Толорҳои пурхонандаи Китобхонаи миллӣ
Имрўз толорҳои хониши китобхонаи миллӣ моломоли хонанда буд. Сайри мо дар дохили Китобхонаи миллӣ ва боздид аз толорҳои хониши китобхона гувоҳи гуфтаҳои болост. Бахусус толори тиб ва табиатшиносӣ пурхонанда буд. Аз субҳ то чошт бештар аз 112 нафар истифодабарандаи китоб барои мутолиаи китобҳои «Хирургические болезни», «Акушерство», «Анатомия», «Биологияи тиббӣ», «Ҷарроҳии умумӣ», «Асабшиносӣ», «Бемориҳои дарунӣ», «Фармокология», «Гистология» ва дигар китобҳо ба толори тибб ва табиатшиносӣ муроҷиат намудаанд.
Ба гуфтаи кормандони шуъбаи мазкур ин шуъба ҳамеша пурхонанда аст ва хонандагони асосии ин толор донишҷўёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад.
Толорҳои озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро низ мушоҳид намудем ва бо хонандагон суҳбат оростем ва ба ин натиҷа расидем, ки омадани хонандагон ба толорҳои китобхона аз 15-уми апрел ба ин сў дар ҳоли бештар шудан аст. Аксари онҳо ҷавононанд. Ба гуфтаи кормандони толори хизматарсонӣ ба истифодабарандагон ин мавсим нисбат ба мавсими соли гузашта 5261 хонанда бештар ҳузур ёфтааст.
– Дар се моҳи соли 2022 ба толорҳои хониш 12826 истифодабаранда қадам ранҷа намудааст. Дар се моҳи соли 2023 ин шумора ба 18087 адад расид, ки гувоҳи афудани шумори китобхонҳост, ки дар қиёс ба семоҳаи аввали як соли пеш 5261 нафар зиёд аст, -гуфт зимни суҳбат ба сомонаи Китобхонаи миллӣ Ҷамшед Қурбонов,муовини сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон.
Аз аввали рўз то нимаи рўз дар толори умумии Китобхонаи миллӣ 377 нафар ҳузур пайдо намуданд ва китобҳои соҳаи таърих, ҳуқуқ, тиб, фанҳои дақиқро бештар дархосту мутолиа карданд. Аз ҷумла 41 нафар дар толори озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», 48 хонанда дар толори ҳуқуқ ва фалсафа, 49 нафар толори озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» сабти ном шуданд.
Ҷамшед Қурбонов афзуд, ки аксари хонандаҳои мо барои бисёрмуддат ба китобхонӣ меоянд. Вақти ғизои нисфирўз сарфи ғизо мекунанду бармегарданд ва то соатҳои 21:00, 21:30 дақиқа китоб мехонанд. Ба андешаи ў фасли тобистон дар таътили тобистона шумори китобхонҳо кам мешавад. Ў иброз дошт, ки зиёдшавии хонандагон аз нимаи моҳи апрел ба мушоҳида расид.
Муқоисаи оморҳо нишон медиҳад, ки дар се моҳи соли гузашта хонандагон 14386 китоб дархост крада буданд, имсол ин рақам ба 20655 расид, ки 6569 китоб афзудааст.
Хотиррасон намудани муассисаҳое, ки хонандагони доимии Китобхонаи миллиянд, беманфиат нест, тавре дар поёни суҳбат Ҷамшед Қурбонов таъкид намуд Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ Сино, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ба таври мунтазам дар Китобхонаи миллӣ китоб мехонанад ва аксари хонандагони китобхонаро ташкил медиҳанд.
Раҳима АЗАМ,
бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа.