Рўзи «Дарҳои боз»-и Китобхонаи миллӣ
Рўзи «Дарҳои боз»-и Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз оғоз гардид. Дар он муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии исломии Покистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар , намояндаи Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ширкат намуданд.
Директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода меҳмононро, ки аз вазорату идораҳои кишвар ва муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ҳамзамон, намояндагони дипломатии кишварҳои хориҷиро ба ин боргоҳи илму маърифат, самимона хушомадед гуфт.
Дар идомаи суханрониаш ў чунин изҳор дошт:
-Миллати сарбаланди тоҷик ба китобдорию китобхонӣ аз қадимулайём арҷ мегузошт ва қаламу дафтару девонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт менамуд, барояш китоб бонги бедорию ҳушёрӣ буд. Тоҷикон китобро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омўзгори беминнат мешумориданд, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурўғи субҳи доноӣ» медонистанд. Воқеан таърихи китобдории кишвари мо аз таърихи пурғановат ва доманадор бархурдор буда, имрўз аз назари китобдорӣ авҷу камол ёфтааст.
Муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Давлат Сафар низ суханронӣ намуда, аз аҳамияти китоб ва мутолиаи он дар ҷомеа ибрози ақида нмуд. Ба гуфтаи ў агар мардум, бахусус ҷавонону наврасон ба китобхонӣ машғул шаванд, сатҳи огоҳиву дониши онҳо боло рафта, ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ намепайванданд. Касе, ки агар ду китоби бадеӣ бихонад, ба ҳар гуна гурӯҳу ташкилотҳои мамнуъ ҳамроҳ намешавад.
Дар ин рўз ҳамчунин толори озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат», ки ташаббуси Китобхонаи миллист, ифтитоҳ гардид. Дар он асарҳои Пешвои миллат ва осори дигаре бахшида ба фаъолиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намош гузошта шуданд.
Дар Китобхонаи миллӣ дар доираи рўзи «Дарҳои боз» шоми имрўз соати 18:00 маҳфили «Ҳамешабаҳор» бахшида ба 50-солагии эҷодиёти шоири маҳбуб Хайрандеш шоми имрўз баргузор хоҳад гашт.
Боиси хушҳолист, ки як зумра кормандони Китобхонаи милӣ дар ин рўзи хотирмон барои хизматхои шоён ба унвонхои Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон мушарраф гардиданд:
Амриддин Исломов – садори Раёстаи кадрҳо ва корҳои махсус ва Фирӯза Раҳимова –муовини сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ ба унвони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, Зафари Гулмурод- сардори шуъбаи котибот, Саноат Набиева муовини раиси Шўрои бонувони Китобхонаи миллӣ ва Фазолат Набобова Аълочии фарҳанги Тоҷикистон.
Ҳамкоронамонро барои ин комёбиҳояшон самимона муборакбод мекунем.
Раҳима Аъзам,
бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа