“Ҳеч кас ва ҳеч чиз фаромӯш нахоҳад шуд”
Унвони ин маҳфил “Ҳеч кас ва ҳеч чиз фаромӯш нахоҳад шуд” буд, ки шӯъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ нимаи дуюми рӯзи 8-уми майи соли равон дар ошёнаи 3- и ҳамин бино доир кард. Маҳфил бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид ва дар он муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода, раиси Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Мирзоев, шарқшинос, профессор Сайфиддин Акрамзода, ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ ва кормандони Китобхонаи миллӣ ширкат варзиданд.
Ҷалолуддин Нурзода – муовини директори Китобхонаи миллӣ ин маҳфилоро ифтитоҳ бахшида, меҳмонону кормандони Китобхонаро ба Рӯзи Ғалаба шодбош гуфта барояшон сарбаландиву саодатмандӣ ва хушбахтиву хушрӯзгориро таманно намуд.
Дар суханронии худ ӯ изҳор намуд, ки башарият аз замони пайдоишаш ингуна ҷанги хонумонсонсӯзро аз сар нагузаронида аст. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, афзуд ӯ, аз рӯи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он бештар аз 72 давлати хурду бузурги одам ширкат варзида, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ҳудуди 40 давлати ҷаҳонро фаро гирифт. Теъдоди сафарбаршуда зиёда аз 110 миллионро ташки медод.
Муовини директори Китобхонаи миллӣ афзуд, ки дар ин ҷанг кишварҳои зиёд, ҳазорон шаҳру русто хароб гаштаанд ва бештар аз 50 миллион нафар қурбон шуданд.
Ҷалолиддин Нурзода аз қаҳрамониҳои ҳазорон ҷанговарони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шуд. Дар ин ҷанг беш аз 300 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон бо диловариҳои бемислу монанд ширкат варзиданд.
Нурзода ҷасорату шуҷоати фарзандони миллати тоҷикро дар ин ҷанг ситоиш кард ва гуфт, ки Тоҷикистон дар ин ҷанг беш аз 100 ҳазор шаҳрвандони худро талаф дод. Шуҷоату мардонагии зумрае аз онҳо ба унвони олии Қаҳрамоти Иттифоқи Советӣ қадр гардид. Имрӯз ҳам исми Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Сафар Амиршоев, Ҳайдар Қосимов, Исмоил Ҳамзаалиев ва дигарон чун қаҳрамонони абадзинда вирди забонҳост.
Раиси Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Мирзоев иброз дошт, ки халқи тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қатори дигар халқҳо қаҳрамонона ширкат варзидааст. Беҳтарин ватандӯст он аст, ки ба ғояҳои инсондӯстӣ – умумибашарӣ содиқ аст. Вай таъкид кард, ки тарбияи ватандӯстии ҷавононро пурзӯр бояд кард. Нишасту вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавононро бояд бештар кард, таърихи пурифтихори гузаштаи тоҷик ва қаҳрамониҳояш то ба мағзи ҷавонон ҷо шавад.
Аз қаҳрамониҳо ва сулҳ оварданҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар дар лаҳзаҳои хатарнок ёдовар шуда афзуд, ки ба хотири ободии Ватан ин қаҳрамонӣ аст, ватандӯстӣ аст, миллатдӯстӣ аст, аз ҷон ҷон гузаштан аст ва ин лаҳзаҳои таърихиро бояд ба насли ҷавон гуфт.
Профессор Сайфиддин Акрамзода низ аз ҷонбозиҳои фарзандони некноми миллат дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шуд ва гуфт, ки дар олами ноороми имрӯз таблиғу тарғиби ватандӯстӣ хеле муҳим аст. Ҷавонон бояд бештар ҳисси меҳанпаратсӣ дошта бошанд.
Раҳима АЪЗАМ