Фирдавсӣ кист ва «Шоҳнома» чист?
Посухи ин ва даҳҳо суоли дигарро шумо метавонед аз мутолиаи китоби “Фирдавӣ – шоири паёмрасон” пайдо кунед. Муаллифи ин китоб пажӯҳишгари маъруф Ҷамолиддин Саидзода аст ва он соли 2023 дар шаҳи Душанбе чоп шудааст.
Китоб се рисоларо дар бар мегирад. Ва тавре дар муаррифии кутоҳи он омадааст, дар он оид ба шуҳрати «Шоҳнома», масъалаҳои хираду дониш, мақоми сухан ва таъсири каломи Фирдавсӣ ба гўяндагон, ҳаёту фаъолияти Фирдавсӣ, суннати шоҳномасароӣ, «Шоҳнома» ва замони имрўз, шуҳрати ҷаҳонии «Шоҳнома», шоҳномахонию шоҳномадонӣ, фикрҳои панду ахлоқӣ, масъалаи рўҳи миллӣ, муносибати Фирдавсӣ бо шуубия ва шоирони пеш аз худ – Рўдакӣ, Абўшакур, Дақиқӣ ва баъдина – Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Асадӣ, Носири Хусрав, Ҳоқонӣ, Низомӣ, Саъдӣ ва Ҷомӣ изҳори назар шудааст.
Китоб барои олимон, муаллимон, талабагон, дўсторони адабу фарҳанги миллӣ ва оммаи васеъи хонандагон пешниҳод шудааст. Муаллиф изҳори умед кардааст, ки он чӣ дар китоб омадааст, мавриди писанди умум қарор мегирад.
Китоби “Фирдавӣ – шоири паёмрасон”-ро шумо ҳоло метавонед дар Китобхонаи миллӣ пайдо ва мутолиа намоед.
Гулистон Лундишоева