Шукӯҳи нави Маҳфили ҲАМЕШАБАҲОР
Шоми 4-уми сентябри соли 2024 бахшида ба ду ҷашни муқаддас, 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи китоб Маҳфили ҲАМЕШАБАҲОРИ Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомат баргузор гардид, ки дар авроқи хотироти аъзоёни маҳфил ва меҳмонон боз як варақ хотироти наку боз намуд.
Роҳбари маҳфил устод Хайрандеш пас аз мушарраф шуданашон ба унвони ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН бо илҳоми саршор маҳфили навбатиро доир намуданд. Шодию нишоти аъзоёни маҳфил ва иштирокдорон низ ҳаду канор надошт. Ҳама шоири маҳфилороро самимона табрик мегуфтанд.
Маҳфилро суханронии ШОИРОНИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН, устодон Муҳаммад Ғоиб ва Муҳтарам Ҳотам шукӯҳи дигар бахшид.
Сарояндагони маҳбуби кишвар Давлат Назрӣ, Иззат Шарифӣ, Шуҳрат Сайнаков, Лоиқ Холов ва дигарон бо иҷрои таронаҳои марғуб аз эҷодиёти устод Хайрандеш ва дигарон ба маҳфил ҳусну ҷилои нотакрор бахшиданд.
Шоири шаринбаён Кӯҳзоди Фатҳулло китоби ашъораш “Аз домани кӯҳи баланд”-ро ба мо туҳфа намуданд, ки дар остонаи ҷашни Истиқлол ва Рӯзи китоб хеле рамзӣ буд.
Пас аз маҳфил, раҳораҳ суҳбату шеърхониҳои устод Хайрандеш, Давлат Назрӣ, Муҳаммадиқбол Атозода, Муҳаммад Ғанизода ва Муҳаммадҷон лаззати дигар дошт.
Хулоса, рисолати як шоир, ҷамъ кардани мардум сари хони шеър, таблиғи фарҳангу адаб, тараннуми ишқи поки Ватан, ба қалбҳо донаи меҳру муҳаббат коштан ва дар ин роҳи наку қаламфарсоӣ кардан аст, ки устод ХАЙРАНДЕШ онро бо сарбаландӣ адо мекарду ҳамакунун мебинем, ки боз дар ин ҷода устувортар қадам мезанад….
Зиҳӣ, устод Хайрандеш,
Зиҳӣ, таронаву шеър!
Муҳаммаднабӣ Баёнӣ