргардони театр, сароянда, оҳангсоз, Ҳунарпешаи

Страницы