Зодрӯзи ду шаҳсутуни шеъри тоҷикӣ – Мӯъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ хуҷаста бод!
Мӯъмин Қаноат: “Лоиқ ягона шоирест, ки кӯшидааст тамоми роҳҳо ва василаҳои тасвирро аз тасвири воқеъӣ то тасвирҳои орифона, ошиқона ва риндона ба кор барад, аз рӯйдодҳои хурду бузург ҳолат ва лаҳзаҳои мухталифро дар қолаби шеъри нав, ғазал, дубайтӣ, тарона дарорад. Аз ҳамосаи зиндагӣ то «Мадҳияи аҷал» – дар ин паҳнои беохир, қаҳрамони лирикии ӯ андеша меронад”.
***
Лоиқ Шералӣ: «Шоири номии мо Муъмин Қаноат, ки бевосита калима ба калима, ҳиҷо ба ҳиҷо, сатр ба сатр шеъри маро таҳрир карда, печу хам, пушту рӯ ва сояравшанҳои суханро ба тадриҷ омӯхтааст, дар фанни шеър муаллими ман аст”.
***