Рӯ ба илм. Чаро замин фурӯ меравад?

Даҳаи аввали моҳи май дар Тоҷикистон бо боронҳои шадиду селу обхезиҳо оғоз шуд ва тӯли чанд рӯз сел дар қаламрави зиёди кишвар аз худ вайрониҳои зиёд ба ҷо гузошт. Хонаҳо харобу валангор шуданд, киштзорон зери об монданд, одамон бехонаву дар шуданд. Аммо фоҷеаи аз ҳама мудҳиш фурӯравии замин дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ҷомӣ буд. Ҳарчанд хушбахтона, ин фурӯравӣ талафоти ҷонӣ надошт, вале 15 хонаи истиқоматии сокинон ва 100 гектар замини кишт фурӯ рехт. 167 хоҷагӣ ба хотири таъмини амният ва пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ ба маконҳои дигар интиқол дода шуданд. Ҳоло тасмим гирифта шудааст, ки барои сокинони ин минтақа дар ҷойи дигар як шаҳраки нав бунёд кунанд.

Ҳодисаи фурӯравии замин хотираҳоро ба солҳои пеш тоза кард. Ин гуна ҳодисаҳои пештар ҳам рух дода буданд ва фоҷеа нав нест. Аммо суол ин аст, ки фурӯравии хоку замин ба кадом сабабҳо ба вуҷуд меояд?

Як мақола аз маҷаллаи “Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон” (соли 1974) пайдо кардем, ки онро метавон чун посух ба суоли боло истифода кард. Мақола таҳлили илмист ва онро бо андаке ихтисор меорем. Ҳарчанд аз чопи он солҳо гузаштанд, вале тавсияву пешниҳодҳо куҳна нашудаанд.

****    ****    ****

Азхудкунии ноҳияҳои кўҳсор ба сохтмони роҳҳои автомобилгард ва каналҳо, ба тахту ҳамворкунӣ ва мелиоратсияи замин вобаста аст. Барои ин хамгашту нишебиҳоро бурида, ба заминҳо об бароварда, гардиши обҳои зеризаминиро тағйир додан, бисёр набототро барҳам додан лозим меояд. Ба ҷараёни табиӣ чунин дахолат кардани инсон ба устувории ҷинсҳои кўҳӣ ва пуштаю теппаҳо таъсир расонида, аксар боиси хоктарма, фурўравии замин, хамгашту нишебиҳо ва соҳили каналу дарёҳо мешавад.

Фурўравӣ барои истеҳсолоти кишоварзӣ хеле хатарнок аст. Вай оҳиста, муддати дуру дароз пайдо шуда, дар давраи охирини худ хеле зуд ва ба дараҷаи фалокатовар инкишоф меёбад ва оқибат зарари ниҳоят калон мерасонад. Фурўравӣ дар нишебӣ ва доманаи кўҳҳо инкишоф ёфта, дар минтақаи лалмикорӣ масоҳати заминҳои киштро кам, дарахтзорҳоро нобуд мекунад, ба иншоотҳои обёрӣ зарар мерасонад, роҳҳои автомобилгардро баста, маҳалҳои аҳолинишинро зери хатар мегузорад.

Якчанд мисол дар бораи он ки фаъолияти инсон, вобаста ба азхудкунии боигариҳои табиӣ чӣ гуна боиси фурўравӣ шудааст.

Дар яке аз қитъаҳои канали магистралии Роҳатӣ, ки дар наздикии қишлоқи Назиробод воқеъ гардидааст, солҳои 1964-1965 фурўравӣ оғоз ёфт. Солҳои оянда вай боз ҳам авҷ гирифт. Канал дар ин минтақа аз болои суфаи сеюми соҳили зери об мондаи дарёи Кофарниҳон мегузарад, ки баландии зинаи он ба 30 метр мерасад. Аввал то сар шудани фурўравӣ дар пояи зинаи ин  суфа чашмаҳо пайдо гардидаанд. Оби канал аз қабати ғафси гилдор гузашта, соф шуда, ба зери зинаи регзор расид ва чун оби софи чашма боло баромад. Дар зери нишебӣ сероб шудани ҷинсҳо боиси сустшавии таркибҳои сохторӣ, тез инкишоф ёфтани равандҳои ҳалшавии моддаҳо (суффозия), ба вуҷуд омадани фишору тазъиқи гидродинамикӣ, сустшавии асосу пояҳо гардид. Дар натиҷа ҷинсҳои асосу нишебӣ ба фишори қабатҳои ғафси болоӣ дигар тоб оварда натавонистанд. Нишеби сустшуда фурў рафтан гирифт.

Ин гуна ҳолат дар вақти истифодаи дигар каналҳо низ мушоҳида мешуд. Дар Тоҷикобод канали обёрӣ дар натиҷаи фурўравиҳое, ки аз сабаби ҷар шудани зери нишебӣ ва нам кашидани девораҳои канал ба амал омаданд, аз кор баромад.

Дар вақти сохтмони канали Даштималик теппаеро бурида буданд, ки баъди он бисёр ҷойҳо фурў рафт. Чунин фурўравӣ ҳангоми истифодаи на танҳо каналҳои нишебиҳои кўҳ, балки каналҳои водиҳо ҳам мушоҳида мешавад.

Сабаби фурў рафтани девораҳо якбора паст шудани сатҳи оби канал низ мебошад. Чунки дар ин сурат девораҳо фишору теладиҳии об суст мешавад ва онҳо ба дарун меафтанд. Хокҳои сернаму сероби каналҳо ковок шуда, аз фишори сахти гидродинамикӣ фурўравӣ ба амал меояд. Соҳилу ёнаҳои обанборҳо низ ҳамин тавр фурў мераванд. Ин ҳолат дар Италия, дар доманаи кўҳи Монте-Ток махсусан бештар мушоҳида мешавад. Аз обанборе, ки дар ин ҷо воқеъ гардидааст, ба андозаи 250 миллион мукаабметр хоку лой лағҷид. Обе ки аз обанбор бархест, чун сели сахту даҳшатоваре ба водӣ фаромада, заминҳои кишт, бисёр маҳалҳои аҳолинишинро хароб кард ва бисёр одамон ҳалок шуданд.

 Дар фаолияти ҳарҷонибаи хоҷагии худ инсон бояд маҷмуаи шароитҳои табиии таърихан таркибёфтаро ба назар гирад. Омилҳои сунъӣ ва вазъияти ҳақиқии табиатро якҷоя ба ҳисоб гирифта, масъалаҳои аз ҷиҳати фурўравӣ бехатари азхудкунии нишебиҳо ва доманакўҳҳоро бо муваффақият ҳал намудан, иншоотҳои фоидарасони зидди фурўравиро сохтан мумкин аст.

Меъёру қоидаҳои обёриро доимо ва қатъиян назорат карда истодан, дар ҳама ҷо усулҳои ҳозиразамони обёрӣ ва нигоҳубини заминро ҷорӣ намудан  зарур аст.

Дар қитъаҳое, ки об дода мешаванд, системаи болопўши обёриро ба кор бурдан, аз теппаҳо обҳои зиёдатиро оқилона ва муташаккилона берун партофтан лозим аст. Ҳангоми азхудкунии заминҳои сернаму заҳкашдаи доманаи кўҳҳо он заминҳоро хушконидан ва барои ин кор заҳкашу заҳбурҳо, ҷўйҳои махсус ва ғайра кандан лозим.

Бояд чуқуриҳои нодаркор, ҷойҳои кафидаи нишебиҳоро бо гил ва хок пур кунанд. Бо диққат омўхтани шароитҳои гидрологӣ, геологӣ ва муҳандисию геологии қаламрави азхудшаванда имконият медиҳад, ки ба вазъияти мавҷудаи табиӣ дуруст баҳо дода,  фурўравӣ пешгирӣ карда  шавад.

В.И. Преснухин, мудири озмоишгоҳи геодинамикаи Институти геология.

Маҷаллаи “Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон”, март, 1974.

 

Таҳияи Шаҳло Раҳимова.