Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 3 – уми феврал

 adaibiyotСоли 1806 дар Порис, нависандаи фаронсавӣ Николас Ретиф де ла Бретонн, яке аз маъруфтарин ва сермаҳсултарин нависандагони охирҳои асри XVIII-и Фаронса (зиёда аз 200 ҷилд асар) дар синни 71-солагӣ вафот кард.

Николас Ретиф де ла Бретонн, пайрави Жан-Жак Руссо, ки бо асарҳои барои замони худ аз ҳад зиёд «озодона» маъруф аст. Николас Ретиф де ла Бретонн дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст (аммо деҳқони сарватманд; сарвати бадастоварда ба ӯ имкон дод, ки хоҷагии Ла Бретоннаро таъмин созад). Вай дар матбаа ба ҳайси ҳуруфчин кор кардааст. Ретиф аз як чӯпони одӣ ва коргари матбаа тавонист муаллифи китобҳои сершумор шавад ва нависандае гардид, ки маъруфияти ӯро дар Фаронсаи пеш аз инқилоб бо маъруфияти Ж. Руссо муқоиса кардан мумкин аст. Вай дар тамоми жанрҳо асари бисёр навиштааст: ба руйхати асарҳои ў романҳо, пйесаҳо, рисолаҳо, асарҳои ахлоқӣ ва тахайюлӣ дохиланд. Хусусияти асосии асарҳояш ҳақиқатнигорӣ ба шумор меравад. Ретиф дар асарҳояш ҳаёти худ, хешу табор ва наздиконашро бо тафсилоти аҷоиб тасвир кардааст; бо қобилияти аҷиби эҷодӣ барои азнавсозии ҷаҳон нақшаҳое эҷод мекард, ки ӯро дар қатори бузургтарин хаёлпарастон ҷойгир кардааст.

Соли 1809 бастакори олмонӣ, дирижёр, пианинонавоз, асосгузори консерваторияи Лейпстиг Якоб Людвиг Феликс Мендельсон-Бартолди таваллуд шудааст.

Яков Людвиг Феликс Менделсон-Бартолди дар мусиқии классикӣ бузургтарин намояндаи равияи романтикӣ ба ҳисоб меравад. Илова бар ин, Менделсон консерваторияи Лейпстигро таъсис дод ва аввалин роҳбари он гардид. Оҳангсоз умри дарозе надид, вале аз худ мероси ғании эҷодӣ гузошт, аз ҷумла Консерти машҳури скрипка, пйесаи «Хоби шаби тобистон», илова бар ин, «Марши арӯсӣ»-и машҳури ӯ барои ҳама давру замон дар базмҳои арусӣ дар ҷойи аввал меистад. Дар баробари ин, Менделсон хидмати дигаре кардааст, ки тамоми инсоният барои ин аз ӯ беандоза миннатдор аст. Вай эҷодиёти бузурги Иоҳанн Себастян Бахро, ки то он замон фаромўш шуда буд, аз нав эҳё кардааст.

gertruda-stejnСоли 1874 дар Аллегейни иёлоти Пенсилванияи Амрико нависанда ва назарияпардози адабиёт Гертруда Стейн таваллуд шудааст.

Повести аввалини ў бо номи «Се зиндагӣ» соли 1909 нашр шуд ва пас аз он соли 1925 романи «Ташаккули амрикоиҳо» рўйи чоп омад.

Асари «Тарҷумаи ҳоли Алиса Б. Токлас» (1933) ба  Гертруда Штайн шӯҳрати ҷаҳонӣ овард. Пас аз муваффақияти ин китоб, нависанда ба саросари Иёлоти Муттаҳида сафар карда, вохўриҳо гузаронд, операи ӯ зери унвони “Чор муқаддас дар се амал” дар Ню Йорк ба саҳна гузошта шуд.

Ба қалами Перу Гетруда Штайн ҳамчунин китобҳои “Се зиндагӣ”, “Ҷангҳое, ки дидаам”, “Ҷуғрофиё ва намоишном аҳо”, “Чӣ гуна бояд навишт”, “Бруси ва Вилли“, пйесаи “Шахси хеле ҷавонҳамегӯяд таалуқ доранд. Ӯ ҳамчунин шеър ҳам эҷод кардааст.

Соли 1899 дар Пекин нависанда, намоишноманавис ва мақоланависи чинӣ Лао Шэ ба дунё омадааст.

Лао Шэ тамоми умри худро ба эҷодиёт бахшида, зиёда аз ҳазор асар офаридааст, ки дар онҳо тақрибан 7-8 миллион иероглиф навишта шудааст. Ба асарҳои асосии ў романҳои «Лото сянстзи» (Рикша) ва «Сиши тунтан» (Чор насли як оила), инчунин пйесаҳои «Чагуан» (Чойхона), «Лунсюйгоу» (Ҷуйи аждаҳо ус), Шиу гуан (Понздаҳ баста танга), ва ғайра ба шумор мераванд. Лао Ше барои асарҳои худ аз ҳаёти шаҳрии мардуми Пекин мавод ҷамъоварӣ карда, дар мисоли зиндагии ҳаррўзаи худ ихтилофи амиқи иҷтимоиро нишон додааст. Нависанда дар асарҳои худ бештар ба ифшои руҳияи миллии чиниҳо ва инъикоси такдири халқ аҳамият додааст. Хонанда  дар осори ӯ тавассути шӯхиҳои намакин эҳсос мекунад, ки зиндагӣ чӣ қадар сахту сангин аст. Лао Шэ тавонистааст, ки эҳсосоти инсониро тасвир кунад ва асарҳоро бо тобиши зиндагии ҳаррӯза рангин созад.

