Боздиди блогери маъруф Гусейн Гасанов аз Китобхонаи миллӣ

Gasan-GasanovБлогери маъруф Гусейн Гасанов ба Китобхонаи миллӣ ташриф овард. Меҳмононро муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода пешвоз гирифт. Сипас онҳоро роҳбаладон ба сайри Китобхона бурда, доир ба таърихи ин кохи маърифат маълумот доданд.

Меҳмонон аз толорҳои феҳристнигорӣ, хизматарсонӣ ба истифодабарандагон, осорхонаҳои китоб, дастхатҳои Шарқ, китобҳои тозанашр ва дигар ҷойҳои дидании макони пурганҷ боздид ба амал оварданд.

Gasan-GasanovДидани тасвири таърихии Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарифзода боиси ҳайрату тааҷуби  Гусейн Гасанов гардид. Барои ў аҷиб намуд, ки ин асари тасвирии бузург чӣ тавр то китобхона оварда шуд ва оё он шакли асл аст ё нусха. Ба Гусейн гуфта шуд, ки асарро порча-порча оварданд ва рассом онро дуруст кард. Асаре, ки давоми 20 сол эҷод шуд, ба анзари блогери машҳур боварнакарданӣ буд. Ў пурсид, ки ин ҳақиқат дорад ва оё рассом зинда аст.

Дар сосорхонаи Китобхонаи миллӣ таваҷҷуҳи меҳмонро қадимтарин китоби китобхона ҷалб намуд, ки «Таърихи Табарӣ» ном дорад ва аз асри 13 нигоҳдорӣ мешавад.

Gasan-Gasanov

Ҳамчунни блогери шинохта бо китобчаи «Қуръони Карим», ки худтарин китоби шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир буда, 1,6 грамм вазн дораду тавассути заррабин мутолиа карда мешавад, ошно шуд.

Гусейн Гасанов дар рафти сайёҳаташ ба Китобхона миллӣ бо хидматрасониҳову шароити он ошноии комил пайдо намуд. Дар осорхонаи китобхона китобҳои туҳфанамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ифтитоҳи бинои нави Китобхона туҳфа намуда буданд, ба блогери номӣ муаррифӣ шуд.

Боздид аз Китобхонаи миллӣ барои меҳмон пурхотира дилнишин буд. Блогери номдор сафарашро ба Китобхонаи миллӣ наворбардорӣ менамуду аксҳо мегирифт.

Gasan-Gasanov

Гусейн Гасанов дар охир таассуроташ аз ин диду боздидро дар  дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Китобхонаи миллӣ сабт намуд.

Ҳамчунин аз номи Китобхонаи миллӣ ба меҳмон китобҳои “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”-и Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забони русӣ тақдим шуд.

Раҳима АЗАМ,
бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа
.