Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 1 – уми апрел

ruzi-adabiyotСоли 1687 дар Хесдин нависанда, романнавис, рӯзноманигор,  муаррихи ва мутарҷими фаронсавӣ Антуан-Франсуа Прево, ки бештар бо номи Прево шинохта мешавад, ба дунё омад. “Манон Леско” машҳуртарин романи ӯ мебошад ва дар таърихи адабиёт аввалин романи равоншинохтӣ мебошад.

Ин роман соли 1731 дар Ҳоланд чоп шуд ва ба муаллиф шуҳрат овард Бо вуҷуди он ки чопи он дар Фаронса мамнуъ буд, вале ин садди роҳи маҳбубияти насандааш нашуд.

Соли 1730 шоир ва наққоши швейсарӣ Саломон Гесснер таваллуд шуд. Вай асосан ба забони олмонӣ менавишт. Муаллифи “Идиллияҳо”-и машҳур (идиллия -манзумае, ки зиндагиро дар оғуши табиат аз будаш зиёд орому осоишта тасвир мекунад. Шеъри кутоҳ, чакома) аст, ки Гесснерро яке аз маъруфтарин нависандагони Аврупо дар асри XVII гардонидааст. Онҳо ба забонҳои англисӣ, ҳолландӣ, португалӣ, испанӣ, шведӣ, чехӣ ва сербӣ тарҷума шудаанд.

Гесснер инчунин рассом ва кандакори барҷаста буд, ки асарҳои адабии худро бомуваффақият тасвир кардааст.

12 январи соли 1780 «Рўзномаи Сюрих» ва соли 1821 бошад «Neue Zürcher Zeitung»-ро таъсис додааст.

evgenij-onegin-1.jpg 31.03.202Соли 1833 матни комили аввалин достони А.С.Пушкин “Евгений Онегин” чоп шуд.  Ин достони манзум шаҳкори Пушкин аст, ки муддати 8 сол рӯи он кор кардааст. Он ба мусиқӣ, филм ва адабиёт таъсири зиёд гузоштааст ва мардуми одӣ низ ба мавзӯи он таваҷҷуҳ доштаанд.

Ин достон ба Пушкин шуҳрати зиёд овард ва он борҳо ба забонҳои гуногуни халқҳои олам тарҷума ва чоп шудааст. Владимир Набоков, ки дар гузашта дар тарҷумаи осори адибони рус ба англисӣ хидматҳои шоиста кардааст, бори аввал “Евгений Онегин”-ро ҳам ба англисӣ баргардон кардааст.

Ин достон ба забони тоҷикӣ низ тарҷума ва нашр шудааст.

Соли  1878 нависанда, мунаққид, мақоланавис ва намоишноманвиси олмонӣ  Карл Штернхейм ба дунё омад. Вай дар асарҳои худ меъёрҳои ахлоқ дар ҷомеаи онрӯзаи Олмонро зери танқид гирифтааст. “Нозпарвард”, “Шалворҳо”, “1913”, “Ҷаъба”, “Брюгер Шиппер” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

Соли 1921 дар Эрн нависандаи фаронсавӣ Андре Стил таваллуд шуд. Вай барандаи ҷоизаи Сталин буд. Шатранҷбози машҳур буд, ки бо Гарри Каспароз мусобиқа карда буд.

Романҳои “Мо ҳамдигарро фардо дӯст хоҳем дошт”, “Биё бирақсем, Виолина”, “Романсон”, “Чун инсон зебо”, “Кӣ?”, “Гулҳои иштибоҳӣ” маҳсули қалами ӯ мебошанд.

antuan-de-sent-ekzjuperiСоли 1924 нависандаи фаронсавӣ Антуан де Сент-Экзюпери аввалин ҳикояи худро бо номи “Халабон” чоп кард. Экзюпери адибе буд, ки пас аз маргаш ба қаҳрамони миллии Фаронса табдил гардид. Ва ҳодисаи маргаш низ бо гузашти даҳсолаҳо ба сурати фарзияву тахминҳо боқӣ монда. Он чизе дақиқан маълум аст, он ки 31-уми июли соли 1944 барои парвози иктишофӣ бар фарози Фаронсаи ишғолӣ шуда, дар баҳри Миёназамин ба парвоз даромад ва пас аз он дигар ҳеч гоҳ дида нашуд.

Соли 1926 дар Кембриҷ нависандаи асарҳои тахайюлии амрикоӣ Энн Маккефри  ба дунё омад. Вай аввалин бонуи нависанда буд, ки соҳиби ҷоиҳаҳои “Ҳюго” ва “Небюлло” шуда буд.

