Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 9 – уми январ
Соли 1757 дар Порис нависанда ва олими фаронсавӣ Бернар Фонтенел, дар синни 99-солагӣ вафот кард. Эҷодиёти гуногунҷабҳаи Фонтенел асарҳои бадеӣ (идиллия, шеър, фоҷиа ва ғайра), асарҳои танқидии адабӣ ва асарҳои илмӣ-оммавиро дарбар мегирад.
Соли 1811 дар Лондон ҳаҷвнигори бритониёӣ Гилберт Эбботт Э–Бекетт таваллуд шудааст. Гилберт Эбботт Э-Бекетт дар оилаи ҳуқуқшинос ба дунё омада, дар Мактаби Вестминстер (англисӣ) таҳсил кардааст. Вай бо як қатор рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо, аз ҷумла “Лондон Фигаро” (англисӣ), Punch, Times, Morning Herald (англисӣ) ҳамкории самаранок дошт. Ӯ бо ҳаҷвияи худ оид ба қонунҳои англисӣ (“The Comic Blackstone”) ва театр (“Quizziology of drama British”) шўҳрат пайдо кард. Ғайр аз ин, вай бо песаҳои ҳаҷвиаш маълуму машҳур гардидааст.
Соли 1851 дар Херес де ла Фронтера нависандаи испанӣ Луис Колома ба дунё омадааст. Дар охири асри 19 аз Луис Колома хоҳиш карданд, ки барои шоҳи ҷавони Испания Алфонсо XIII, ки аввалин дандони ширии худро дар синни 8-солагӣ аз даст дод, дар бораи «Парии дандон» достоне нависад.
Азбаски Луис писари табиб буд, ӯ бомуваффақият ин достонро эҷод кард. Қаҳрамонони афсона худи Буби (модари ноибуссалтанаи ӯ Алфонсоро чунин ном мебурд), худи малика-модар Мария Кристина ва муше бо номи Перес буданд. Афсона бори нахуст соли 1902 ба таври факсимилӣ нашр шудааст. Аз он замон то инҷониб, «Парии дандон» дар байни кӯдакони испанӣ ва испониёӣ машҳур шуд. Оине вуҷуд дорад, ки агар ҳар бачае дандонҳои ширии фатондаи худро зери болинаш бигузорад, Парии дандон нимаҳои шаб аз роҳ хоҳад расид ва як ҳадяи хурдакак (маъмулан пул, шаколод ва ё бозичаҳо) дар зери болинаш хоҳад гузошт.
Дастнависи ин афсона дар сандуқи оҳанин дар китобхонаи Қасри шоҳии Мадрид маҳфуз аст. Аз рўйи сужаи афсона борҳо филмноманависон ва коргардонҳо филмҳои тасвирӣ ва бадеӣ эҷод кардаанд.
Соли 1873 дар Ивнитса шоири яҳудӣ, классики шеъри муосири ибрӣ, Ҳаим Биалик таваллуд шудааст. Ӯ нависандаи кӯдак, мутарҷим, ношир ва пешгоми шеъри нави ибрӣ буд.
Биалик асарҳои Шекспир, Сервантес, Шиллерро ба забони ибрӣ тарҷума кардааст. Аз ашъори Биалик романсҳо ва суруд эҷод кардаанд. Дар солҳои 1933 ва 1934 аз ҷониби И.Л.Клауснер барои ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт пешбарӣ карда шуд.
Эҷодиёти Биалик ба тамоми насри яҳудии асри ХХ таъсири бузург расонд. Ба ашъори Биалик Максим Горкий, Владимир Маяковский, Владислав Ходасевич ва Александр Блок баҳои баланд гузоштаанд.
Соли 1890 дар Марле Сватонивитсе нависанда, насрнавис, намоишноманавис, тарҷумони чех Карел Чапек, яке аз маъруфтарин нависандагони чех дар асри ХХ, ба дунё омадааст.
Соли 1936 ӯ номзад ба дарёфти ҷоизаи Нобел дар адабиёт буд. “Достонҳои ранҷовар”, “Номаҳое аз Инглистон”, “Тасовири ҳуландӣ”, “Шаҳоб”, “Модар”, “Зиндагии мутавассит”, “Искандари кабир”, “Марги Архимед”, “Марди хашин”, “Номаҳое аз Итолиё” теъдоде аз навиштаҳои ӯянд.
Соли 1905 нависанда ва шоираи фаронсавӣ Луиза Мишел даргузашт.
Соли 1908 нависанда, файласуф, феминист, экзистенсионалисти фаронсавӣ Симон де Бовуар, ҳамсари Жан Пол Сартр таваллуд шудааст. “Меҳмон”, “Хуни дигарон”, “Ҳама мемиранд”, “Ҷинси дувум”, “Марге бисёр ором”, “Тасовири зебо”, “Маросими видоъ”, аз ҷумлаи осори боқимонда аз ӯ мебошанд.
