Китоби нав. Қаландаров.Н.А «Соҳибхирад»
Ин китоб бо қарори Шурои илмӣ-методии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зери назари донишманди маъруф, узви вобастаи АМИТ, профессор Аламхон Кӯчарзода ба тозагӣ нашр шудааст. Устод Кучарзода дар як муқаддимаи кутоҳе дар бораи китоб маълумот дода ва вижагиҳои онро аз китобҳои дигар баршумурдааст.
Ин сарсухани кутоҳро айнан меорем.
Китоби Н.А. Қаландаров «Соҳибхирад», ки ба ифтихори 100 солагии бузургдошти адабиётшиноси маъруфи тоҷик Соҳиб Табаров таълиф гардидааст, дорои аҳамияти илмӣ ва таълимию тарбиявӣ мебошад. Ин асар аз ду боб – «шинохти мақоми адабиётшинос Соҳиб Табаров» ва «Инъикоси шахсияти Соҳиб Табаров дар бархе аз маводи сӯгворӣ» иборат буда, бобҳо аз фаслҳои ҷудогона фароҳам омадаанд.
Оид ба зиндагинома ва фаъолияти илмию омӯзгории устод Соҳиб Табаров мақола, ёддошт ва хотироти зиёде рӯйи кор омадааст, вале мундариҷаи китоби мазкур бо хусусиятҳои худ аз дигар навиштаҳои марбута фарқ дорад. Масалан, дар фасли аввали боби 1 – «Мояи ифтихори мо» устод Табаров ҳамчун хеши наздик – тағои муаллиф муаррифӣ мегарданд ва хонанда аз муносибатҳои хешутабории устод огоҳӣ ёфта, иттилоъ мегирад, ки устод Табаров, аз бародараш Мирзоназар, хоҳари дилсӯзе бо номи Бибимоҳ Табарова низ доштааст. Хар як мақола басо самимона ва фарогиру ҳадафманд буда, ба шахсияти устод С.Табаров иртибот мегирад.
Агар Соҳиб Табаров фаъолияти адабӣ ва иҷтимоии Абдуррауфи Фитратро басо воқеъбинона ва дақиқ ба таҳлилу таҳқиқ гирифта бошад (мақолаи «Соҳиб Табаров муҳаққиқи осори Фитрат»), пас Абдулғанӣ Мирзоев барои Соҳиб Табаров чун устод ва шахсияти барҷастаи фарҳангӣ қадру манзалати хосса дорад (мақолаи «Абдулғанӣ Мирзоев дар шинохти Соҳиб Табаров»). Дар мақолаҳои дигари боби 1 – ум пайванди маънавии устод Табаров бо шогирдонаш Худойназар Асозода, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Аламхон Кӯчарзода, Муртазо Зайниддинзода мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Дар боби 2 –юм – «Инъикоси Соҳиб Табаров дар бархе аз маводи сӯгворӣ» муаллиф бархе аз тасалияту ҳамдардиҳои муассисаҳои илмию фарҳангӣ ва омӯзгории кишвар, инчунин шахсиятҳои намоёнеро, ки баъди фавти устод Соҳиб Табаров то 23.06.15. дар рӯзнома, ҳафтавор ва маҷаллаҳои «Ҷумҳурият», «Омӯзгор», «Ба қуллаҳои дониш», «Чархи гардун», «Имрӯз News», «Фараж» ва ғайра дарҷ гардидаанд, гирдоварӣ карда, бо тартиб пешниҳоди хонанда мегарданд. Ин навиштаҷот, ки баъзешон тафсил ёфта, ба шакли мақола расидаанд, хизмати шоиста ва арзишмандии фаъолияти устод Соҳиб Табаровро ба илму фарҳанги миллати тоҷик дар бар кардаанд. Аз тарафи дигар, ин навиштаҷот қадру манзалати устодро назди халқу мамлакати азиз бозгӯ менамояд.
Умуман, китоби «Соҳибхирад» бо мазмуну муҳтаво ва хусусиятҳои тарбиявию иттилоотии худ туҳфаи муносибест ба ҷашни фархундаи суханшиносии барҷастаи давраи нави тоҷик Соҳиб Табаров.
Ин китоб ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолиа аст.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.