Аз Ҷӯрабек Муъмин “Ҷиддитар аз шухиҳои ҷиддӣ”-ро бихонед
Ин китоб соли 2021 чоп шуда, нав ба Китобхонаи миллӣ расидааст. Муаллиф китоби худ «Ҷиддитар» аз «Шўхиҳои ҷиддӣ»-ро аз танз шакл дода, бо қалами ҷиддӣ рўи дафтар рехтааст.
Ин китоб аз ду бахш: назм ва насри борат мебошад. «Сад хўша ангур» аз лаззату нўшинҳои зан қисса карда, ашъори дигар ва ҳикоёти ҳаҷвӣ диққати хонандаро ба танз мекашанд. Мавзуъҳои интихобкардаи Ҷӯрабек Муъмин бисёр диққатҷалбкунанда буда, камбудиҳои занони имрўзаро рӯи варақ овардааст.
Китоб бо сарсухани Шоири халқии Тоҷикистон марҳум Мирзо файзалӣ рӯи чоп омадааст.
Ҷўрабек Муъмин рўзноманигор буда, аз соли 1969 баъди хатми шуъбаи шабонаи факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин, ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар рўзномаи навтаъсиси «Меҳнати комунистӣ» (аз соли 1990 бо номи «Набзи Файзобод») фаъолият дорад. Ў аввал дар вазифаи мухбири ташкилотчии радиои маҳаллӣ, баъдан котиби масъул, ҷонишини муҳаррири рўзнома, аз соли 1989 то соли 2011, бисту як сол дар мансаби мухаррири ин рўзнома фаъолият кард. Ҳоло ҳам корманди ҳамин нашрия мебошад.
Собиқаи кориаш дар як ҷо ба 52 сол мерасад, яъне давоми ним асри зиндагӣ бо сари ду китф бори вазнини эҷодро бардошта меояд. Ба шеърнависӣ дар давоми кор дар нашрияи номбурда шурўъ кардааст. Ҳикояю фелетонҳои зиёд дорад. Ду маҷмўи ҳикояҳои ҳаҷвӣ ва ду китоби шеъраш рўи даст аст. Дар маҷмӯаи ашъораш «Ширханда», соли таълифаш 2020 достони «Мард ва зан» ҷой гирифта, дар вазни дубайтӣ 826 ададро дар бар мегирад. Ҷўрабек Муъмин аслан шоири майдони ҳаҷв аст. Ашъори ватандўстонаи фаровон ҳам дорад. Китоби «Атрборон», соли таълифаш 2016, пурра дар ин мавзўъ аст. Соли 2012 «Шўхиҳои ҷиддӣ»-аш ҳаводорони зиёд пайдо кард, ки бо қалами ҷиддӣ рўи варақ рехтааст.
Китоби “Ҷиддитар аз “шухиҳои ҷиддӣ”-ро метаовнед дар китобхонаи миллӣ бихонед.
Фарзона ШАРИФОВА,
мутахассиси шуъбаи
Мукаммалгардонии фонд.