Хониши бадеӣ. Сотим Улуғзода. «Ривояти суғдӣ” (Идома)

Сотим УлуғзодаБозаргонон рўзи ба Бухоро расиданашон Хотунро зиёрат карданӣ буданд, аммо вай дар шаҳр набуд, дар Фарахша буд (деҳи қадимаи Фарахша, воқеъ дар чаҳор фарсахии шаҳр ба роҳи Хоразм, бошишгоҳи бухорхудотҳо буд, онҳо дар он деҳ қалъа ва кох доштан), дар он ҷо писари хурдсолаш Туғшодаи валиаҳд дар бистари беморӣ хобида буд, малика аз сари болини ў дур намешуд, вай хабар фиристода буд, ки бозаргононро дертар пас аз сиҳат ёфтани шоҳзода қабул хоҳад кард.

Шарикони самарқандӣ ва пайкандии Нўфарн ночор дар интизории аз Фарахша баргаштани малика дар Бухоро монда буданд. Малика чун пас аз чанде ба Бухоро, ба кохи подшоҳии худ баргашт, онҳо инро ба Нўфарн хабар доданд. Нўфарн ҳадяву пешкаши барои малика малика тайёр карда мондаашро бардошта бо мушояати Виркан, ки ҳамчун саиси калон савора мерафт ва чанде аз ғуломону хизматгорони дигараш, ки аз паси хоҷа пиёда медавиданд, ба Бухоро равон шуд.

Бозаргонон ба қалъа даромаданд, хизматгору саисҳошон дар регистон монда мунтазири баромадани хоҷаҳои худ шуданд.

Аз чоштгоҳ то нисфи рўз мунтазир шуданд, то ки маросими қабул дар ҳузури малика ба охир расиду бозаргонон аз қалъа баромаданд.

Дар ҳамин вақт Виркан ниятеро, ки дар дил дошт, ба амал овард:

– Ба ҳазратҳо сухане дорам, агар ба густохӣ ва беадабӣ нагиранду иҷозатам диҳанд мегўям, – дар ҳоле ки лаҷоми аспи Нўфарн ба дасташ буд, сўи бозаргонон таъзим карда гуфт ў.

Бозаргонон истода ба вай нигоҳ карданд. Нўфарн чин ба абрў оварда гўшашро сих кард. Бозаргони пайкандӣ, ки пас аз воқеаи биёбони Ҳиҷоз ба Виркан бо назари лутфу навозиш менигарист, гуфт:

– Бигў, паҳлавон, чӣ сухане дорӣ?

– Ҳазратҳо ба хотир доранд,ки хоҷаам ба ман ваъдаи озодӣ дода буданд.

– Оре, ба хотир дорем. Гуфта буданд, ки ба ватан расидан замон туро озод мекунанд.

– Ман шодӣ карда будам, умедвор шуда будам, аммо…- Виркан суханашро қатъ карда ба Нўфарн нигаристу боз ҳамон лаҳза аз вай рў гардонд ва хомўш монд.

Нўфарн ба тундӣ лаҷоми аспро аз дасти Виркан рабурд, яке аз ғуломонаш давон омаду хам шуда чорповор бар ду пой ва ду даст истод, хоҷа ба пушти вай по ниҳода ба зин барнишаст ва ба бозаргонон рў оварда Вирканро нишон доду гуфт:

– Ин ғуломи кўрнамак аз худ рафтааст! Ҳамон як даҳон сухани маро, ки дар Ҳиҷоз ба тариқи навозиш барои хурсандии ў гуфта будам, маҳкам гирифта ба ман даъво мекунад. Бубинед густохӣ, нофармонии ин ғуломи зархарид то ба куҷо расидааст! Озод шудан мехоҳад!

Сипас хоҷа ба болои Виркан «дуаспа тохт»:

– Ту, нобакор, носипос, ба ман чи хизмати фавқулоддае кардӣ, ки дар ивазаш озодӣ бихоҳӣ? Дуздонро рондӣ, корвонро муҳофизат кардӣ, хуб ин хазмат-ку дар ўҳдаи ту буд, ман туро ба сафар маҳз барои ҳамин кор бурда будам, маҳз барои ҳамин туро мехўрондам, мепўшонидам. Ту фармўш кардаӣ, ким ан туро аз чанголи марг раҳонида бақияи умратро харида будам? Боке нест, агар фаромўш карда бошӣ, чўбу тозиёна ба ёдат меандозад ва кӣ буданатро ба ту дурусттар фаҳмонда мемонад!

– Пеши хоҷаат зону бизан! Бахшоиш бихоҳ!- гуфт яке аз бозаргонон ба Виркан.

– Тавба кун!- фармуд дигаре.

– Тавба мекунам, бахшоиши ҷасоратамро мехоҳам, аммо хоҷаам аввал ба ваъдаашон вафо кунанд, – ҷавоб дод Виркан. – Худашон умедвор карда буданд, ноумед накунанд, диламро нашикананд, охир ман ҳам одамам, бандаи худоёнам, агарчи ғуломам.

Дар чашмони Виркан ашк намудор гашт.

– Қавл ё ваъдае, ки хоҷа ба ғулом медиҳад, эътибор надорад,- гуфт бозаргони дигар,- хоҷа ҳар вақт ки хоҳад, метавонад ваъдаи худро ботил кунад. Инро ҳамаи ғуломон медонанд, фақат ту намедонистаӣ.

– Ман аз куҷо донам? Шунида будам, ки бузургон аз қавли худ намегарданд, беқавлиро беномусӣ медонанд.

Бозаргони пайкандӣ ба Виркан дилаш месўхт, бинобар ин бо мулоимат гуфт:

– Ба ҳар ҳол хоҷа ҳамаи моро ба ваъдаашон гувоҳ гирифта буданд. Мо инро кори хайр дониста, ба олиҳимматии хоҷа тан дода, ҳатто худамонро ҳам дар савоби озод кардани ғулом якдараҷа шарик дониста, хушнуд шуда будем. Хоҷа, албатта соҳибихтиёранд, аммо, ба ҳар ҳол нағз мешуд, ки…

– Шумо, ки инчунин ҷўёи савоб будаед, бо ҳиммати олии худатон аз ғуломонатон якеро озод кунед, то ман аз олиҳимматии шумо ибрат бигирам,- ба миёни сухани пайкандӣ давида киноя кард Нўфарн.

Пайкандӣ дар ҷавоби ў даҳон кушода буд, ки мизбони бозаргонон – шарики бухории онҳо ба сухан ҳамроҳ шуда моҷарои сарзадаро қатъ кард:

– Гап тамом, азизон, – гуфт ў.- Кори ин ғуломро ба ихтиёри хоҷааш ҳавола мекунем. Биравем, ки вақти наҳории нимрўзист.

Вай савор шуда аспашро ба роҳ андохт, бозаргонон аз пасаш ба кўшки ў равон шуданд.

(Идома дорад)

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,

мутахасисси шуъбаи адабиёти

    кӯдакон ва наврасон.