Назари хос. Зиндагӣ иншост, ки худ менависем
Барои навиштан ва пешниҳод намудани сатре нависандагон бисёр заҳмат мекашанд. Новобаста аз оне, ки навиштаи эшон хонандаи хешро пайдо хоҳад кард ё на. Ва ман ҳам қалам ба даст гирифтам, то дар мавзуи ҳалталаби ҷомеаи имрўз – хонавайронии оилаҳои ҷавон изҳори назар кунам. Ман ҳам яке аз ҳамин ҷавононам ва андешаву афкори ҳамсолонам бароям бегона нест, мушоҳидаҳои зиёде ҳам дорам ва пеш аз он ки хостам нависам, аввал хеле андешидам, омӯхтам, дидам. Вале боз ҳам медонам, ки на ҳама чиро метавон гуфту навишт, аммо чизеро, ки аз хотир мегузарад, метавон чун андешаи хос рӯи коғаз рехт.
Барои навиштан ва интихоби ин мавзуъ мушоҳидаҳои рўзмарра ва инчунин шикаст ва ҷой доштани ноҷӯриҳо дар зиндагии баъзе аз ҳамсабақон ва ҳамсолонам сабаб гардидааст. Албатта, бояд қайд кард, ки ҳамаи мо бо мафҳуми оила новобаста аз шароит ошно ҳастем ва хеле хуб медонем, ки ячейкаи асосии давлат ва пойдории миллат аз оила сарчашма мегирад. Бояд зикр кард, ки таъсири муҳити атроф ва хонавода дар сохтану нигаҳ доштани оилаи хушбахт низ нақши асосиро мебозад, зеро то соҳиби оилаи хеш гаштани ҷавондухтарону ҷавонписарон онҳо дар муҳити атроф ва ҳонаводаҳои хеш тарбият мегиранд.Ҷавононе, ки дар муҳити хонаводаи солим ба воя мерасанд, дар бунёди оилаи хушбахт муваффақ мегарданд, аммо ҷавононе, ки аз хурдӣ бо муҳити солими хонавода ё шароити тифоқии волидайн ошноӣ надоранд, бештари вақт ба паҳлуҳои манфии зиндагӣ назар намуда, дар бунёди оилаи солиму хушбахт душворӣ мекашанд. Албатта, дар баробари ба фарзандон фаҳмондани мафҳуми хонавода вазифаи волидон аст, дар мактаб ин мафҳумро ба хонандагону толибилмон устодон дар дарсҳои тарбиявӣ ва маърифати оиладорӣ меомӯзанд. Маҳз дар даврони мактабӣ ҷавонон ба ҳамдигар эҳсоси дилгармӣ пайдо мекунанд, ки дар илм онро давраи гузариш номидаанд. Бархе аз ҷавонон ин давраи гузаришро бо ҳазлу шухӣ ва шодиву сурур теъдоди дигаре бошанд бо ғаму андуҳ ё бо ибораи нарасидан ба мақсадҳои волои хеш, ки он ҳам висоли дилдода аст, паси сар менамояд. Ин замон дар ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ дарк намекунанд, ки ин эҳсоси дар даврони мактабии онҳо ишқ не, ҳаваси зудгузар аст. Дар ин давра хонавода ва омўзгоронро мебояд ба ҷавонон маънои ин эҳсоси зудгузарро ба воситаи насиҳат ва шеъру ҳикоятҳо дар мактабу оила фаҳмонанд ва нисбати ин давраи ҳаёти фарзанди хеш беэътиноӣ зоҳир накунанд, зеро ин гуна рафтори волидайн ва устодон метавонанд яке аз омилҳои шикасти як хонавода гарданд.
Дар айёме қарор дорем, ки ҷавонони имрўзамон оиладор шуда зуд хонавайрон мешаванд ва ҳар фарде сабаби хонавайронии онҳоро дар омода набудани онҳо барои сохтани хонавода ё сарфаҳм нарафтани мафҳуми оиладорӣ мебинанд. Маҳз зиёд шудани теъдоди хонавайронӣ сабаб гардид, ки имрўзҳо дар муассисаҳои таълимии миёна дарси маърифати оиладориро ҷорӣ намуданд, то ҷавонон барои бунёди оилаи пойдору хушбахт омода гарданд. Оилаи дар асоси бовар, муҳаббат, эҳтиром ва садоқат сохта шуда пойдор буда метавонад ва набудани бовариву муҳаббату эҳтирому самимият боиси пайдоиши низоу хархаша миёни ҷавонон гардида, оромиши хонаводаро аз байн мебарад, ки сабаби парокандашавии як оила мегардад. Дар ҳамин маврид ҷавонони навхона ба дастгириву насиҳатҳои калонсолон эҳтиёҷ пайдо мекунанд. Бузургсолонро мебояд бетарафӣ накарда дастгиру мададгори онҳо гарданд, то пеши роҳи вайрон шудани оилаҳоро бигиранд.
Албатта, ҳама кор меъёр дорад. Имрўзҳо мо дар асри техникаву технология қарор дорем ва мувофиқи гуфтаи баъзе аз ҷавондухтарону ҷавонписарон омили ба вуҷуд омадани низоъҳои оилавӣ истифодаи зиёди сомонаҳои интернетӣ ва суҳбатҳои барзиёди телефонӣ бо шахсони бегона аст. Истифодаи зиёди телефони мобилӣ боис мегардад, ки оилаҳои ҷавон нисбат ба ҳамдигар кам таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд ва ин бепарвоӣ боиси кам гаштани муҳаббат ва заиф гардидани пойдевори оила мегардад. Вайрон кардан осон, вале обод кардан мушкил аст. Ба ҷавонон муроҷиат намоем, ки дар интихоби ҳамсар зиёд шитоб накунанд. Пас аз интихоб барои бунёд кардани оилаи хушбахт талош намоянд ва бидонанд, ки инсон вақте дар муҳити хушбахтӣ умр ба сар мебарад, бо кадом заҳмату талош ба даст омадани онро пай намебарад, вале он хушбахтиро аз даст медиҳад, дарк мекунанд, ки чӣ қадар хушбахт будааст он айём. Ҳар фардро донистан мебояд, ки зиндагӣ матне нест, ки нафаре бароямон бихонад, зиндагӣ иншост, ки онро худамон менависем. Фаромўш накунед зиндагӣ мечархад, баъзан ба руямон механдад, баъзан мегиряд.
Зиндагӣ ин худ духтани шодиҳост,
Зиндагонӣ ин ҳунари ҳамнафасӣ бо ғамҳост.
Зиндагонӣ ҳунари ҳамсафарӣ бо ранҷ аст,
Зиндагонӣ ёфтани равзана дар торикӣ аст.
Ба волидон муроҷиат менамоям: Волидайни азиз, ба фарзандонатон ҳангоми интиҳоби ҳамсар ҳаққи интихоб диҳед. Дар муҳити хонавода он қадар “Дӯстат медорам”-ро барояшон бигўед, ки муҳтоҷи “арўсак” гуфтанҳои ҳар марди азроҳрасидае нагарданд. Он қадар эҳсоси эътимод ба нафс бидиҳед, ки муҳаббатро берун аз хонавода ҷустуҷў накунанд. Ончунон аз ишқу дустдорӣ омўзонедашон, ки интизори “азизаму беҳтаринам” гуфтанҳои ҳар фарди бадғарази бехонумонҳо нагарданд. Тавре рафтор кунед, ки ҳис кунанд ҳеҷ гули сурху ҳеҷ хирси пашмии бо пул харидаву боғараз тӯҳфашуда арзиши як лаҳзаина дўстдориҳои хонаводаро надорад.
Фарзанд дар муҳити оилаи пойдор эҳсос кард, ки муҳаббат як усули равобит аст, ҳаргиз фирефтаи найранги ноҷавонмардона нахоҳад гашт.
Манижа ИБРАГИМОВА,
мутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.