Як нафари хайрхоҳ ба хонандагони шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд доруҳои ниёзи аввал тақдим кард

доруҳои ниёзиСафи сарпарастони шуъбаи хидматарсонӣ ба шахсони имконоташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ меафзояд. Чанде пеш саховатманде, ки нахост номаш зикр шавад, аз дорухонааш як қисм доруҳеро барои қутии ёрии аввалини тиббӣ баҳри шахсони дорои нуқсонҳои ҷисмонӣ, ки узви шуъбаи зикршудаанд, кӯмак намуд.

Қутии ёрии аввалини тибии ин шуъба бо 26 номгӯ доруҳои ёрии аввалини тиббӣ бо шумули пахтаи тиббӣ, сӯзандору, нардсунбул (валериана), глитсин, аналгин, панкреатин, ҳароратсанҷ, меновазин, йод, пардифен, фенкарол, фуразолидон ва боз дигар анвои давоҳо пурра гардид.

Шуъбаи шахсони дорои имконоти маҳдуд Рӯзи ҷаҳонии нобиноёнро дар Китобхонаи миллӣ бо шукуҳи хосса ид намуд, ки дар он аҳли ҳунар ва овозхонони кишвар ҳузур пайдо намуданд. Инчунин аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ин қишри ҷомеа бо ҳадяҳои фаромӯшнашуданӣ шод гардиданд.

Ҳамкориву сарпарастии шахсони неку доро ва саховатпеша бо шуъбаи хидматарсонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ рӯ ба афзоиш аст ва пайваста дилсӯзон барои кӯмак ба маълулон ба ин шуъба дасти ёрӣ дароз менамоянд.

Боиси зикр аст, ки 3-юми декабр Рӯзи ҷаҳонии маъюбон дар кишвар таҷлил меградад ва шуъба низ омодагӣ мебинад, ки ин рӯзро шосита ва иштироки васеъи хонандагонаш, ҳунармандону навозандагон ҷашн гирад.

Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.