Як мушкили гузоштан ё нагузоштани вергул

Сифати феълӣ бевосита ё калимаҳои дигарро ба худ тобеъ намуда ибораи сифати феълӣ месозад ва дар ҷумла ба вазифаи аъзоҳои гуногун меояд. Бар замми ин, вай ба вазифаи хабари ҷумлаҳои содаи таркиби ҷумлаҳои мураккаби пайвасту тобеъ, инчунин ба вазифаи аъзоҳои чидаи ҷумла омада метавонад. Дар чунин ҳолатҳо мушкилоте пеш меояд, ки дар кадом маврид аломати вергул гузошта мешавад ва дар кадом мавридҳо вергул гузоштан ғалат аст.

Саг ҳам безобитагии гўсфандонро дида (!) ғуррос зада (!) аккос карда (!) аз ҷояш ҷаста (!) хеста (!) гирдогирди қўраро давр зада (!) баромад.

Дар ин ҷумла дида, ғуррос зада, аккос карда, ҷаста, хеста, давр зада шакли тасрифнашавандаи феъл – шакли кўтоҳи замони гузаштаи сифати феълиянд. Дар он безобитагии гўсфандонро дида ибораи сифати феълист, ки ба вазифаи ҳоли сабаб омадааст ва сабаби  ғуррос зада… давр зада баромадани гирдогирди кўраро шарҳ додааст. Пас аз он вергул гузошта намешавад.

Сифатҳои феълии ғуррос зада ва аккос карда (шартан чунин навиштем – К. Б.) чун муродифи феълҳои ҳоли ғурросзанон  ва аккаскунон ба вазифаи ҳолҳои тарзи амали чида омадаанд. Азбаски онҳо бо интонатсия бо ҳам алоқаманд шудаанд (пайвандаки пайвасти пайиҳам нест), байни онҳо вергул гузошта, вале пас аз аккос карда  намегузоранд, зеро ин ҳолҳои тарзи чида бо алоқаи тобеии ҳамроҳӣ ба таркиби хабари ҷумла тобеъ шудаанд.

Дар ҷумлаи зерин ҳам таъбирҳои рехтаи ҷони сиёҳ коҳонда, даст ба гиребон шуда ва сар ҳам карда дар шакли сифати феълӣ ба вазифаи хабарҳои чида омадаанд: Вай ҷони сиёҳ коҳонда, бо чанд ташкилоти бинокорӣ даст ба гиребон шуда, пеши чанд мудири анбор сар хам карда, ниҳоят масолеҳи бинокорӣ рўёнду як ҳафта пеш таъмири кабинеташро ба анҷом расонд (А. С.);

Сифати феълии ҷаста низ ба вазифаи ҳоли тарзи амал омадааст ва пас аз он ҳам вергул гузошта намешавад.

Сифати феълии хеста амали қабл аз амали асосӣ (давр зада баромад) воқеъгардидаро ифода мекунад ва хабари чида буда, байни онҳо, одатан, пайвандак кор намефармоянд, бинобар ин аломати вергул гузоштан лозим аст.

Сифати феълии давр зада ҷузъи асосии хабари ҷумла аст, ки бо шакли тасрифии феъл (давр зада баромад)  ифода ёфтааст. Байни сифати феълии давр зада ва феъли баромад алоқаи наҳвӣ вуҷуд надорад. Феъли тасрифии баромад ифодагари маънои грамматикии мутлақияти (яккарата будани) амал аст ва баромад чунин феъли ёварест, ки вазифаи воситаи грамматикиро адо мекунад. Таърихан дар забонамон ҳамин маънои грамматикии феъл бо ёрии пешванди шаклсози би- («би»-и зиннат) ифода мегардид:… гирдогирди қураро давр бизад. Баъдҳо шояд бо таъсири муоширати озоди намояндагони забонҳои гуногун ин воситаи асили грамматикии забони форсии дарӣ ё тоҷикӣ вазифаи худро ба унсури забонҳои бегона (туркӣ: айналиб чиқди) вогузошта бошад.

Табиист ки, дар ин гуна мавридҳо пеш аз феълҳои ёвар вергул гузошта намешавад.

Матни асл ва навишти беғалати он чунин аст:

Саг ҳам безобитагии гўсфандонро дида ғурросзанон ва аккоскунон аз ҷояш ҷаста хеста, гирдогирди қўраро давр зада баромад (С. А.).

Дар матнҳои зерин ҳам пас аз сифати феълӣ аломати вергул гузошта намешавад, зеро он ба вазифаи ягон аъзои  пайрави ҷумла омадааст ё дар таркиби банигоҳ накарда ва ба … нигоҳ карда вазифаи пасояндиро адо кардааст:

  1. Ҳеҷ оқил дониста заҳр намехўрад;
  2. Касе надониста аз он мева намехўрад (Восифӣ);
  3. Соро баъд аз хўрок дари хонаро қулф кард ва бузҳоро ба чаро бурданӣ шуда аз ҳавлӣ баромад (С.А.);
  4. Шоҳмирзо ба ин тангиҳо нигоҳ накарда як лаб нонро…аввал ба Одина мехўронд (С. А.);
  5. Одамро ба гапзаниаш нигоҳ карда интихоб намекунанд-ку (С. У.).

Дар ҷумлаи якум сифати феълии дониста ба вазифаи ҳоли хилоф (Бо вуҷуди чӣ?), дар ҷумлаи дуюм надониста ба вазифаи ҳоли шарт (Бо кадом шарт?), дар ҷумлаи сеюм бурданӣ шуда  (Бо кадом мақсад?) ба вазифаи ҳоли мақсад, дар ҷумлаи чорум сифати феълии нигоҳ накарда чун пасоянд дар таркиби ҳоли хилофи ба ин тангиҳо нигоҳ накарда (Бо вуҷуди чӣ?) ва дар ҷумлаи охирин нигоҳ карда ҳамчун пасоянд дар таркиби ҳоли мутобиқати ба гапзаниаш нигоҳкарда (Мутобиқи чӣ?) омадааст.

Маълум мешавад, ки дар китобҳои дарсии наҳви забони тоҷикӣ равшан зикр наёфтааст, ки шакли кўтоҳи замони гузаштаи сифати феълӣ дар як маврид ба вазифаи хабарҳои чида, дар мавриди дигар ба вазифаи ҳолҳои тарзи амал, замон, сабаб, мақасад, шарт, хилоф ва мутобиқат меояд. Агар ин шаклҳои сифати феълӣ ба вазифаи хабарҳои чида омада бошанд, ҳамеша бе пайвандаки ва бо ҳамдигар алоқаманд мешаванд, бинобар ин байни хабарҳои чида аломати вергул гузошта мешавад. Аммо он шаклҳои сифати феълӣ ба вазифаи ҳолҳои тарз, замон, сабаб, мақсад, шарт, хилоф ва мутобиқат омада бошанд, табиист, аломати вергул гузошта намешавад. Дар ин маврид бояд дар назар дошт, ки сифатҳои феълии нигоҳ накарда дар таркиби «ба… нигоҳ накарда» ва нигоҳ карда дар таркиби «ба… нигоҳ карда» ба вазифаи воситаи грамматикии алоқаи ҳолҳо бо хабарҳои ҷумла чун пасванд хидмат мекунанд.

Фарзона Раҳмонова
мутахассиси Маркази забони
тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ.