Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 18-уми декабр
Соли 1536 дар Сеул шоири куриёӣ Чон Чхол, ки чун классики адабиёти Куриё шинохта мешавад, ба дунё омад. Вай дар котиботи подшоҳии сулолаи чусонҳо хидмат кардаву як шоири миллии Куриё шинохта мешавад. Рӯзи дақиқи маргаш маълум нест, аммо дар кулли манбаъҳо гуфта мешавад, ки моҳи декабри соли 1593 фавтид.
Соли 1803 дар Веймар шоир, файласуф, назарияпардози олмонӣ Ёҳан фон Гердер аз олам гузашт. Вай ҳамагӣ 59 сол дошт. Гердер аз донишмандони таъсиргузор дар асри рушангарӣ буд ва аз назарияпардозони бузурги қарни ҳаждаҳуми Аврупо дар ҳавзаи забон, таърих ва фарҳанг мебошад.
Аз маҷмуъаи осори 45 ҷилдаи Гердер аксарашон дар тӯли ҳаёти вай, яъне миёнаи солҳои 1744 то 1803 дар Олмон ба чоп расид ва бархе низ баъд аз марги ӯ интишор ёфт.
Соли 1890 нависандаи рус Григорий Петрович Данилевский аз олам рафт. Ӯ бешттар бо романҳояш дар бораи таърихи Русия дар асрҳои 18 ва 19 машҳур буд.
Соли 1913 дар шаҳри Ню-Йорк журналист, муҳаррир ва нависандаи асарҳои тахайюлӣ, намоишноманавис ва филмноманавис Алфред Бестер ба дунё омад. Ӯ дар ҳамаи самтҳои фаъолияташ, ки ном бурда шуд, муваффақ буд. Аммо вай бештар ба унвони як нависандаи илмӣ-тахайюлӣ машҳур шуд. Ӯ ҳамчунин аввалин барандаи ҷоизаи адабии Ҳугу дар соли 1953 (барои романи “Марди вайроншуда”) буд. “Сторагон саранҷоми мананд” низ аз асарҳои машҳури ӯст.
Соли 1923 дар шаҳри Бухоро Низом Нурҷонов дида ба олам кушод ва 18-уми марти соли 2017 дар синни 94-солагӣ тарки олам кард. Нурҷонов аз маъруфтарин санъатшиносони кишвар буд. Ӯ барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буд.
Соли 1932 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнии вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) Шоири халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Қутбӣ Киром ба дунё омад.
Шеъри аввалинаш соли 1957 дар журнали «Шарқи Сурх» чоп шуда, маҷмӯаи нахустини ашъораш «Парвози меҳр» соли 1963 интишор ёфтааст. Ашъори дигари дар солҳои гуногун офаридаи ӯ дар авроқи маҷмӯаҳои «Бӯйи нон» (1966), «Илҳом» (1968), «Рези кӯҳсор» (1970), «Остони баланд» (1972), «Хоки пайвандӣ» (1974), «Камон» (1974), «Чашми дил» (1976), «Пули Сангин» (1980), «Ҷонфизо» (1980), «Сари баланд» (1982), «Ҷоми нур» (1983), «Дили бародар» (1986), «Субҳи содиқ» (1989), «Нишот» (1992), «Ёр меояд!», «Аз гулу хоку шуълаи оташ», «Оташи меҳр» ва «Минбари виҷдон» (2012) фароҳам омадаанд.
Ҳамчунин, муаллифи достонҳои «Камон», «Антон», «Достони Лола», «Достони хоб», «Қуллаҳои ноаён», «Аввалин дидор», «Нафаси ошиқӣ», «Ҳарфи аввал», «Посбони мақбара», «Дафтари Порис» мебошад.
Муаллифи қиссаи «Қатли Туғрал» (1984), драмаҳои «Тори муҳаббат» ва «Тири маломат», филмномаҳои «Бӯйи нон», «Чор тан дар пайроҳа», «Антон» ва ғ. мебошад. Ашъори ба русӣ баргардоншудааш дар маҷмӯаҳои «Напевы вершин» (1976), «Горный кряж» (1979), Мост времени» (1983) ва «Закон любвы» (1985) ба чоп расидаанд.
Иддае аз навиштаҳои ӯ ба дигар забонҳо ҳам тарҷума ва чоп шудаанд. Худи ӯ китоби ашъори В. Шекспир, А.Блок, А.Мискевич, М.Лермонтов, Н.Некрасов, Л.Украинка, Ф.А.Файз, М.Карим, С.Вурғун, Зулфия, В.Костров ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
26 октябри соли 1993 аз олам даргузашт.
Соли 1939 дар Митчэм (графнишини Суррей, Британияи Кабир) нависандаи машҳури асарҳои тахайюлии инглис Майкл Муркок ба дунё омад. Вай муҳаррири маҷаллаи «New Worlds» буд. Барои романи “Инак, инсон” дар соли 1969 барандаи ҷоизаи Небюло дар номинои беҳтарин романи кутоҳи сол шуд.
Соли 1947 дар шаҳри Москав нависандаи рус, филмноманавис ва муаррих Леонид Юзефович ба олам омад.
Соли 1954 нависандаи Шӯравӣ Михаил Колсов баъди маргаш сафед шуд. Колсов 13-уми декабри соли 1938 дар идораи газетаи “Правда” бе ягон иҷозатномаи расмии мақомот нависандаи Шӯравӣ боздошт шуд. Ӯро бо иттиҳомҳои сохтаву бофта зиндонӣ карданд, 70 нафарро чун шоҳид пурсиданд, ки баъдан аксари он шоҳидон низ бо ҳар гуна иттиҳомот боздошт ва кушта шуданд. Дуюми феврали соли 1940 ба қатл расид. 18-уми декабри соли 1954 баъди маргаш сафед шуд.
Михаил Колсов 12-уми июни соли 1898 дар шаҳри Киев, ки як музофоти тобеъи подшоҳии Русия буд, ба дунё омада буд.
Соли 1971 дар ноҳияи Подолски вилояти Москав дар синни 61-солагӣ рӯзноманигор, шоир ва нависандаи шӯравӣ Александр Твардовский аз олам гузашт. Александр Твардовский аз соли 1950 то соли 1954 ва 1958 то соли 1970 сардабири маҷаллаи адабии “Новый мир» буд. Ӯ бештар ба василаи шеъри танзи ҳамосии худ “Василий Тёркин” машҳур шуд.
Вай ҳамчунин аз Хрушёв иҷозаи чопи ҳикояи машҳури Солженитсин “Як рӯзи Иван Денисович”-ро дарёфт ва дар маҷалла чоп карда буд.
Соли 1977 шоири рус, муҳаққиқи таърихи дин ва фарҳанг, узви ҷунбиши сафед, шахси муттаҳам ба ватанфурӯшӣ, ходими ҷамъиятиву сиёсии русҳо дар хориҷ, ҷонибдори наҳзати ваҳдати калисоҳо Николай Сергеевич Арсенев тарки олам кард. Марг ӯро дар Шветсия дарёфт.
Соли 1978 нависандаи рус, забоншинос, адабиётшинос, тарҷумон, журналист, хабарнигори ҳарбӣ Лев Василевич Успенский дар синни 78-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Соли 2011 нависандаи чех Ватслав Ҳавел аз олам рафт. Ватслав Ҳавел (чехӣ: Václav Havel; 5 октябри соли 1936, Прага, Ҷумҳурии Чехословакия ба дунё омад. Арбоби сиёсӣ ва ҷамъиятии чех, мунаққиди режими коммунистӣ, намоишноманавис ва очеркнавис. Ӯ нуҳумин ва охирин президенти Чехословакия (1989—1992) ва аввалин президенти Ҷумҳурии Чех (1993—2003) буд.
Соли 2020 дар Саратов дар синни 58-солагӣ адиби рус, ҳаҷвнигор, мунаққиди адабӣ Роман Арбитман бар асари сироят ба бемории КОВИД-19 тарки олам кард.
Таҳияи Б.Шафеъ