Гулбаст чӣ ҳунар аст?
Гулбаст матоъу пeшоки саропо халқист. Онро асосан дар ҷануби Тоҷикистон занони ҳунарвар бо маҳорату устодии хос истеҳсол менамоянд. Гулбаст яке аз ҳунарҳои миллии мардуми ориёитабор аст, ки барои мо аз ниёконамон ба мерос расидааст. Ин ҳунар хоси мардуми кӯҳистони Хатлон буда, дар миёни либосҳои зебову фохири занона дар радифи чакан ҷойгоҳи шоиставу барозанда дорад.
Тоқию рӯмолу куртаҳои гулбастро гулҳои зебову диданавозу дилрабо оро медиҳанд. Пайдост, ки чакандӯзӣ бо вуҷуди расму анъанаи ҳар оила будан корест, ки ҳам заҳмат талаб мекунад ва ҳам ҳунар, бо ин ҳама гулбандӣ ниёз ба маҳорати олӣ, дастони чобук, зеҳну ҳуши камназир дорад, ки ҳар зану духтареро насиб накардааст. Мардумшиносон гулбастро шуғлу ҳунари сирф халқӣ хондаанд, гарчи бархе нусхаҳову намунаҳои он аз байн рафтааст.
Гузаштагони мо гулбастро бо истифода аз матои нозук месохтаанд, имрӯза онро бар рӯи дока месозанд. Кори тайёр кардани гулбаст хеле душвор аст. Барои тавлиди либоси гулбаст лозим аст, нахуст докаро дар се дег биxeшонанд ва рангаш бизананд. Шигифтовар ин аст, ки тайёр кардани гулбаст ниёзе ба тарҳу қолаби хос надорад ва баъди чаҳор соат порчае чандранг бо нақшу нигори зебо ба даст меояд.
Тайёр кардани як газвор 3-4 рӯз вақт мегирад, лекин омода кардани сарупои комил:поҷомаву рӯймолу курта 10 рӯз вақт металабад.
Гулбаст асосан се ранг дорад. Порчаро ҳарxо-ҳарxо гиреҳ мезананд ва ба деги оби xeшон меандозанд. Ҳаминки ранг гирифт, риштаҳоро берун оварда мехушконанд, дубора гиреҳбандӣ карда, ба деги дигар меандозанд. Рангҳои моҳу ситорагон рангу ҷилваи дигар пайдо мекунанд. Ин порча, ки қолабу моделе надорад, дар ҳофизаи тоҷикони ориёитабор нақш бастааст ва роҳи дарози чандҳазорсоларо аз миёни ҷангу ҷидолҳо тай карда, боз худро ба саломат ба имрӯз расондааст.
Ҳангоми тавлиди гулбаст асосан аз маводи кимёвии баргирифта аз табиати зинда истифода мебаранд. Гулбаст зебоию таровату латофати худро дуру дароз ҳифз мекунад ва онро дар айёми ҷашну сур бар тан мекунанд.
Муаллиф: Шарофат Дониёр.
Таҳияи: Манижа Раҷабова-мутахассиси шуъбаи библиографияи миллӣ.