Шуъбаи адабиёти хориҷӣ: Аз хидматрасонӣ ба муштариён то чопи “Тоҷикистон дар адабиёти хориҷӣ”
Шуъбаи адабиёти хориҷӣ соли 1938 ҳамчун бахш таъсис ёфта, аз соли 1956 бо сифати шуъбаи адабиёти хориҷӣ фаъолият менамояд. Фонди шуъбаи адабиёти хориҷиро беш 52000 нусха китоб, 26706 маҷалла ва 2549 баста рўзнома бо 42 забони мухталифи ҷаҳон дарбар мегирад, ки бештари ин адабиёт доир ба фарҳанг, ҷуғрофия, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ таърих мебошад. Як қисми фонди шуъбаро танҳо адабиёт доир ба Тоҷикистон ташкил медиҳад, ки хонанда метавонад аз таъриху фарҳанги халқи тоҷик ба забонҳои хориҷӣ мутоила намояд.
Шуъбаи адабиёти хориҷӣ аз соли 1961 ба мубодилаи байналмиллалии китоб шуруъ карда, то ба имрӯз бо 22 китобхонаи бузурги кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла, Федератсия Русия, Белоруссия, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Узбекистон, Кирғизистон, Хиндустон, Руминия, Ҷопон, Булғористон, Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Лаҳистон ва дигар давлатҳо мубодилаи байналмиллалии китобро ба роҳ мондаааст.
Самтҳои асосии фаъолияти шуъба:
-Хидматрасонӣ ба хонандагон
– Мубодилаи байналмиллалии китоб
– Такмили адабиёти хориҷӣ
– Кор бо фехристи шуъба ва ДМБ
– Таҳияи дастури библиографии соҳавӣ
– Кор дар барномаи “ALEPH”
Кормандон аз руй нақшаи соли 2022 баҳри интишори дастури библиографӣ-маълумотдиҳии “Тоҷикистон дар адабиёти хориҷӣ”: солҳои 1991-2021” талош ба харҷ доданд ва он соли 2023 ба теъдоди 100 бо дастгирии роҳбарияти Китобхонаи миллӣ руй чоп омад.
Дар айни замон кормандони шуъба илова ба корҳои ҳамарӯзии хидматрасонӣ ба муштариён ва самтҳои дигар фаъолият дастурии маълумотдиҳии библиографии солҳои 2022-2025 мавод ҷамъоварӣ мекунанд.
Шаҳло ШИКОРБЕКОВА,
муовини шуъбаи
адабиёти хориҷӣ