Худшиносии миллӣ: Заминаҳо ва равандҳо.

Китоби 1

Дар муқаддмаи китоб омадааст, ки дар шароити ҷаҳони муосир, ки бо суръати бесобиқаи тағйироти сиёсӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ ва технологӣ ҳаракат мекунад, масъалаи худшиносии миллӣ ва ҳувияти миллӣ ба яке аз масъалаҳои калидии шуури иҷтимоӣ табдил ёфтааст.

Ҷаҳонишавӣ, аз як сӯ, уфуқҳои нав барои муошират ва ҳамгироии тамаддунҳо мекушояд, аммо аз сӯйи дигар, боиси фарсудашавии арзишҳои миллӣ, заъфи ҳофизаи таърихӣ ва шаклгирии буҳронҳои ҳувиятӣ мегардад. Дар чунин вазъ, худшиносии миллӣ, на танҳо як арзиши фарҳангӣ, балки шарти пойдории иҷтимоӣ, амнияти маънавӣ ва рушди устувори ҷомеа ба шумор меравад.

Худшиносии миллӣ, ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ – фарҳангӣ, реша дар худшиносии фардӣ дорад ва дар раванди таърих ба шакли «Ман»-и иҷтимоӣ ва «Мо»-и миллӣ ташаккул меёбад. Ин раванд на як ҳолати собит, балки як низоми зинда ва таърихӣ мебошад, ки ҳамеша дар муколамаи доимӣ бо муҳити сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии замон қарор дорад. Миллате, ки аз худшиносии устувор ва хирадгароёна бархурдор аст, қодир мегардад арзишҳои худро ҳифз намояд, бо равандҳои фаромиллӣ вориди муколама шавад ва ҳамзамон истиқлоли маърифатии худро аз даст надиҳад.

Дар таърихи тамаддуни тоҷикон масъалаи худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, ҷойгоҳи махсус доранд. Мероси мутафаккирони бузурги форс – тоҷик – Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Форобӣ, Ибни Сино ва Берунӣ, гувоҳи он аст, ки худшиносии миллӣ дар андешаи онҳо танҳо ифтихори таърихӣ ё эҳсоси тааллуқ доштан набуда, балки пеш аз ҳама як равиши маърифатӣ, ахлоқӣ ва фалсафӣ мебошад. Муқоисаи фарҳанги худӣ бо фарҳанги бегона, ҷудосозии арзишҳои умумибашарӣ аз қолабҳои маҳдуди қавмӣ,  таъкиди нақши ақл, дониш ва ахлоқ дар ҳастии инсон – ҳамаи ин унсурҳо пояҳои назариявии худшиносии миллиро дар анъанаи фикрии тоҷикон ташкил медиҳанд.

Монографияи мазкур, бо унвони «Худшиносии миллӣ: заминаҳо ва равандҳо», талоши таҳлили фарогир ва байнисоҳавии масъалаи худшиносӣ ва ҳувияти миллиро дар партави мероси фалсафӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, педагогӣ ва воқеиятҳои муосирро ҳадаф қарор додааст. Дар он худшиносии миллӣ ҳамчун раванд, аммо на ҳамчун мафҳуми маҳдуд, баррасӣ шуда, робитаи он бо ахлоқ, таҳлил мегардад. Муаллифион кӯшиш ба харҷ додаанд, то нишон диҳанд, ки худшиносии миллӣ танҳо ба гузашта нигаронида нашуда, балки дорои иқтидори бузурги эҷодӣ барои ҳозира ва оянда мебошад.

Аҳаммияти махсуси монография дар он аст, ки худшиносии миллӣ на ҳамчун шакли дифоии зидди «дигар”, балки ҳамчун механизми худтанзимкунандаи ҷомеа ва омили рушди маънавӣ муаррифӣ мегардад. Дар ин замина, худшиносӣ ба сифати як навъ «масунияти иҷтимоӣ» баррасӣ мешавад, ки қобилияти шинохт, ҳазм ва ё рад намудани таъсирҳои берунаро дорад. Ҷомеае, ки чунин масуниятро аз даст медиҳад, дар баробари ифротгароӣ, бегонапарстӣ ва истеъмори зеҳнӣ осебпазир мегардад.

Хонандагон китоби «Худшиносии миллӣ: Заминаҳо ва равандҳо»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд. 

Анӯшаи Ҷамолиддин   

мутахассиси пешбари