Парвози аждаҳо”, “Сайру саёҳати аждаҳо”, “Аждаҳои сафед (романи сегона), “Субҳои аждарҳо” номгӯи асарҳои ӯ мебошанд.

Соли 1943 дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ шоири тоҷик Султон Шоҳзода таваллуд шуд.  Шеърҳояш аз ибтидои солҳои 60-ум чоп шудаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои «Чашмаи Носир» (1975), «Ману борон» (1982), «Ошёни уқобон» (1985), «Сояи кӯҳ» (1986), «Парандаи кабуд» (1989) ва «Афсонаи баҳор» (1994) мебошад.

Иддае аз шеърҳояш ба забонҳои украинӣ, ӯзбекӣ, чехӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Ашъори алоҳидаи М. Луконин, С.Островой ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Соли 1951 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара адиби маъруфи тоҷик Додохони Эгамзод таваллуд шудааст.

Аз декабри 1980 то октябри 1989 мухбир ва баъдан, котиби масъули газетаи «Адабиёт ва санъат», солҳои 1989-1991 сармуҳаррири рӯзномаи «Паёми Душанбе», сипас, то августи соли 1992, муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистон», аз моҳи марти 1999 то августи 2007 сармуҳаррири рӯзномаи «Нилуфар», ҳамзамон, сармуҳаррири «Сухани халқ» – нашрияи Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ будааст.

dodohon-egamzodАз   августи   2007   сармуҳаррири маҷаллаи «Ноҳид»,  ҳамзамон,  бунёдгузори  нашрияҳои «Саломат   бошед!»,    «Лочин»,   «Лаку   Пак», «Ганҷи Ворух» буда, дар пешрафти матбуоти тоҷик саҳми назаррас мегузорад.

Дар ҳаҷвнигорӣ қалам тез кардааст. Муаллифи  маҷмӯаи  қиссаву ҳикояҳои ҳаҷвии «Караван улыбок» (1986), «Лабханди Нодир» (1987), «Гаҳворабахш ё худ қиссаи зангирии худам», «Лангари бозсозӣ» (1989), «1001 ханда»        (1992),        «Парастуи       рамида», «Муҳаббати думбурида ё худ тафсири ишқи гулдухтар ё гулписар» ва «Балогардон ё худ пораҳо аз хотираҳои як нависанда дар бораи се президент» (2013) ва ғ. мебошад.

Дорандаи ордени «Шараф» (дараҷаи 2), медали ҷашнии «100-солагии матбуоти тоҷик», Аълочии матбуоти Тоҷикистон.

Аз соли 1976 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1988 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Соли 1961 дар деҳаи Хоҷапанҷи ноҳияи Панҷакент шоир ва нависандаи тоҷик Абдурауф Муродӣ таваллуд шудааст. Ӯ муаллифи китобҳои «Дили гарм» (ҳикояҳо, 1997), «Мӯйлаб» (ашъори ҳаҷвӣ), «Ҷасорат» (қиссаи ҳуҷҷатӣ), «Аз нешханд то нӯшханд» (ҳаҷвияҳо, 1999), «Лутфи Худованд» (назму наср 2000), «Шукуфти ғунчаи лабҳо» (ҳикояҳои ҳаҷвӣ, 2006 «Анори дона-дона» (2005), «Чошнӣ» (ашъори ҳаҷвӣ, 2009) ва қиссаи ҳаҷвии «Ману занам» мебошад. Силсилаи бардавоми навиштаҳои ҳаҷвии ӯ «Анори дона-дона» аз ҷониби хонандагон истиқболи гарм ёфтаанд.

 abdurauf-murody«Биё, то қадри якдигар бидонем!» (2009) сафарнома буда, бо сабки хосу ҷолибе нигориш ёфтааст.

Китобҳои «Дилнавоз», «Посдори ҳақиқат» ва «Анҷумани дӯстон»-аш аз кору пайкори бархе ҳамдиёрони маъруфамон ҳикоя мекунанд.

Мақолаҳои илмию методии ӯ дар авроқи китобҳои «Дурахши вожаҳо», «Ҷашнномаи мактаб» ва «Паёми мушовир» дастраси умум гардидаанд.

Дорандаи нишонҳои фахрии «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», Барандаи Ҷоизаи Ҷамъияти умумииттифоқии «Знание», Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ  (2019)  мебошад.

Соли 1996 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

 Таҳияи Б.Шафеъ