Як ҳикояи дигари пандомез аз Шайх Аттор. “Хушбахт  ва  бадбахт”

Рўзе буду рўзгоре буд. Як рўз Анўшервон бо ҳамроҳон ба шикор мерафтанд. Дар саҳрои дур аз ободӣ ба вайронае расиданд. Анўшервон асбро ба тарафи вайрона ронд, то бидонад, ки он ҷо чӣ гуна ҷое буда ва чаро вайрон шудааст. Яке аз нигаҳбонон низ ҳамроҳи Анўшервон ба он ҷо наздик шуд.

Анўшервон дар пушти хароба марде ранҷурро дид, ки бо кўзаи обе дар канор ва хиште зери сараш ва бо худ гап мезанад.

Марди бенаво мегуфт:

Охир чӣ адолате аст, ин чӣ мамлакате аст, ки ман ин қадар бадбахт бошаму он яке ҳам Анўшервон бошад. Худоё шукр, вале ин зиндагӣ нест, ин расми адолат нест, ин

Анўшервон наздик рафту аз он мард пурсид:

– Ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?

Марди бенаво тарсиду гуфт:

Ҳеҷ кор, ба касе коре надорам, ин ҷо ки моли касе нест, биёбони Худост.

Анўшервон гуфт:

Не, дидам, ки бо худ гап мезанию шикоят мекунӣ, чӣ касе ба ту зулм кардааст.

Бенаво гуфт:

Намедонам, ин ҷо касе нест, ки шикоят кунам, вале зиндагиам хеле бад аст.

Анўшервон гуфт:

Ман шунидам, ки ту номи Анўшервонро гирифтӣ, оё бо ў коре доштӣ?

Бенаво гуфт:

Не, коре надоштам, вале бо худ дарди дил мекардам, ки яке Анўшервон мешавад ва яке мисли ман бадбахт мешавад.

Анўшервон гуфт:

– Ҳоло ту мегўӣ, ки ман бояд чӣ кор кунам?

Бенаво бо худ фикр кард, ки шояд ин Анўшервон бошад, агар худаш бошад дигар чунин фурсате ба дастам намеояд, бигузор гапамро бизанам, дилам хунук бишавад, ҳарчи бодо бод. Аз ҷой бархесту нишаст ва ҷавоб дод:

– Оё Анўшервон туӣ?

Анўшервон гуфт:

– Ҳисоб кун, ки манам ва гапи ҳаққатро бигў!

Бенаво гуфт:

Гапи ҳақ? Агар ту гапи ҳақро мефаҳмидӣ, он қадар ҷабр намекардию мардумро ба ин рўзи сиёҳ намеовардӣ. Худатро бо як лақаби сохта ҳам машҳур кардаӣ. Ба назари ман, онҳое, ки туро Одил номидаанд, масхараат кардаанд, ба ту таъна задаанд. Оё адлу инсоф ин аст, ки ҳазорон ҳазор мисли ман муҳтоҷи нон бошанд ва ту бошӣ худро подшоҳи мо бидонӣ ва назди мардум худро бузург ҷилва бидиҳӣ:

Ту чунон хуш, мо чунон беҳосиле,

   В-он гаҳе гўӣ, ки ҳастам одиле.

Анўшервон бо шунидани ин суханҳо ба ҳарос афтод. Дид, ки нигаҳбонаш ҳам шунида истодааст. Ин буд, ки гуфтушунидро қатъ карду гуфт, мегўям то мушкилатро бартараф созанд. Баргашту бо садои тезу дурушт Бузургмеҳрро хонду гуфт:

Вазир! Марде чунин дар он ҷо суханҳои аҷибе мегўяд ва хеле нохушаҳвол аст, бояд рафта бубинӣ, ки бо ў чӣ кунем? Баъд оҳиста дар гўши Бузургмеҳр гуфт:

– Намедонам чӣ кор кунам, агар ин суханҳо дар дилу забони ҳамаи мардум бошанд, кори мо хеле бад мешавад. Бирав, бубин аз кӣ ёд гирифтааст ва бо мулоимат як тавре дурусташ кун. Ту беҳтар медонӣ, ки чӣ тавр беҳтар аст.

Бузургмеҳр пеши марди бенаво рафту гуфт:

– Охир ин ҷо дар хароба ҷои зиндагӣ нест, ту хеле бадбахт ба назар меоӣ. Мо ҳам то ҳоло туро намешинохтем. Агар хоҳӣ туро ба бемористон фиристам, то дардатро муолиҷа кунанд.

Бенаво гуфт:

Ман дарде надорам, ки ба бемористон равам. Дарди ман бадбахтию бенавоӣ аст.

Бузургмеҳр гуфт:

Дарди бенавоӣ ҳам бо даво табобат намешавад, бо наво хуб мешавад. Наво чизе аст, ки ҳамаи мардум дар ба дар дунболи ў мегарданд ва кори дунё бо ҳамин ҷустуҷў пойдор аст. Агар мардум дар пайи беҳтар сохтани зиндагӣ набошанд, дунё обод намешавад, вале ту то кунун дар ҷустуҷўи зиндагии беҳтар чӣ кўшишҳое кардаӣ?

Бенаво гуфт:

Чӣ кўшишҳое кардаӣ? Шумо ки роҳе барои кўшиш боқӣ нагузоштаед. Се сол аст тамоми мамлакатро зери по гузоштам. Ба ҳар даре мезанӣ, ҳама дарҳо баста аст. Ҳеҷ кас ба фикри ҳеҷ кас нест. Шумо бояд ба фикри мардум бошед, фақат ба фикри даму дастгоҳи худатон ҳастед. Чӣ метавонам бикунам? Инро бояд аз шумоҳо пурсид.

Бузургмеҳр гуфт:

– Агар аз ман мепурсӣ, ҷавоб медиҳам, ки ту ҳақ дорӣ хушбахт бошӣ. Албатта, ҳама мардум дар ин дунё як хел нестанд. Ҳама наметавонанд хеле доро ё хеле доно ё тавоно бошанд, вале ҳар кас ҳақ дорад, ки саҳме аз зиндагӣ ва осоиш дошта бошад. Ту ҳам ҳақ дорӣ. Ҳоло мо дастур медиҳем бубинанд саҳми ту пеши кӣ аст, тамоми талабатро бирасонанд ва ба худат бидиҳанд.

Марди бенаво қаҳ- қаҳ хандиду гуфт:

Фаҳмидам. Фаҳмидам. Ба назарам, ту аз он арбобат хеле нооқилтарӣ. Шумоҳо ҳастед, ки ўро бар сари мардум савор мекунед ва бо кумаки ҳам шираи ҷони мардумро мемакед, вагарна ў як касе бештар нест ва бечора ҷавоби пурсишҳои маро дода натавонист. Рафту туро фиристод.

Бузургмеҳр гуфт:

– Не, ин тавр нагў. Бигзор ба як натиҷае бирасем. Ту инро дуруст фаҳмидӣ, ки ў чизе нест ва дигарон ўро бар сари пой нигаҳ доштаанд. Аммо қасам, ки ман ин ҷо ҳастам, то агар гоҳе тавонам ба хайри мардум кор кунам, ҷони худам ҳам дар хатар аст. Ман Бузургмеҳри Ҳакимам, аммо нагуфтӣ, ки саҳми ту пеши кӣ аст?

Бенаво таъна заду гуфт:

Ҳо, акаи Ҳакимҷон, ман аз касе талабе надорам, ки номи ўро бигўям. Ман мегўям, агар ҳукумати шумо ба фикри мардум буд…

Бузургмеҳр гуфт:

Ин тавр ки ту гапро паҳну дароз мекунӣ, ба ҷое намерасем. Дар ин гўшаи саҳро ҳам ману ту наметавонем ҳама чизро ҳал кунем. Зўри ман ба ҳукумат намерасад, ту ҳам намояндаи ҳама нестӣ. Мо худамон гап мезанем ва агар садоямон баландтар бошад, бад мешавад. Ту аз худат гап бизан, канӣ бинем, чӣ кор метавонем кунем. Ту мегўӣ, аз касе талабе надорам, аммо ҳаққи худатро металабӣ. Оё ҳаққу саҳми туро ман бурдаам?

Бенаво гуфт:

– Ту намегузорӣ ман гап бизанам, аммо не, ту аз ман чизе нагирифтаӣ. Ман мегўям ин ҳама неъмат, ки дар дунё ҳаст, аммо насибу баҳраи ман куҷост? Ту ки худатро ҳаким медонӣ, бояд инро бифаҳмӣ.

Бузургмеҳр гуфт:

– Мефаҳмам. Насибу баҳраи ту ҳама ҷо ҳаст. Аммо ҳамон тавр, ки агар ташна бошӣ, бояд дастатро дароз бикунӣ, то ин кўзаи обро бигирӣ. Ҳамин тавр барои гирифтани саҳми худат аз зиндагӣ низ бояд биҷунбӣ ва саҳматро ба даст оварӣ.

Бенаво гуфт:

Охир, агар дастамро дароз кунам ё мегўянд дузд аст ё гадост ва ҳеҷ кадом аз инҳо маро ба ҳаққи худам намерасонад.

Бузургмеҳр гуфт:

Мақсуди ман ин нест, ки дастатро ба моли мардум ё пеши мардум дароз бикунӣ. Мақсудам ин аст, ки ҳамон тавр ки барои бардоштани кўзаи об заҳмат мекашӣ, барои ба даст овардани ҳақ ҳам бояд заҳмат бикашӣ. Дар дастгоҳи ҳукумат ҳарчи гуфтӣ, қабул, аммо ин ҷо масъалаи танбалию бефикрӣ ҳам ҳаст. Худат гуфтӣ, ки се сол беҳудагардӣ туро ба ҷое нарасонид. Пас бояд кори дигаре бикунӣ, то туро аз бенавоӣ наҷот бидиҳад ва аз зиндагӣ шикоят надошта бошӣ.

Бенаво гуфт:

– Дуруст аст, бояд кори дигаре бикунам, вале кори дигаре надорам.

Бузургмеҳр гуфт:

– Оё коратро касе гирифтааст?

Бенаво гуфт:

– Не, касе нагирифтааст. Ман коре надоштам. Намедонам чӣ тавр гапро бигўям…

Бузургмеҳр гуфт:

Ман медонам, ки чӣ мехоҳӣ бигўӣ ва кумак мекунам. Ту либоси хуб мехоҳӣ, хонаву хобгоҳ, зану фарзанд ва иззату эҳтиром мехоҳӣ, озодию осоишу оромиш мехоҳӣ, умеди фардои беҳтар аз имрўз мехоҳӣ. Мехоҳӣ мисли ман вазир бошӣ, мехоҳӣ мисли мардуми дигар баҳрае аз хушии зиндагӣ, иззату обрў ва роҳат дошта бошӣ. Дуруст аст?

Бенаво гуфт:

– Ҳамин аст, агар ин чизҳоро медоштам, дигар шикояте надоштам.

Бузургмеҳр гуфт:

– Хуб, ин буд гапи ҳақ. Вале, эй бародар, ҳама касоне, ки ин чизҳоро доранд, камтар ё бештар кор мекунанд ва ҳеҷ кадомашон намеоянд ин ҷо дар вайрона бихобанду шикоят кунанд. Агар онҳо ҳам ҳама корашонро монда, омада мисли ту рафтор кунанд, он вақт кори дунё ҳам ланг мешавад. Вақте кори дунё ланг шуд ва ҳеҷ кас ҳеҷ коре накард, дигар ҳеҷ дастгоҳе наметавонад барои онҳо хушбахтӣ бисозад. Чун дигар хўроку либос ва хонаю асбоби осоиш пайдо намешавад ва Анўшервон ҳам нест, ки мақоме ба даст биёрад. Инро қабул дорӣ?

Бенаво гуфт:

Қабул дорам, вале охир, барои ман кор нест. Ҳеҷ кас ба ман кор намедиҳад. Ин аст, ки ман ҳам аз ҳама чиз безорам.

Бузургмеҳр гуфт:

– Хато мекунӣ. Кор ҳаст. Оё ту ҳозирӣ фардо биёӣ, ба ҷои ман вазир бошӣ ва ман ҷоямро ба ту бисупораму биравам?

Бенаво гуфт:

Не, медонам, ки ҳунари туро надорам, фардо аз ман эрод мегиранд ва рўзгорамро сиёҳтар мекунанд.

Бузургмеҳр гуфт:

Ҳоло ки наметавонӣ ё ин корро намехоҳӣ оё майл дорӣ, ки имрўз ҳамроҳи мо биёӣ ва ба ҷои амири шикор корҳои шикорро пеш бубарӣ ва даромаду мақоме дошта бошӣ?

Бенаво гуфт:

Ин ҳам не, ман таҷрибае дар ин кор надорам ва фардо ҳама корро дар ҳам мепошаму ҳолам бадтар мешавад.

Бузургмеҳр гуфт:

– Ин ҳам нашуд. Мо корҳои хурдтар ҳам дорем. Оё мехоҳӣ дастур диҳам ва туро ба китобхона ба кор бигузорам ва монанди дигар коргарон дар он ҷо машғул бошӣ?

Бенаво гуфт:

Не, ман савод надорам ва наметавонам бо китоб кор кунам. Яъне нагузоштанд аз кўдакӣ савод ёд бигирам. Гуфтанд Анўшервон мардумро табақабандӣ кардааст ва гуфтааст, ки савод ёд гирифтан барои мардуми заҳматкаш мамнуъ аст. Ҳоло дидӣ, ки айб аз куҷо сар задааст? Бузургмеҳр гуфт:

Дуруст аст, айби кор якеву дуто нест, аммо як чизи дигар ҳаст, ки мехостам дар бораи он ҳам фикр кунӣ. Савод ёд гирифтан он қадар мушкил нест. Касе, ки бихоҳад онро дар се моҳ ёд бигирад, мегирад, гарчанде ки ҳокими беинсоф онро мамнуъ карда бошад. Ин як ҷинояту хиёнат дар бораи мардум аст, аммо ту ҳам набояд дар баробари хиёнату ҷиноят мисли гўсфанд таслим бишавӣ. Зери бори зулм рафтан ҳам худаш зулми дигарест. Ту ба қавли худат, се сол беҳудагардӣ кардӣ. Фикр кун, агар дар ин муддат рўзе як ҳарф, ҳафтае ё моҳе як калима аз мардум ёд мегирифтӣ, ҳоло ҳама чизро ёд мегирифтӣ. Анўшервон, ки ғайб намедонад. Дар миёни мардум одамҳои хайрхоҳ бисёранд, ки метавонанд алифборо ба дигаре биёмўзанд. Одам худаш бояд бихоҳад. Ҳамин гапе, ки ман зада истодаам, агар Анўшервон бифаҳмад, ҳолам бад мешавад, аммо ҳар мушкиле чорае ҳам дорад. Вақте мардум худашон ба зулм таслим мешаванд, золим ҳам бештар ситам мекунад. Агар назди золим биистанд, Анўшервон ҳеҷ ва ҳафт пушти ў низ ҳеҷ чи нестанд. Ман ҳоло наметавонам туро сарзаниш кунам, баъд савод ҳам ёд мегирӣ. Мехостам қадре бедорат кунам.

Бенаво гуфт:

Ман бедорам. Ман сад бесавод мешиносам, ки ҳазорон пул доранд.

Бузургмеҳр гуфт:

Ҳама чизро бо  ҳам омехта накун. Мумкин, касе аз дуздӣ ё ҳақрабоӣ аз дигарон пуле ба даст оварда бошад, ки онро хушбахтӣ намедонем. Аммо агар ту садторо мешиносӣ, ки бо надоштани ҳақ ба чизе расидаанд, ман даҳ ҳазорторо мешиносам, ки худашон бо заҳмат ва кору фикри дуруст ба хушбахтӣ расидаанд. Ту метавонистӣ яке аз он даҳ ҳазор бошӣ, аммо бар гузашта салавот. Агар ман биравам ва Хусравро розӣ кунам, ки аз хазина ҳазор пул ба ту бидиҳад, хуб аст?

Бенаво гуфт:

– Ин бад нест!

Бузургмеҳр гуфт:

Хеле бад аст, агар гирифта ба ту бидиҳанд, ду айби бузург ба вуҷуд меояд: Якум ин ки ту ҳам мисли ин бекораҳое мешавӣ, ки пули муфти мардумро хўрда ва барои Анўшервон хушомадгўӣ мекунанд: дуввум ту ҳам ҳамдасти касе мешавӣ, ки то ҳоло аз ў шикоят доштӣ. Дигар ин ки ту он пулро харҷ карда, бар ивази он коре намесозӣ, он вақт боз корҳо ланг аст ва ҳама айбҳо дар ҷояш боқӣ мемонанд.

Бенаво гуфт:

Дуруст аст, он вақт ман ҳам ҳамкори золим мешавам. Аммо ман аз суханҳои ту қадре инсоф мешунавам. Ту мегўӣ ҳар мушкиле роҳи чорае дорад, мушкилоти бузургро бояд мардум бо ҳамкорӣ чора кунанд, вале гирифтори мушкили хурдтаре ҳастам, ки бояд худам онро чора кунам. Гарчи ман ба ин лақаби ту ҳам хушбин нестам, аммо ба назари ту, роҳи наҷоти ман аз ин бадбахтӣ кадом аст?

Бузургмеҳр гуфт:

Баракаллоҳ, ин ҳамон бедорӣ аст, ки барои ту орзу доштам. Ҳоло канӣ бинем, чӣ бояд кард. Ту қадре ба фикр афтодаӣ. Ту бояд аз аввали ҷавонӣ ба фикри ёд гирифтани як кори муфид мебудӣ, вале ҳанўз вақт нагузаштааст. Имрўзро нигоҳ кун, агар ба ивази хобидан дар ин вайрона аз субҳ то ҳоло рафта як кўчаро ҷорўб мезадӣ, мардуми ҳамон кўча хушҳол мешуданд ва чун медиданд, мехоҳӣ кори хуб бикунӣ, як касе пайдо мешуд, ки ба ту кори беҳтаре бидиҳад ва ҳеҷ кас ҳам намегуфт, ту девона ё гадоӣ. Ва кам – кам бадбахтӣ аз ту дур ва хушбахтӣ наздик мешуд ва ҳар қадар ки истеъдод доштӣ, ҳамон андоза аз зиндагӣ баҳраманд мешудӣ… Аммо биёӣ ва рўзатро бо танбалию бекорӣ бигзаронӣ, дарде даво намешавад. Бо ин ҳол ту бадбахт мемонӣ…

Марди бенаво аз ҷояш баланд шуд ва бо эҳтироми бештар истоду ҷавоб дод:

Рост мегўӣ. Ҳоло мефаҳмам, ки худам ҳам кўтоҳӣ кардам. Ҳамин рўз рафта шуруъ мекунам. Ҳазор хел кор ҳаст. Маъруф аст, ки мегўянд, агар кўр коргар бошад, дар ҳамон кўр ҳам кор ҳаст. Ҳоло ки мехоҳам кор кунаму дарс бихонам, аз ҳамин ҷо шуруъ мекунам. Оё ту ягон коре барои ман хабар надорӣ, ки зудтар ба он бирасму роҳам наздиктар шавад.

Бузургмеҳр гуфт:

Вақте одам айби худашро шинохту барои ислоҳи он тасмим гирифт, ҳама роҳҳо наздик аст. Ҳамон дами дарвозаи шаҳр як оҳангархона ҳаст ва эълон кардааст, ки коргари одӣ мехоҳад. Агар рафтию мушкиле пайдо шуд…

Бенаво гуфт:

Мушкиле пайдо намешавад. Ту бирав, барои касе, ки туро пеши ман фиристод, ҷавобе бисоз. Ман рафтам.

Марди бенаво, ки ба ҳеҷ коре тавоно набуд, ба оҳангархона рафту ба кори одие машғул шуд. Чун вазъи кор карданашро писандиданд, ҳар рўз кори бештару музди бештар ба ў доданд. Кам- кам бо ҳамаи корҳо ошно шуда, фикраш ҳам ба кор афтод. Барои беҳтар шудани кор пешниҳодҳое дод ва чизҳое сохтанд, ки дар коргоҳҳои дигар набуд ва пешрафти кори коргоҳ чанд баробар афзуд. Чанд сол баъд ўро сарпарасти коргоҳ таъйин карданд, дигар Анўшервон ҳам дар дунё набуд. Аввалин коре, ки ў кард, ин буд, ки маҳаллеро барои босавод кардани бесаводон ихтисос дод. Ў бисёре аз роҳҳои хушбахтиро ёфта буд.

Аз китоби маҳдии Озарияздӣ “Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб” (Аз осори Фаридуддини Аттор). Душанбе “Ирфон”, 2024.

Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар толори хониши шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон бихонанд.

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова, корманди шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон.