Китоби нав. Низом Қосим: “Борони ашк”

Борони ашкИн китоб чанде пештар бо сарсухани театршиноси шинохта Муҳаммадуллоҳ Табарӣ чоп шудааст. Хонандагон бо намунаҳои шеър, намоишнома ва нақду публитсистикаи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ва Ҷоизаи байналмилалии «Ситораҳои Иттиҳод» Низом Қосим хуб ошноянд.

Тавассути ин маҷмўа адиби шинохта намоишномаҳои хешро, ки ҳам ба назму ҳам ба наср иншо шудаанд, манзури алоқамандони адабиёт менамояд. Дар онҳо рўйдодҳои муҳими таъриху муосир тасвир ёфта, ба воситаи фоҷиаву мазҳака масъалаҳои муҳими маънавиёт, ахлоқ, расму оин ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим 16 сентябри соли 1958 таваллуд шудааст. Дастпарвари риштаи рўзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1979). Кормандони рўзномаву маҷалла, Иттифоқи нависандагон, Вазорати фарҳанг, нашриёти «Адиб», директори Телевизиони «Баҳористон», ду даъват вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Ҳоло раиси Иттифоқи нависандагон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Беш аз бист китоби шеър, пажўҳиш, намоишнома ва тарҷумаҳояш ба табъ расидаанд.

Намунаҳои ашъор, намоишнома ва мақолаҳояш ба забонҳои гуногун тарҷума ва чоп шудаанд. Худ низ аз назму наср ва драматургияи барҷастаи адибони ҷаҳон зиёд тарҷума мекунад ва намунаҳои онҳоро дар китоб манзури хонандагон намудааст.

Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ (2006), Шоири халқии Тоҷикистон (2014), барандаи Ҷоизаи байналмилалии «Ситораҳои Иттиҳод» (2017) аст.

Китоби нави шоири маъруф “Борони ашк”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ бихонед.

Фарҳод САЛИМ, мутахассиси
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.