Китоби нав. Суҳроби Зиё: «Муждаи субҳ»
Дуюмин китоби рӯзноманигори маъруфи тоҷик Суҳроби Зиё бо номи «Муждаи субҳ», ки паёмаш дар расонаҳои электронӣ расида буд, ҳамакнун дар Китобхонаи миллӣ низ қобили дарёфту мутолиа аст. Китоб ба тозагӣ, бо сарсухани донишманди шинохта Обид Шакурзода ва муҳарририи олими маъруф Қироншоҳи Шарифзода аз чоп баромад.
“Муждаи субҳ”дарбаргирандаи суҳбату муколамаҳо бо шахсиятҳои саршиноси фарҳангӣ, чеҳраномаҳо, сӯгномаҳо ва достоне ба поси хотири падари бузургвори муаллиф аст.
Суҳроби Зиё 20 июни соли 1964 ба дунё омадааст. Соли 1986 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, ҳафтаномаҳои «Оинаи зиндагӣ» ва «Тоҷикистон» фаъолият доштааст. Аз моҳи майи соли 1997 то ҳоло дар дафтари бахши форсии Би-би- си дар Тоҷикистон кор мекунад. Аз моҳи январи соли 2009 хабарнигори аршад ва таҳиякунандаи телевизиони форсии Би-би-си дар Тоҷикистон аст. Ҳамзамон, бо таҳияи гузоришҳои тасвирӣ ва матлабҳои онлойнӣ барои ин расонаи байналмилалӣ се мустанад сохта, яке аз онҳо дар бораи Заур Дахте, филмбардор ва аксбардори шинохташуда, дувумӣ дар бораи ҳунари балет дар Тоҷикистон ва мустанади сеюм дар бораи Фарзонаи Хуҷандӣ, Шоири халқии Тоҷикистон аст. Ба унвони хабарнигор борҳо ба Британия, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон сафар кардааст. Дар давраҳои омӯзишӣ барои хабарнигорон дар шаҳрҳои Ландан, Маскав, Боку, Бишкек, Олмотӣ, Кобул ва Пешовар ширкат доштааст.
Аз соли 1995 узви иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад. Узви раёсати Қонуни байналмилалии Муҳиддини Олимпур аст. Бо матбуоти Тоҷикистон низ пайваста ҳамкорӣ дорад.
Соли 2019 барои гузоришҳои фарҳангӣ ва ҳунариаш аз сӯи маҳфили «Боргоҳи сухан », «Рӯзноманигори сол» эълом шуд ва бо нишони ифтихории «Боргоҳи сухан» қадршиносӣ гардид.
Соли 2023 аз бунёди фарҳангии Жолаи Исфаҳонӣ (Бадеъ), марказаш дар Лондон, барои «талошҳои самимона ва арзишманд» дар кӯмак ба баргузории Ҷоизаи шеъри Жолаи Исфаҳонӣ ва нашри осори ин шоири эронӣ дар Тоҷикистон «Лавҳаи Сипос» дарёфт кард.
Нахустин китобаш ба номи «Устураи фарҳанг ва ҳунари тоҷик», ки перомуни зиндагӣ ва осори Заур Дахте, аксбардори барҷастаи Тоҷикистон аст, соли 2023 дар нашриёти «ЭР-Граф» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва хатти форсӣ аз чоп баромад.
Хонандагони азиз метавонанд аз китоби “Муждаи субҳ”-и Суҳроби Зиё дар Китобхонаи миллӣ баҳра гиранд.
Фарзона Шарифова
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.