Соли 1931 дар Кенигсберг нависандаи жанри илмӣ-тахайюлӣ, мунаққид ва муҳаррири амрикоӣ Алгис–Будрис, чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ў барои мунаққидиаш ҷоизаи «Пилигрим»-ро сазовор гаштааст.
Китобҳои машҳури ў “Шаби дурӯғ” (1954), “Кӣ?” (1958 ва соли 1973 аз рўи сужаи он филм ба навор гирфта шудааст), “Машъали афтанда” (1959), “Моҳи шарир” (1960), ки барояш ҷоизаи “Ҳюго”-ро сазовор гаштааст, “Хори оҳанин“ (1967), “Майклмас” (1977) ва ғайраҳо ба шумор мераванд.
Соли 1933 дар Брокен-Хилл нависандаи Африқои ҷанубӣ, муаллифи романҳои таърихӣ ва саргузаштӣ Уилбур Смит («Номаи ҳафтум», «Худои дарё», «Чашми паланг», «Вақте ки шерҳо зиёфат мекунанд»), таваллуд шудааст.
Соли 1964, пас аз нашри аввалин романи худ «Вақте шерҳо зиёфат меороянд», ба муваффақияти бузург ноил гардид ва ӯ нависандаи касбӣ шуд. Қаҳрамонони асосии роман дугоникҳо Шон Кортни ва Гаррик Кортни мебошанд. Ва тимсоли онҳо бобои муаллиф – Кортни Ҷеймс Смит (Кортни Ҷеймс Смит), собиқадори ҷангҳои Англо-Зулуси буд. Оилаи Кортни насли норманҳои асримиёнагӣ мебошанд, ки дар минтақаи Девони муосир муқимӣ шудаанд.
Соли 1938 дар Манчестер иёлати Ҷорҷия, нависандаи амрикоӣ Стюарт Вудс ба дунё омадааст. Вудс зиёда аз 65 роман навиштааст, ки бисёре аз онҳо дар рӯйхати бестселлерҳои New York Times ҷойгир шудаанд.
Соли 1953 дар Ленинград нависанда, муҳаррир, мунаққиди рус Александр Етоев таваллуд шудааст. Ў барандаи ҷоизаҳои Interpresscon, Wanderer, Roscon ба шумор меравад.
Муаллифи зиёда аз даҳ китоб (аз ҷумла барои кӯдакон), маҷмӯаҳои ҳикояҳо, шеърҳо ва ғайра мебошад. Мунтазам дар маҷаллаҳо эҷодиёташ рўйи чоп меояд, ҳамчун адабиётшиноси сермаҳсул, муаллифи тақриз ва тафсирҳои сершумори китобҳо машҳур аст.
Соли 1953 дар Осло насрнависи норвегӣ, намоишноманавис ва адабиётшинос Ҳанс Онруд, устоди насри хурд дар синни 89-солагӣ даргузашт. Вай аввалин бор ҳамчун нависанда соли 1887 дар маҷаллаи Nyt Tidsskrift навиштаҳои худро рўйи чоп овард.
Онруд аввалин маҷмуаи «Ҳикояҳо»-яшро соли 1891 нашр кард. Барҷастатаринаш асарҳои насри кӯтоҳи ӯ «Одамони бонуфуз. “Ҳикояҳо барои хурду калон” (1896), “Сидсел, пироҳани дароз” (1903), «Солве аз работи Офтобӣ» (1910) барои кўдакон ва наврасон мебошанд.
Инчунин драмаҳои ӯ «Лайклак» (1895), «Ҳамаашро бидонед» (1901) ва маҳзакаи «Хурӯс» (1906) миёни хонадагон машҳуранд.
Солҳои 1914-1915 «Маҷмуаи асарҳои Онруд» дар шаш ҷилд аз чоп баромад. Китобҳои «Норвегияҳои хурд» (Москва, 1912) ва «Ҳикояхои Норвегия» (Москва, 1919).ба забони русӣ тарҷума шудаанд:
Соли 2010 дар Маскав нависанда, шоир ва филмноманависи шӯравӣ Сергей Козлов дар синни 70-солагӣ аз илтиҳоби шуш даргузашт.
Машҳуртарин осори ӯ достону филми тасвирии “Хорпушт дар тирагӣ“, ҳикояҳои дигар дар бораи хорпушт ва хирсбача, ҳикояҳо дар бораи шербача ва сангпушт, шеърҳо барои филми тасвирии “Чӣ тавр Шербача ва сангпушт суруд месароянд» ба шумор мераванд.
Соли 2020 дар Стинстиннати нависандаи амрикоии жанри илмӣ-тахайюлӣ Майк Ресник, барандаи ҷоизаҳои Nebula ва Hugo, дар синни 77-солагӣ аз бемории саратон даргузашт.
Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА