245 сол пеш дар ин рӯз. Қатли фоҷеавии Ҷеймз Кук
ҶЕЙМС КУК (анг. James Cook) – дарёнавард ва ковишгари британиёӣ буд. Се сафари иктишофии басо муҳимро фармондеҳӣ кард ва бисёре аз ҷазираҳои аслии уқёнуси Ором, Австралия, Зеландияи Нав ва ҷазираҳои Гавайро кашф намуд. Шуҷоати Кук дар кашфи минтақаҳои пурхатар, тавоноӣ дар роҳбарӣ кардани афрод дар шароити душвор ва маҳорати хуб дар илми баҳрнавардӣ ва нақшабардорӣ ӯро дар шумори муваффақтарин кошифони замони худ қарор медиҳад. Кук дарёсолоре буд, ки афсона будани “Сарзамини Ношинохтаи Ҷанубӣ” –ро исбот кард
Соли 1776 мустаъмараҳои Англия дар Амрикои Шимолӣ эълони истиқлолият карданд ва Иёлоти Муттаҳида номида шуданд. Дар мубориза барои истиқлолият онҳо бо Фаронса иттиҳод карданд. Ҷангҳои беамоне миёни муттаҳидон ва Англия сурат гирифтанд. Нерӯҳои иттиҳоди тозаистиқлол қувваҳои британиёиро бераҳмонаву басо шадид саркӯб мекарданд, киштиҳои ҳарбии онро ғарқ менамуданд. Аммо дар ин миён танҳо ба киштиҳои дарёнаварди машҳур Ҷеймс Кук иҷозат дода мешуд, ки бемамониат шино кунанд. Ин сеюмин сафари Кук ба минтақа буд, ду сафари қаблии ӯ ба комёбиҳои муҳими илмӣ ҳамроҳ буд ва барояш шӯҳрати ҷаҳонӣ оварданд.
Табааи британиёӣ Ҷеймс Кук ба ватани худ хидмат кард ва сафарҳои баҳрии вай нисбат ба пешгузаштагонаш ҳадафҳои аниқу дақиқро пайгирӣ мекарданд ва ба шарофати кушоишҳои машҳури вай симои нимкураи Ҷануби Замин дар харитаи олам хеле дигаргун шуд. Кук низ сарнавишти Магеллонро такрор кард ва аз сеюмин сафари баҳрии худ ба Ватанаш барнагашт, аз ҷониби бумиён ҷазираҳои Гавай кушта шуд. Ин рӯйдоди ғамангезу асафбор 14 феврали соли 1779 рух дод, Кук ба сафари аввалини баҳрии худ 30 июли соли 1768 шуруъ карда буд. Муддати 11 сол ба вай муяссар гардид, ки тасаввуроти пешинро тағйир диҳад ва харитаи нимкураи Ҷанубро дигар созад ва дар назди баҳрнавардон ва пажӯҳишгарони оянда вазифаҳои нав гузорад.
Роҳи вай басо мушкил, пурмашаққат ва дилгиркунанда буд. “Ман худ худро аз тариқи ҳамаи намудҳои хадамоти баҳрнавардӣ кашидам”,- гуфта буд вай боре. Ва дар ҳамин як ҷумлаи басо кутоҳ метавон ҳаёти чиҳилсолаи ӯро ғунҷонд.
Кук соли 1728 ба олам омад. Фарзанди муздури фақире буд ва дар як мактаби одӣ таҳсил кард ва бо азобе соҳиби маълумот шуд. Соли 1757 Кук бо ихтиёри худ ба хидмат дар флоти ҳарбию баҳрӣ ҷалб мешавад. Ҳарчанд ба ҷавонон аз хонаводаҳои фақиру нодор расидан ба рутбаи афсарӣ аслан як орзу буд, қобилияти фавқулоддаи Кук ба вай имкон дод баъди ду сол соҳиби рутбаи штурман шавад. Вай дар амалиётҳои ҳарбӣ дар Канада, ки англисҳо зидди фаронсавиҳо меҷангиданд, ширкат мекунад (Канада дар аввали асри XVII мутааллиқ ба Фаронса буд). Дар ин ҷангҳо неруҳои британиёӣ пирӯзии комил ба даст меоранд ва заминҳои мустаъмараҳои Англия дар Амрикои Шимолӣ ду баробар меафзояд. Зарурате пеш омад, ки ин заминҳои истилошуда ба харита дохил карда шаванд ва дар ҳамин ҳол Кук капитани киштии бодбондори “Гренвил” таъин мешавад ва дар назди худ вазифа мегузорад, ки соҳилҳои Нюфаундленд ва Лабрадорро наққошӣ кунад. Ва соли 1763 барои Кук бо ҳамин шуғл оғоз мешавад. Солҳои 1764, 1765, 1766, 1767 ҳамин минвол идома мекунанд. Таҷрибаи Кук дар ин минтақаҳои сахт дар сафарҳояш ба паҳнои обҳои ҷануб ба кор мераванд. Муосиронаш дар бораи қобилиятҳои фавқулоддаву беназираш дар наққошии дурусту дақиқи соҳилҳое, ки киштӣ аз он убур мекард нақл мекунанд ва мегӯянд вай хеле кам иштибоҳ мекард.
Натиҷаи заҳматҳои бештар аз панҷсолаи вай рӯи кор омадани даҳҳо харитаи географӣ шуданд. Хидматҳои Кук қадр карда шуданд: ба ин марди ковишгари чиҳилсола билохира рутбаи лейтенант дода мешавад. Шоҳи Англия Георги сеюм дар ихтиёри вай як киштии пурра муҷаҳҳазшударо бо исми рамзии “Индевр” (“Кӯшиш”) мегузорад. Ва дар ҳамин киштӣ Кукро лозим меомад ба аввалин сафари дури баҳрӣ, бо нияти кушоишҳои нав раҳсипор шавад. Ҳадафи сафар ҳам дақиқ, рушан ва асоснок буд: мушоҳидаи астрономии ҳаракати Зӯҳра (дуюмин ситораи заминсони манзумаи Хуршедӣ, ки мадори он миёни мадорҳои Аторуд ва Замин қарор гирифтааст) аз тариқи диски офтобӣ. Ин рӯйдод мебоист 3 июни соли 1769 иттифоқ меуфтод ва онро мебоист танҳо дар ноҳияи мадори Ҷануб мушоҳида кард. Бори дуюм он соли 1874 рух медиҳад, аз ин рӯ набояд ин шонсро аз даст медод. Ва вазифаи аслии экспедитсия бо ҳамин хулоса мешуд. Аммо ин сафар вазифаи дигар ҳам дошт, вале ба он мӯҳри “махфӣ” зада буданд ва маҳз он ҳадафи аслист, ки набояд ошкор шавад ва дигарон донанд. Ба “Индевр” вазифа дода шуда буд, ки дақиқан муайян намояд: оё дар ҳақиқат TerraAustralisIncognita – “Сарзамини Ношинохтаи Ҷанубӣ” вуҷуд дорад ё на. Агар ин замин вуҷуд дошта бошад ва кашф шавад, пас бояд сутуни мустаъмаравии Британия дар он зада шавад. Ва дар дастур гуфта мешавад: “Агар рафту ин қитъа пайдо нашавад, пас шумо дар ҷустуҷӯи он ба ғарб ҳаракат мекунед, то замоне, ки онро кашф намекунед ва ё соҳили шарқии заминро пайдо намекунед, ба сафар идома медиҳед”. Ба маънии дигар «Индевр» мебоист дар ноҳияи густардаи уқёнус, ки миёни арзҳои 40° ва 35° ҷануб ҷойгир аст ва яке аз манотиқи хавфноки Уқёнуси ҷаҳонӣ ба шумор меравад, шино кунад.
Вале Сарзамини Ношинохтаи Ҷанубӣ чист? Номи қорае аст хаёлӣ, ки аврупоиён дар гузашта бовар доштанд бояд дар нимаи ҷанубии Замин вуҷуд дошта бошад. Назарияи вуҷуди ин сарзамин марбут ба Арасту-файласуфи Юнони бостон аст ва тавассути Клавдий Птоломей – файласуф ва ахтаршиноси Юнони бостон бештар паҳн шудааст. Бахусус дар замони Эҳёи Аврупо ин ақида ривоҷи бештар гирифт ва дар кулли харитаҳои географии он замон таҷассум меёфт.
Ҷеймс Кук ҳам дар ин сафари баҳрии худ дар мавриди мавҷудияти Сарзамини Ношинохтаи Ҷанубӣ ба натиҷа нарасид, вале кашфиётҳои вай хеле муҳим ва пурманфиат буданд. Вай бори аввал исбот намуд, ки Зеландияи Нав ин ду ҷазира буда, бо гулӯгоҳе аз ҳам ҷудо шудаанд (баъдан он гулӯгоҳи Кук ном гирифт). Вай соҳилҳои шарқии Австралияро таҳқиқ кард ва онро дар харита дохил намуд. Исбот кард, ки Гвинеяи Нав бо Австралия пайваст нест. Баъди шиноварии бештар аз сесола 13 июли соли 1771 “Индевр” ба Англия баргашт. Корҳое зиёде анҷом шуданд, вале вазифаи аслӣ ҳалношуда монд ва Кукро аз ин ҳисси ноқаноатмандӣ фаро мегирад. Лордҳои инглис ҳам аз натиҷаи экспедитсия норозӣ буданд, онҳо ҳамоно дар орзуи пайдо кардану қадам задан дар қораи нави то ҳол кашфношуда шабу рӯз меандешиданд. Ва билохира, масъалаи ташкили экспедитсияи нав пеш меояд ва акнун он аз ду киштӣ: «Резолюшн» (“Ҳалл”) ва «Адвенчур» («Иқдом”) иборат буд. Капитан Кук сарвари киштии аввал шуд ва дар ҳамин росто нақшаи сафар ва ҳадафҳои мушаххасро рӯи коғаз меорад. Модоме дар арзи 40° ҷануб ягон пора замин кашф нашуд, пас бояд ба арзи нисбатан баландтар киштӣ ронд, то арзҳои 50° ва 60°.
Ва хулосаи ниҳоӣ: ягон TerraAustralisIncognita – Сарзамини Ношинохтаи Ҷанубӣ вуҷуд надорад. Ва бо ин вай яке аз муаммоҳои сарбастаи географиро дар тӯли таърихи башар, ки муддати беш аз якуним ҳазор сол миёни мардум ва олимону пажӯҳишгарон баҳс мешуд, ҳалл кард. “Ман уқёнуси Ҷанубро дар арзҳои баландтарин гузаштам ва тавре убур кардам, ки гӯшае аз он аз мушоҳидаи ман дур намонд, гӯшае, ки бояд ин қора вуҷуд медошт, пайдо нашуд, ғайр аз ҷойҳое, ки киштиронӣ дар он аслан имкон надорад”,- менависад Кук дар ҳисоботаш аз ин экспедитсия. Аммо қорае дар Замини Ҷануби яхпӯшида- Антарктида вуҷуд дошт. Ва ҳарчанд Кук изҳор намуд: «Ман бо камоли боварӣ мегӯям, ки ягон одам ягон вақте талош нахоҳад кард ба ҷануб дохилтар аз ман равад. Заминҳое, ки ҷанубтар аз он вуҷуд доранд, дар ягон замон аз худ карда намешаванд”,- ин иштибоҳи вай буд. Ним аср баъди Кук экспедитсияи Фадей Фадеевич Беллинсгаузен ва Михаил Петрович Лазарев Антарктидаро кашф кард.
Моҳи июли соли 1776 Кук ба сафари сеюми баҳрии худ шуруъ мекунад. Вай хеле хушбин аст, вале намедонад, ки аз ин сафар вай дигар ба Англия барнамегардад. Муддати тӯлонӣ экспедится бо комёбиҳо пеш меравад. Аз имтидоди соҳилҳои шимолии гулӯгоҳи Беринг гузашта, киштиҳо ба охири қисмати шимолу ғарбӣ мерасад. Ин димоғаро Кук Димоғаи Шоҳзода Уэлский номид, ҳарчанд онро бори аввал заминшиноси рус Гвоздев соли 1730 вориди харта карда буд. Вале ҷустуҷӯи гузаргоҳ аз шимолу ғарб номумин буд: яхҳои азим роҳҳоро баста буданд.
Кук ғамгин мешавад, вале ҳоло ҳам на ҳама чӣ аз даст рафта, ҳоло ҳам умеде аз ин ноумедиҳо вуҷуд доранд, ҳоло ҳам дарҳои комёбӣ баста нашудаанд. Ва киштиҳоро ба самти соҳилҳои шимоли Сибир меронанд. Вале боз ҳам бенатиҷа ва боз ҳам яхҳои пурқудрат монеъи ҳаракати киштиҳо мешаванд. Ва Кук дар ин обҳо муддати бештар аз се моҳ шино мекунад.
Марги Кук.
Охири моҳи ноябри соли 1778 Кук аз идомаи сафар даст мекашад ва ақиб бармегардад. 16 январи соли 1779 киштиҳои капитан Кук ба халиҷи Кеалакекуа, воқеъ дар соҳили ғарбии ҷазираи Гавай мерасанд. Бори аввал Кук аз табиати зебову афсункори минтақа ба ваҷд меояд. Кашфиёти онҳо дастоварди муҳими экспедитсияи сеюм ба шумор мерафт. Сокинони ҷазира Кукро хуш истиқбол мегиранд. Вале ин пазироии хуш дур давом намекунад. Афсарони аз роҳҳои тӯлонӣ хасташуда даст ба ғорати амволи мардум мезананд, занону духтаронро таҷовуз мекунанд ва билохира ин амалҳо ба ҷони бумиҳо мерасад, косаи сабрашон лабрез мегардад.
Аммо маълумоти дигаре ҳам аз қатли Кук расидааст. Мегӯянд вай аз ҷониби сокинони бумии ҷазира пора-пора карда шуд ва танҳо баъзе қисматҳои бадани ӯро онҳо ба капитани навтаъини киштӣ Чарлз Клерк баргардонистанд ва 22 феврали соли 1779 боқимондаҳои ҷасади Ҷеймс Кук ба баҳр партоб шуд.
Ҳаёти яке аз бурзургтарин дарёнавардон ва гардишгарон ва ковишгарони олам, кашшофи нукоти зиёди номаълум ҳамин гуна фоҷеавӣ ба поён расид…
Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