Абдулғанӣ Мирзоев. “Боз як нусхаи қалбакии ашъори Рўдакӣ
Дар фонди дастхатҳои шарқии Китобхонаи давлатии оммавии ба номи М.Е.Салтиков Шедрин, таҳти рақами 322 бо унвони «Маҷмўаи шуаро» китобе нигоҳ дошта мешавад, ки ба тарҷимаи ҳол ва осори як қисм шуарои форсизабон бахшида шудааст. Ин асар ғайр аз ҳамон ахбороти муқаддамотӣ, ки Б.А. Дорн ҳанўз дар соли 1852 дар феҳристи худ дода буд, агар хато накунам, мавриди ҳеҷ гуна тадқиқоте қарор нагирифтааст.
Ахбороти Дорн низ дар навбати худ хеле ноқис буда, дар бораи китоб ба хонанда тасаввуроти равшан дода наметавонад. Аз ин сабаб ҳоло пеш аз он ки ба асли мақсад шурўъ кунем, зарур мешуморем, ки дар бораи чӣ гунагии худи «Маҷмўаи шуаро» қадре муфассалтар тавақкуф намоем. Зеро ин тафсилот, агар аз як тараф ба хонанда дар бораи китоб тасаввуроти равшан диҳад, аз тарафи дигар ба ҳалли мавзўи маърўза ба мо кўмак хоҳад расонид.
«Маҷмўаи шуаро» ҳаҷман хеле бузург аст, он аз 336 варақи чаҳорсутуна (ҳар сутуне 25 мисрагӣ) иборат буда, ба хатти настаълиқи ба шикаста тамоил карда китобат шуда ва аз аввал то охир бо ҳал ҷадвал кашида шудааст. Таърихи мураттаб гардидани китоб, исми тартибдиҳанда ва таърихи китобат қайд нашудааст.
Тарзи мураттаб карда шудани он ва дигар аломатҳои алоқаманд, дар айни ҳол, ба он гувохӣ медиҳанд, ки китоб ба китобхонаи салтанатии Сафаёни мансуб будааст. Аз ҷумла дар якчанд ҷои китоб мўҳри вақфкунанда зада шудааст, ки матни мўҳр, бо баъзе ихтисороти ҷузъӣ, чунон аст: «Вақф намуд ин китобро қалби остонаи Алӣ ибни Абӣ Толиб… Аббос – ас- Сафавӣ бар остонаи мунаввари Шоҳ Сафо алаҳар- раҳма…» Вақфкунандаи китоб шоҳ Аббоси аввал (1588-1628) аст ё шоҳ Аббоси сонӣ (1642-1666) дар матни мўҳр ҳеҷ гуна ишорае карда нашудааст. Вале дар асоси далелҳои зерин кадом яке аз ин ду хукмрони сафавӣ будани вақфкунанда ва вақти мураттаб карда шудани «Маҷмўаи шуаро»-ро таъин кардан мумкин мешавад.
Мо дар байни шоирони ба китоб дохил кардашуда Хоҷа Ҳусайни Саноӣ ва Шайх Алӣ Нақши Гумраҳиро дучор мекунем. Аз шоирони соҳибдевон, ки бо тахаллуси Саноӣ ва исму унвони Хоҷа Ҳусайн шеър сароидаанд, дар сарчашмаҳои машҳур ду нафар дучор мешаванд. Яке аз онҳо Хоҷа Ҳусайн бинни Иноятмирзо буда, дигаре Хоҷа Ҳусайн бинни Ғиёсиддин Муҳаммад Машҳадӣ мебошад, ки ҳар ду ҳам дар асри Х-и ҳиҷрӣ (асри XVI) зиндагӣ кардаан. Шайх Алии Нақӣ мувофиқи ахбороти Мирзо Тоҳири Насрободӣ, дар соли 1030/1621 ва мувофиқи маълумоти Муҳаммад Алии Табрезӣ дар соли 1060/1650 дар синни 102- солагӣ вафот кардааст.
Бо ин тариқа, агар мо давраи зиндагии ин се нафар шоирро ба назар гирем, дар он сурат мумкин аст гуфт, ки “Маҷмўаи шуаро”, бо эҳтимоли қавӣ, дар нимаҳои асри XVII мураттаб гардида, вақфқунанда он, албатта, шоҳ Аббоси сонӣ будааст. Баъзе аломатҳои китобатии дохили матн ба он гувоҳӣ медиҳад, ки ин нусха аввалин нусхаи тартибдиҳанда будааст.
Услуби дар тарзи ҷо ба ҷо намудани тарҷимаи ҳол ва ашъори шоирон пеш гирифтаи тартибдиҳанда, ҳамчун то як дараҷа ба услуби тазкираҳои маъмулӣ монанд аст. Дар ин китоб ҳам, ҳамчун тазкираҳо, аввалан оид ба ҳар як шоир маълумоти шарҳи холӣ дода шуда, пас намунаи ашъори онҳо оварда шудааст. Дар тартиби пасопеш дохил карда шудани шоирон тартибдиҳанда, ҳамчун баъзе тазкираҳои умумӣ, аз ҷумла, тазкираи Давлатшоҳ ва амсоли он, асосан таърихан наздик мешавад. Дар айни ҳол, дар масъалаи овардани намунаҳои ашъори шоирон, чи навъе ки баъд аз ин мушоҳида хоҳем кард, тартибдиҳанда аз усулби тазкиранависон ба куллӣ хориҷ мешавад.
Шоироне, ки тарҷимаи ҳол ва намунаи ашъорашон дар “Маҷмўаи шуаро” дохил гардидааст, ба тартиби зер меоянд: устод Абулҳасани Рўдакӣ (варақаҳои 1-11), Ҳаким Фирдавсӣ (в.13-14), устод Манучеҳрӣ (в.15-17), Ҳаким Унсурӣ (в. 21-24), Амир Масъуд Саъди Салмон (в.25-133), Ҳаким Азрақӣ (в. 133-147), Ҳаким Абулфараҷи Рунӣ (в.148-159), Хоҷа Ҷамолиддин бинни Абдурразоқи Исфаҳонӣ (в.159- 179), Шайх Саноии Ғазнавӣ (в.181-185), устод Фалакии Шервонӣ (в.187-190), Абулаълои Ганҷавӣ (в.190-191), устод Фаррухӣ (в.191-194), Сироҷиддини Қамарӣ (в.194-194 б), Ҳаким Мухтории Ғазнавӣ (в. 195-198), Сайид Ҳасани Ғазнавӣ (в. 201-218), Амъақи Бухороӣ (в.218-220), Асириддини Ахсикатӣ (в. 224-225), Сайфи Исфарангӣ (в. 230-241), Низомии Ганҷавӣ (в 246-249), Шарафиддини Шафраӣ (в. 250-251), Қавомии Матразӣ (в. 251-253), Муҷриддини Билқонӣ (в. 254-266), Рафеаддини Насафӣ (в. 267-259), Хоҷа Маҷдуддини Ҳамгарӣ (в. 269-273), Наҷибуддини Ҷарботқонӣ (в. 273-293), Рафеаддин Масъуд бинни Абдулазизи Лунбонӣ (в. 293-307), Адибсобири Тирмизӣ (в.308-310), Сўзании Самарқандӣ (в. 311-314), Асираддини Умонӣ (в. 316-319), хоҷа Ҳусайни Саноӣ (в.320-327), Қозӣ Нуриддини Исфаҳонӣ (л. 328-331) ва Шайх Алии Нақии Гумраҳ (в.332-333).
Дар феҳрасти “Маҷмўаи шуаро”, ки дар аввали китоб меояд, пеш аз се шоири охирин номи панҷ шоири дигар: Ҳаким Қатрони Озарбойҷонӣ, Бадеуддини Таргу, Афзалуддини Қирмонӣ, Изуддин Туғрил ва Шоҳ Кабудҷома низ зикр ёфтааст, вале дар матн на тарҷимаи ҳоли ин шоирон дучор мешавад ва на ашъори онҳо, Мувофиқи ахбороти Б.А. Дорн гўё ин қисмати китоб пора шуда афтодааст.
Дар ин маҷмўа, ҳамон навъе ки аз варақаҳои ба тарҷимаи ҳол ва намунаҳои ашъори ҳар як шоир бахшидашуда дар боло мушоҳида намудем, намунаҳои ашъори шоирони ба ин китоб дохилшуда то дараҷае зиёд аст, ки мо дар ҳеҷ як тазкираҳои пеш аз асри XVII оварда шудани ин миқдор шеърро дучор карда наметавонем. Ин тарафи масъала низ қобили диққат аст, ки тартибдиҳанда девони се шоир – Масъуди Саъди Салмон, Наҷибуддин ва Рафеъуддин бинни Масъуди бинни Абдулазизро, аз қасоид ва ғазалиёт сар карда то рубоиёт, тақрибан дохили маҷмўа намудааст…
Мо аз мақолаи пурбору пурмуҳтавои донишманди маъруф Абдулғанӣ Мирзоев “Боз як нусхаи қалбакии ашъори Рӯдакӣ” пораеро овардем ва хоҳишмандонро барои мутолааи пурраи он ба толори хониши шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ даъват мекунем.
Ин мақола дар шумораи 11-уми соли 1968-и маҷаллаи адабии “Садои Шарқ” чоп шудааст.
Таҳияи Фараҳнози Тоҳирхон,
мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ.