Рўзи байналмилалии забони модарӣ муборак бошад!

 

забони модарӣ

«Мо бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон нахуст забони модариро аз худ кунанд, ба он эҳтирому арҷ гузоранд ва сипас ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ оғоз намоянд».

Эмомалӣ Раҳмон

Соли 1999 дар Конфронси генералии ЮНЕСКО 21-уми февралро Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон намуданд. Аз соли 2000-ум инҷониб ҳамасола дар саросари ҷаҳон бо мақсади густариши гуногунии забону фарҳанг ва чандзабонӣ ин рўз таҷлил карда мешавад.

Соли 2002 Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид бори аввал эълон гардидани Рӯзи байналмилалии забони модариро ҷашн гирифт.

Ҳамчунин соли 2008 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ «Соли байналмилалии забонҳо», соли 2010 «Соли байналмилалии наздикшавии фарҳангҳо» ва бо қатънома аз 18 декабри соли 2019 «Солҳои 2022-2032 «Даҳсолаи байналмилалии забонҳои бумии ҷаҳон» эълон карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки қабули ин Қатънома барои ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мушкилоти фалокатбори аз даст додани бисёр забонҳои бумӣ, сафарбар кардани ҷонибҳои манфиатдор ва захираҳо барои ҳифз, эҳё ва таблиғи онҳо асос гузошт.

Воқеан забони модарӣ яке аз сарватҳои бебаҳои ҳар як миллат ба ҳисоб меравад. Боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст, ки миллати тоҷик дар ҳама ҳолат ин сарвати бебаҳо, ганҷи гаронбаҳои ниёкон – забони модариро аз даст надод.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» қайд менамоянд, ки «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугўю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, руҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад. Аз ин рў ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандўстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегўям, аз лаҳни шаккарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарѓиб менамоям. Ба ин хотир доир ба таърихи ташаккули забони тоҷикӣ мақолаву асарҳо таълиф менамоям, дар ҳар суханрониям бузиргию тавоноии онро таъкид месозам ва барои ҳифзу ҳимояаш талош мекунам…».

Ё ҷойи дигар дар суханронии худ баён намудаанд, ки «Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад».

Сарвари давлат ҳамеша дар баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки ҷавонони мо дар баробари донистани забони модарӣ дигар забонҳои хориҷиро низ биомўзанд ва дар арсаи байналмилалӣ Ватани азизамон – Тоҷикистони биҳиштосоро муаррифӣ карда тавонанд.

Мо соҳибзабонон бояд ин мероси гаронбаҳои миллӣ – забони модариро бо асолату покизагӣ ҳифзу нигаҳбонӣ намуда, барои наслҳои имрўзу фардо ва асрҳо ба мерос гузорем!

Ҷўраева Бибираъно – муовини сардори шуъбаи
хизматрасонӣ ба истифодабарандагон