Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 12-уми декабр

Як-рузи-таърих-12-12-2022Соли 1731 духтур, табиатшинос ва шори англис Эразм Дарвин ба дунё омад. Вай бунёдгузори ҷамъияти фалсафии Дерби, созмондиҳандаи хазинаи ботаникии Личфилд ва узви Ҷамъияти подшоҳии Лондон буд. Аз мухолифони ғуломдорӣ ва ҷонибдори баробарии ҳуқуқи занон ба таҳсил маҳсуб мешуд.

Соли 1766 муаррих ва нависандаи рус Николай Карамзин ба дунё омад. Фаъолиятҳои таърихнигории ӯ барҷастатар аз шоириаш буд.

Соли 1766 олим, мунаққид, таърихнависи адабиёт ва театр, назарияпардози  даврони Равшангарӣ, назариётчии забон ва адабиёти олмонӣ ва нависандаи олмонӣ Иёҳанн Кристоф Готшед аз олам рафт

Соли 1792 дар шаҳри Санк-Петербург дар синни 47-солагӣ нависанда, намоишноманавис, тарҷумони аҳли Империяи Русия Денис Фонвизин фавтид. Дар санги сари қабри вай навишта шудааст, ки 47 солу 7 моҳу 28 рӯз умр дид.

Гюстав Флобер Соли 1821 нависандаи фаронсавӣ  Гюстав Флобер ба дунё омад. Ӯро аз ҷумлаи бузургтарин романнависони Ғарб медонанд. Навъи нигориши воқеъгароёнаи Флобер, таҳлилҳои равоншинохтии амиқи ӯ аз ҷумлаи хусусиятҳои  осори вай аст, ки илҳомбахши нависандагоне чун Ги де Моппасан, Эмил Золя будааст.

Сафаре ба дӯзах”, “Рӯъёе аз дӯзах”, “Хотиртои як девона”, “Ноябр” аз ҷумлаи асарҳои ӯянд.

Соли 1860 шоир, намоишноманавис, мунаққиди адабӣ, тарҷумони лаҳистонӣ Ян Каспарович дида ба олам кушод.

Соли 1889 шоир ва намоишноманвиси англис, яке шоирони машҳури даврони салтанати малика Виктория  Роберт Браунинг аз олам гузашт. “Зангҳо ва анорҳо”, “Шахсиятҳои намоишӣ”, “Ҳалқа ва китоб”, “Чакомаҳои намоишӣ”, “Мардон ва занон”, “Шаби иди милоди Масеҳ” аз ҷумлаи осори ӯянд.

Соли 1902 нависанда ва шоири украин Павел Грабовский тарки олам кард. Вай 11 сентябри соли 1964 таваллуд шуда буд ва дар синни 38 солагӣ ин олами фонӣ рахти сафар баст.

Соли 1905 дар Бердичев нависанда, журналист, хабарнигори ҳарбӣ Василий Гроссман вафот кард. Асари “Ҳаёт ва сарнавишт” мутааллиқ ба ӯст.

Чингиз-Торекулович-АйтматовСоли 1928 яке аз машҳуртарин адибони Шӯравӣ, нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов дида ба олам кушод. Вай муаллифи мондагортарин повесту романҳост. Аз ҷумла: “Муаллими аввалин”, “Киштии сафед”, “Рӯзи тӯлонитар аз қарн”, “Чеҳра ба чеҳра”. “Ҷамила”, “Алвидоъ, Гулсари”, “Бар фарози қуллаи Фуҷӣ”, “Тавро Касандро” ва ғайра. Чингиз Айтматов пурхонандатарин адибони айёми Шӯравӣ буд. Аксари повесту романҳои ӯ ба тоҷикӣ низ тарҷума шудаанд.

Айтматов ба ба дарёфти 46 мукофоти баландтарину олии СССР, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, ҷоизаи Ленин (1963), Мукофоти давлатии СССР (1968, 1977, 1983), Мукофоти давлатии Қирғизистон (1976), ҷоизаи «Нилуфор”, Ҷоизаи ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру, ҷоизаҳои баъзе кишварҳои Аврупо, ИМА ва ғайра мушарраф гардидааст. Дар охирҳои умраш аз соли 1990 то 1996 сафири СССР (1990—1991) ва Россия (1992—1994) дар Люксембург ва Қирғизистон дар кишварҳои Бенилюкс (1994—1996) буд. Асарҳои Айтматов ба 154 забони дунё тарҷума шудаанд. Теъдоди асарҳои чопшудааш соли 1999 ба 20 млн расид. Дар Қирғизистон ба номи Айтматов мукофоти «Медали тилоӣ» таъсис ёфтааст (1999).

Соли 2000 дар шаҳри Олмоти дар синни 65-солагӣ нависандаи Шӯравиву қазоқ, рӯзноманигор Рамазон Токтаров тарки олам кард. Романҳои “Нони аср, “Дӯстии мардона”, “Гургони даштӣ”, “Иртиш ба уқёнус мерезад” аз ӯст.

Соли 2006 нависанда, шоир ва тарҷумони аҳли Белорусия  Нина Тарас аз олам рафт.

джоан роулинг

Соли 2017 шоҳзода Уилям ба нависанда, муаллиф, таҳиякунандаи филм, филмноманависи британиёӣ Ҷуан Роулинг Ордени Нишони шарафро тақдим намуд. Роулинг бештар барои асараш дар бораи Гарри Поттер машҳур шудааст ва ҳамакнун аз то 500 миллион нусха аз ин китобҳо фурӯхта шудаанд. Аз рӯи ин асар силсилафилмҳои Гарри Поттер ҳам рӯи кор омада, ки шуҳрат пайдо кардаанд.

Соли 2018 дар Франкфурт бар Майн нависанда, журналист, муҳаррир, барандаи ҷоизаи Георг Бюхнер Вилгелм Генасино тарки олам кард.

Таҳияи Б.Шафеъ