Як китоби нави дарсӣ дар илми мантиқ
Мантиқ илмест, ки ҳангоми риояи қонунҳои он зеҳн аз лағжишу иштибоҳот дар андеша боз дошта мешавад. Бо таъкид метавонем гӯем, ҳар он касе, ки мантиқ меомӯзад, аз хатои андеша эмин мемонад, ҳамон гунае, ки ба омӯхтани наҳв аз хатогӣ дар гуфтор дар амон монад.
Китоби Б.Сулаймонов “Мантиқ”, ки ба тозагӣ интишор ёфтааст, як китоби дарсист, ки дар он бахшҳои асоси мантиқи шаклӣ мафҳум, қазия, қонунҳои асосии мантиқ ва хулосабарорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллифи китоби «Мантиқ» андешаҳои барҷастатарин мантиқшиносонро бо такя ба сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баррасӣ намуда, мубрамияти мавзуъҳои фанни мантиқ ва муҳиму зарур будани омӯзиши онҳоро таъкид намудааст. Дар пешгуфтори китоб омадааст:
Инсоният он чунон ба қувваи тафаккур сиришта шудааст, ки неруи ақлонӣ ва андешамандиро ба ин васила ба даст овардааст. Ба ин муваффақиятҳо нигоҳ накарда, дар рафтору кирдораш ба хатогиҳои зиёд рӯбарӯ мешавад ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо ба амри ҳақ ва дурӯғ аз рӯи пиндори ботил назар меандозад, ки ин баробарӣ дар муқоиса ба тааққули фитрии инсонӣ таноқузи мантиқиро ба вуҷуд меорад. Бинобар ин, ӯ ниёзманди абзорест, ки афкору андешаҳои ӯро тасҳеҳ кунад, то ба роҳи хулосабарории дуруст ба ҳақиқат роҳ ёбад. Дар ин самт, маниқ ҳамчун илми ягона воситаест, ки инсонро аз ин гуна буҳронҳои маънавӣ ба танзимоти ақлӣ берун мебарорад. Маҳз ба ҳамин хотир соли 2017 бо ҳаммуаллифии устод Сайфуллоев Н.М. дастури таълимие таҳия намудем, ки бо маълумоти мухтасар ва муфид барои донишомӯзони колеҷу донишгоҳҳои олӣ таъкид шуда буд. Аммо баъд аз гузашти солиёни зиёд худро масъул донистам, ки аз рӯи ихтисос барои миллату давлати азизам хидмате карда бошам, кӯшиш намудам, ки як китоби мукаммал дар соҳаи мантиқ таълиф намоям, ки фарогири тамоми мавзуъҳои мантиқ бошд ва донишҷӯёну омӯзгорон махсусан, мутахассисони соҳа пайваста аз он баҳравар гарданд. Хушбахтона ин иқдоми наҷиб ҳам амалӣ гардид ва китоби ба нақша даровардашуда ҳам ба итмом расиду, рӯзҳои башумор мондааст то нашри ин китоби муҳимму пурарзиш. Муҳим ба он хотир аст, ки ҷомеаи кунуни мо ниёз ба пиндору гуфтори дуруст дорад ва пурарзиш гуфтани ин китоб ба он хотир аст, ки ба истиснои ду-се китоб дар ин соҳа бо забони давлатӣ ҳатто одитарин маълумотҳо дар ин соҳа ба мушоҳида намерасад…
Матиқ илмест, ки ҳангоми риояи қонунҳои он зеҳн аз лағзишу иштибоҳот дар андеша боздошта мешавад. Бо таъкид метавонем гӯем, ҳар он касе, ки мантиқ меомӯзад, аз хатои андеша эмин мемонад. Дар маслаки ҳақиқатнигорӣ ин ду роҳи таълим риоя шаванд, зеҳну забон аз хато тоза гарданд инсон хирадманду муваффақ муаррифӣ мешавад. Чун таъсиргузорӣ ва таъсирпазирӣ фаъолияти муштараки субъект ва объект махсуб мешавад, «метавон инсони таъсиргузорро марбути мантиқ донист».Чунки илми мантиқ аз зумраи илмҳое маҳсуб мешавад, ки асоси онро тафаккури дуруст ва андешаи илмӣ ташкил дода, моҳият ва ҳақиқати онро делелҳо ва бурҳони қатъӣ ташкил медиҳанд. Метавон гуфт, ки мантиқ маҳсули тафаккур ва тааққули истидлолӣ аст ва ба ҳеҷ забон ва маконе умумияти хос надорад. Ҳамчунин, доираи омӯзишу пажӯҳиши он ба ба ҳеҷ миллату нажоде маҳдуд намешавад. Зеро танҳо шахсоне аз ин илм баҳравар гашта метавонанд, ки на аз рӯи шакл, балки мазмуни ҳақиқати ҳикматро ба истифода аз тааққули илмӣ дарк карда метавонанд. Маҳз ҳамин тақвияти тафаккури мантиқӣ метавонад дар заминаи хиради азалӣ дидгоҳи инсони комилро дигар намуда, ба ҷаҳонбинии алтернативии он таъсири мусбат расонад.
Аз гуфтаҳои боло муайян гардид, ки мантиқ аз ҷумлаи илмҳои олист ва барои дастёбӣ барои ҳадафи ғайр аз шинохти худ масъалаҳои хоси он ба кор бурда мешавад. Бо баёни равшантар мантиқ ба омӯзанда қоидаҳои умумӣ ва фарогири андешидани дурустро меомӯзад, то зеҳн ба андеша дуруст ва ҳамаи илмҳо интиқол шавад. Мантиқшиносон методологияи ин илмро ба инобат гирифта онро «мизон» (тарозу), «меъёр», «сулам» (нардбон) ва «хидматгузори илмҳо» низ номидаанд.
Мантиқ на танҳо имрӯз, балки дар давраҳои пешин низ ҳамчун илми мустақил ва мубраму зарурӣ байни донишмандон маҳбубият дошт. Барҷастатарин мантиқшиносони тоҷик Абунасри Форобӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Насируддини Тӯсӣ дар осори мондагори худ илми мантиқро дар мадди аввал гузошта мавриди омӯзишу баррасӣ қарор додаанд.
Форобӣ яке аз аввалин тоҷикест, ки бо заковати баландаш рикоби мантиқ гирифтаву онро дар сарзамини Шарқ ҷорӣ гардонид. Ӯ дар ин самт, дар баробари китобҳои асосгузори илми мантиқ – Арасту асарҳои зиёд, аз ҷумла: «Фаслҳои муқаддимотӣ оид ба мантиқ», «Қиёс», «Китоб –ул- ҳуруф», «Эҳсо – ул – улум»,»Лафзҳои (мафҳумҳои) истифодашаванда андар мантиқ»… навиштааст, ки ҳар як кадоме аз онҳо дар алоҳидагӣ мавзуъҳои муайяни мантиқро матраҳ менамоянд.
Ибни Сино бошад дар бузургтарин асари энсиклопедии худ «Китоб – уш -шифо», мегӯяд, ки мантиқ барои дарки илмҳо беҳтарин восита мебошад. Дар китобҳои «Мантиқ –ул -машриқийин», «Донишнома», «Наҷот», «Ишорот ва танбеҳот» ва дигар асарҳояш илми мантиқро тарозуи илмҳо номидааст. Ба андешаи ӯ, мантиқ «илмест, ки тарзи донистани ашёро нишон медиҳад».
Пайрави дигар мактаби машшоияи Шарк Хоҷа насруддини Тӯсӣ аввалин шуда, китоби мондагори «Асос – ул- иқтибос»-ро бо забони тоҷикӣ- фарсӣ таълиф намуд, ки тамоми мавзуъҳои ин илмро дарбар гирифта, то кунун ҳамчун сарчашма дар ин соҳа мавриди омӯзишу пажуҳиш қарор мегирад. Тӯсӣ дар муқаддимаи асараш илми мантиқро ҳам олоти фалсафа ва ҳамчун илми мустақил дониста, оид ба олат будани он чуни мегӯяд: «Дар ҳама кор бо мантиқ оғоз кардан лозим аст, зеро мантиқ олат ва абзорест, ки дар фаро гирифтани илмҳои дигар кӯмак мекунад…» Аммо, дар ҷои дигар илми мантиқро ҳамчун илми мустақил бо чунин тарз маънидод мекунанд: «Мантиқ илм аст, зеро тавассути қоида ва қонунҳо, доираи васеи мавзуъҳо ва усули он, мо зеҳнро аз хатоӣ дар андеша боз медорем …» Аз ин таҳлилҳо хулоса баровардан мумкин аст, ки Тӯсӣ аз доираи фаҳмиши Арасту берун баромада, чун Форобӣ ва Ибни Сино мустақилияти илми мантиқро эътироф кардааст.
Дар асрҳои миёна, хусусан, давари Сомониён мутафаккирони тоҷик ба тарҷумаву тадвин ва ташвиқи илми мантиқ пайваста талош мекарданд. Ин анъанаи классикон тариқи силсилаи наслҳо то имрӯз идома ёфта, ҳадаф аз ин силсила пайгириҳо бо воситаи илми мантиқ рушди донишҳои тааққулӣ ва инкори донишҳои ифротию хурофотӣ дониста мешавад. Имрӯз, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ давлатҳои абарқудрат андешаҳои мутақобилро болои башарият таҳмил мекунанд, моро низ чун сокини ин сайёро зарур аст аз манфиатҳои миллии худ бо истифода аз заковату тааққули мантиқӣ ҳимоят намоем. Агар чунин амали наҷиб анҷом дода шавад, ҷомеаи имрӯзаи мо аз манфиатҳои ин илм ба куллӣ баҳравар мегардад ва бар зидди падидаҳои номатлуб истодагарӣ мекунад…
Китоби “Мантиқ”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.