Маҳфили “Фурӯғ”. Зинда бош, эй чашмаи илҳоми ман

Маҳфили “Фурӯғ”. Зинда бош, эй чашмаи илҳоми ман

 

Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” маҳфили телевизионии “Фурӯғ” амал мекунад, ки дар он хонандагони фаъоли шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон ва довталабони Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ширкат меварзанд.

Фурӯғ” доираи мавзӯъҳои гуногунро дар бар мегирад ва маҳфили навбатӣ  аз рӯзгор ва осори шоири тоҷик, яке аз бузургони адабиёти муосири тоҷику форс дар Осиёи Марказӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ (1978) Лоиқ Шералӣ қисса мекунад. 


Иштирокдорони маҳфил аз рӯзгор ва осори ӯ сухан гуфта, аз ашъори пурмуҳтавои шоири ширинкалом порчаҳо қироат намуданд. Аз ҷумла, “Дасти дуои модар”, “Қасди шоир”, ”Танҳоӣ”, “Забонгумкарда”, “Мо тоҷиконем”, “Ватан сар мешавад аз гоҳвара”, “Бе дарди дил касест,ки..”, “Зинда бош, эй чашмаи илҳоми ман”,  “Аё модар, мадори ман ту будӣ”  ва амсоли инҳо.

Фарҳангшиноси шинохта, муҳаррири радио “Фарҳанг” Убайдулло Акрамзода дар меҳмонии маҳфил қарор дошт, ки доир ба баъзе паҳлӯҳои эҷодӣ, вижагиҳои сабк ва ҷойгоҳи Лоиқ Шералӣ дар адабиёти муосири тоҷик андеша ронда, ба суолҳои хонандагон посух гуфт.

Зикр бамаврид аст, ки Убайдулло Акрамзода дар мавриди ҷумлабандиҳои ба истилоҳ “нави” имрӯз ва  баҳри беҳтар гардидани нутқ ва услуби баён ба хонандагон маслиҳатҳои муфид дод.  “Дурусту бехато сухан рондан ва ба унсурҳову ибораҳои нораво роҳ надодан аз маърифату фарҳанги баланди шахс дарак медиҳад”, – иброз дошт ӯ. 


Ҳамчунин доир ба талаффузи вожаҳо дар шеър, бахусус калимаҳои дорои ҳамсадои шадданок гуфта гузашт, ки аз манфиат холӣ нест, зеро дарки баёни дурусти калимаҳо дар қолаби шеър ба манфиати ҳам хонанда ва ҳам шунаванда мебошад. Ҳамзамон гуфта шуд, ки Лоиқ Шералӣ шоири одӣ нест ва “агар хоҳем, ки тоҷикона андеша ронем, тоҷикона сухан кунем ва тоҷикона ба камол расем, пас бояд аз ашъори ин шоири баргузидаи муосир – Лоиқ бархурдор бошем”.

Сар ба пои зиндагӣ бинҳода мемирем мо,

Зода меҳнатзода, меҳнатзода мемирем мо…

Мисли марди қуллапаймое, ки маргаш қулла аст,

Аз баландии сухан афтода мемирем мо.

Бояд қайд намуд, маҳфил дар фазои гарму самимӣ ҷараён гирифта, ба иштирокдорон, ки аксаран довталабони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ ктоб аст…” мебошанд, барои шинохти бештари мероси адабии шоири нотакрор Лоиқ Шералӣ мусоидат намуд. 

Дӯстдорони шеъри ноби тоҷикӣ ва ҳаводорон маҳфили “Фурӯғ” ин барномаи телевизиониро метавонанд тариқи телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” тамошо бикунанд.

 Муҳидинова Махфират,