Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб 51 китоби худро ба Китобхонаи миллӣ тақдим кард
Шоири халқии Тоҷикистон Хақназар Ғоиб 51 китоби худро ба «Китобхонаи миллӣ» тӯҳфа кард. Ин китобҳои адиби номвар солҳои гуногун дар нашриётҳои кишвар ва хориҷ аз он бо ҳуруфи крилливу форсӣ чоп шудаанд. Шоири маҳбуб ин китобҳоро рӯзи панҷшанбеи гузашта дар ҷараёни рӯнамоии китобномаи тарҷумаҳолиаш, ки бо ибтикори Китобхонаи миллӣ нашр шуда буд, тақдим кард.
Дар миёни китобҳои тақдимшуда «Барги сабзи ишқ», «Дар бистари нарми гул», «Таронаҳои маҳтобӣ», «Сурӯши Хатлон» , «Муждаҳои ориёӣ», «Ашки Офтоб», «Зинда бо гудозишҳо», «Шоире бо китобу сабки худшиносӣ», «Гул, шиша ва санг», «Дар таҷаллийи офтоби аллома Иқбол», «Навҳаи Фирдавсӣ бар марги Рустам» , «Нафас то бар нафас овози вақт аст», «Тоҷик ва тоҷи Офтоб», ки миёни хонандагонаш маҳбубият доранд, дида мешаванд.
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб 7 январи соли 1943 дар деҳаи Офтоблиқои ноҳияи Кӯлоб чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъди хатми Омӯзишгоҳи педагогӣ (1960) ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб (1966), як сол омӯзгорӣ карда, аз соли 1966 ба кори рӯзноманигорӣ гузашт.
Солҳои 1974-1981 сарвари Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Кӯлоб буд, баъдан котиби масъули бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб (1989), сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон» (1990-1993), сармуҳаррири рӯзномаи «Навиди Кӯлоб» (1993) будааст.
Аз соли 2002 бахши Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлонро роҳбарӣ мекард. Бештар аз 50 сол машғули фаъолияти босамари эҷодӣ буда, наздик ба 30 маҷмӯаи ашъорашро ба чоп расондааст.
Ҳақназар Ғоиб аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, соли 1996 сазовори унвони Шоири халқии Тоҷикистон гардидааст.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи мукаммалгаронии фонд.