Соли 1944 дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Панҷакенти вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) шоири тоҷик Шодӣ Саттор ба дунё омад. Аз соли 1965 дар рӯзномаи «Зарафшон» ба ҳайси мухбир, то соли 1993 дар рӯзномаи «Совет Тожикистони» мудири шуъба ва котиби масъул фаъолият доштааст. Соли 1993 ба зодгоҳаш баргашта, аз ҳамон вақт то имрӯз дар мактаби миёнаи деҳаи Чорбоғ муаллимӣ мекунад.

Муаллифи 8 китоби шеър барои бачагон мебошад, ки «Зангӯла» (1971), «Гулдаста» (1972), «Ин қадар ширин» (1980), «Сӯфитурғай» (1981), «Аллаи модар» (1986), «Дарвозаи тилло» (1988) ва «Маро талаб» (2007) аз он шумуланд.

Як даста шеърҳои М.Миршакар, У.Раҷаб, Б.Ҳоҷӣ, Гулчеҳра, М.Фарҳат, А.Баҳорӣ, Н.Розиқро ба ӯзбекӣ гардондааст. Иддае аз шеърҳои худаш ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, қазоқӣ, туркманӣ ва ӯйғурӣ тарҷума шудаанд.

Барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутист.

Аз соли 1986 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

obid-shakurzodaСоли 1956 деҳаи Худигифи Сояи Кӯҳистони Масчо рӯзноманигор, мутарҷим, пажӯҳишгар ва яке аз муваффақтарин муфассирони “Бӯстон” ва “Гулистон”-и Шайх Саъдии Шерозӣ, корманди Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи милии тоҷик Обид Шакурзода ба дунё омад.

Обиди Шакурзода пиромуни забони форсии тоҷикӣ, масоили мубрами забон ва адабиёти форсӣ, муаррифии чеҳраҳои адабӣ, осори дурахшони адабу фарҳанги форсию ҷаҳон нақду баррасиҳо дорад, ки дар матбуоти Тоҷикистон чоп шудаанд. Аммо кори умдаи ӯ таснифи китоби «Шарҳи «Гулистон»-и Саъдӣ» аст, ки бори нахуст, соли 2014 чоп шуд (интишороти «Адиб»). Нашри дуюми ин китоб («Гулистони Саъдӣ, матни комил ва шарҳи он», 2017) бо таҳриру такмили нав, соли 2019 интишор ёфт. Ин асар соли 2021, бори сеюм, бо иловаи кашфу-л-абёт мунташир шуд.   «Бӯстон»-и Саъдӣ» («Саъдинома») бо шарҳи вожаҳову абёти душвор», аз дигар рисолаи таҳқиқию пажӯҳишии Обиди Шакурзода аст, ки муаллиф бо ирояи матни комил, шарҳи нахустини «Бӯстон»-и Саъдии Шерозиро дар Тоҷикистон бо сабки равону барои умум писандида таҳияву тадвин намудааст.

pavlo-zagrebelnijСоли 2009 дар Киев, нависандаи украинӣ Павло Загребелний дар синни 84-солагӣ аз бемории сил даргузашт.

Аввалин маҷмуааш «Ҳикояҳои Кахов» соли 1953 аз чоп баромад.

Баъдан ҳикояҳои «Гулҳои даштӣ» (1955); “Новеллаҳои соҳили баҳр” (1958), романҳои «Сароб» (1956), «Андешаи ҷовидонӣ» (1957), «Аврупо 45» (1959), «Аврупо. Ғарб» (1961), «Рӯз барои оянда» (1964),   «Иблиси раҳмдил» (1967), «Аҷоиб» (1968), «Суръат (1978), «Шердил», (1985) ва ғайраҳоро эҷод кардааст.

Романҳои таърихии Загребелний миёни хонандагон ўро машҳур ва маълум гардонидаанд. Аммо романи «Роксолана» (1980), ки дар бораи сарнавишти ғуломи Рутения – Хуррам Султон, ки баъдан ҳамсари қонунии Султон Сулаймони Усмонӣ шудааст, нақл мекунад, миёни хонандагон шӯҳрат ва маҳбубияти бештарро ба даст овард.

Загребелний ҳам нависанда ва ҳам филмноманависи боистеъдод аст. Аз рўйи филмномаҳои ў аз соли 1965 то соли 1982 дар киностудияи ба номи Довженко 4 филм ба навор гирифта шудааст.

Истеъдоди адабии Павло Загребелний сазовори баҳои баланд гардидааст. Ў барандаи ҷоизаҳои ба номи Шевченко ва Мукофоти давлатии Иттифоқи Шуравӣ мебошад.

Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА.