Китобхонаи миллӣ- мизбони даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб астДар рӯзи аввали озмун хонандагони синфҳои 1- 4 мувофиқи ҷадвали баргузории даври чоруми  озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи ҳамаи наминатсияҳо  баромад карданд.

Дар даври ниҳоии озмуни мазкур аз тамоми қаламрави кишварамон 528 нафар иштирок намуда, ҳунару истеъдоди худро ба ҳакамон нишон медиҳанд. Имрӯз довталабони озмун аз рӯйи номинатсияҳои адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср баромад карданд.

Зайнаб-АлимаҳмадоваИштирокчии аввали фасли нави озмун Зайнаб Алимаҳмадова хонандаи синфи 5 – уми МТМУ рақами 39 – и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе буд. Зайнаб соли дуюм аст, ки дар озмуни мазкур аз рӯи наминатсияи “Адабиёти классики тоҷик” иштирок мекунад. Номбурда зимни суҳбат бо мо гуфт, ки ба шаффофияти озмун боварии комил дорад ва баромадаш низ ӯро умедвор мекунад, ки дар ин давр низ ғолиб меояд.

Бояд қайд кард, ки соли 2021 ба низомномаи Озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иқдоми нав ворид гардид, ки мувофиқи он омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври ниҳоии озмун сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми то 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Ҳабибулло Одинаев – устоди фанни забон ва адабиёти тоҷики МТМУ рақами 53 – и ноҳияи Восеъ дар суҳбат ба мо гуфт, ки “ҳамасола шогирдони худро барои озмун омода менамоям ва имсол бо тайёрии ҷиддӣ омадаем. Ба андешаи ӯ китобхонӣ барои наврасон дунёи дигар месозад ва онҳо метавонанд дар роҳи рушд ва пешрафти ҷомеа таъсири мусбат расонанд. Ҳабибулло Одинаев имсол ба озмун бо шогирдаш Омина Одинаева омадааст. Омина хонандаи синфи 11 уми ноҳияи Восеъ ва  ғолиби даври шаҳрии озмуни мазкур мебошад. Омина мегӯяд барои иштирок дар озмун тайёрии ҷиддӣ дидааст ва ӯ ҳамчунин  аз имконоти давлату ҳукумати ҷиҳати баргузории озмунҳо миннатдорӣ баён намуд.

Иштирокчии дигари озмун Осия Шокаримова хонандаи синфи 4-уми  ноҳияи Ванҷ  буда, соли дуюм аст, ки дар озмун иштирок мекунад. Ӯ мегӯяд, китобхониро зиёд дӯст медорам ва имсол миқдори адабиёти азхуднамудаашро зиёд карда, мехоҳад ғолиби даври ниҳоӣ шавад.

Осия ба суоли он ки мақсад аз ғолиб омадани ӯ чист чунин посух дод, ки мехоҳад ҳамсолонашро рӯҳбаланд намояд ва онҳо низ ба китоб рӯй оваранд.

Наргис НАЗАРЗОДА