Абдулҳамид Самад: “Вулф Петрович”. Ба ёди Бўстони ҷавонмарг

Абдулҳамид СамадРўзноманигори боғайрат ва ҷавонмарди беҳамто шодравон Бўстон Шукурӣ, ки падараш Достон Шукуров умре мусаҳҳеҳи маҷаллаи «Садои Шарқ» буд, чанде вазифаи раиси идораи Хазинаи адабиёти Иттифоқи нависандагонро ба дўш дошт. Боре Бўстон бо Абдураҳмон Абдуманнонов муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагон, бо сафари хидматӣ шаҳри Маскав рафтанд.

Абдураҳмон чун ҳамеша як-як ба аёдату дидорбинии дўстону устодони масковияш меравад ва албатта, Бўстонро бо худ мебарад. Зимни ташриф ба чунин як меҳмонӣ дар роҳ Бўстонро меогоҳонанд:

Дар хонаашон саг доранд, саги калони бадвоҳима.Ту натарс, сагашон аҳл аст, намегазад, лекин шояд шўхиву бозӣ бикунад.

– Чӣ хел?

– Аз дар, ки даромадед, шояд пойҳоятро бибўяд ё ба қадатон рост хезад.

– Воҳ! Аккос ҳам мезанад?

– Агар хушаш ояд…Дар ин ҳолат номашро бигирӣ, навозишаш бикунӣ, тамом, ошноят мешавад.

– Чӣ ном дорад сагаш? – бо ҳаяҷон ва биму ҳарос мепурсад Бўстон.

-Вулф. Вулф-Вулф бигўй ором мегирад.

Чун аз дар ворид шуданд, баробари пиру кампир саги палангнамои бузургҷусса пешвозашон гирифт, кунҷковона ба онҳо нигарист ва як-ду маротиба ав-ав ҳам кард. Абдураҳмон сари сагро силакунон ҳамроҳашро ба мизбонон шиносонд ва ному насаби онҳоро ба Бўстон ёдрас кард.

Пас аз ҳолпурсӣ гирди хони зиёфат нишастанд ва суҳбати гарму ҳазлу шўхӣ, ёди рўзҳои гузашта шира баст. Азизи хонадон Вулфи пиру фаҳул мисли нозир гоҳе ба давра наздик мешуд ва ба хўришҳои болои миз ҳарисона чашм дўхта, лабу лунҷи овезонашро лесида Бўстонро безобита мекард. Саги барзангӣ, чашмонаш дар назари Бўстон хунгирифтаву хашмгин, аз гармии ҳавои манзил бедимоғ, гоҳе даҳонашро калон кушода, хамёза ҳам мекашид ва дандонҳои нўгтезу муқтадирашро гўё намоиш медод. Дар ин маврид ба дили Бўстон боз биму ҳарос панҷа мезад, ки зуд аз саг рў тофта нигоҳ дигар сў мегурезонд. Вале Абдураҳмон аз вазъи нооромии ҳамроҳаш бехабару бепарво, саргарми суҳбату қадаҳгардонӣ. Ниҳоят меҳмонон бархестанд. Бўстон аз ин дар таги дил шод, ки оқибат аз таъқибу нигоҳи саг мераҳад, дар даҳлез борониашро пўшида, банди кафшҳояшро баста, акнун қомат бардошт, ки саг бо як ҳаракати нарм рў ба рўяш хеста, ду даст сари шонаҳои ў ниҳода, даҳони воз, забони сурхи овезон, дандонҳои аррамонандаш ба фуки меҳмон расам -нарасам, ба вай чашмаки ту кард. Эҳе, чон аз тани Бўстон напариду бас. Вай бо талвоса номи сагу насаби пирамард ба забон оварда дод зад:

Вулф Петрович! Вулф Петрович!

– Вулф-Вулф, шўхӣ бас!- амр кард пиразан ва афзуд:- Натарсед, ин саги мо танҳо бо меҳмонони дўстдоштааш ин хел муносибат мекунад…

АБДУЛҲАМИД САМАД: “САЙРИ ВАРЗОБУ АЁДАТИ УСТОД БОҚӢ”

Ба Абдураҳмон, ки ҳазлкаши гузарост, Худо дод. Акнун барои дилхушӣ қатори дигар дўстон боз як қаҳрамони нав пайдо кард. Минбаъд Бустонро дидан замон Вулф мегўяд ва он манзараи ғалатӣ пеши чашмонаш ҷилвагар шуда механдиду механдад. Ва Бўстони хиҷолатзада бо ташвиш ба атроф нигариста, (мабодо ин ҳолатро боз касе бубинад!) шояд тамоми умр аз ин Вулфи зормонда бори гарони тамасхуру қимобӣ мекашад. Оре, аз Абдураҳмон ба осонӣ раҳидан мушкил. Бўстон инро нағз медонад. Чӣ бояд кард, ки вай сирро фош насозад? Бўстон ҳангоми бозгашт ба Абдураҳмон таваллоомез гуфт:

Устод, зиёфат медиҳам, зиёфати зўр…Чӣ хеле хоҳед. Фақат ҳамин чизро ба касе нагўед…

– Ин чиро не ,Вулфро…

– Э монед, илтимос…

– Душанбе равем, маслиҳат мекунем…

Баъди бозгашт ин «савғотӣ ё бозёфт»-и аҷиб дар дили Абдураҳмон нағунҷид, ки нағунҷид ва ў онро бо шарти ниҳон доштан ба ману Гулназар «тўҳфа» кард. Шод гаштем. Дар он рўзҳои пурҳодисаву ғамзо ин хел василаи дилхуширо аз куҷо меёбӣ . Ва чун Бўстон пайдо шуд, бо табассуми роздор, албатта гарму самимӣ аз аҷоиботи дидаву шунидаҳояш дар Маскав пурсидем.

Устод Абдураҳмонро дидед?- ташвишомез пурсид Бўстон .

– Не …

– Нағз-нағз…- қоҳ-қоҳ хандида гуфтў ва номаълум роҳи дафтари Абдураҳмонро пеш гирифт. Чанде пас Абдураҳмон хушҳолона мужда расонд:

Фардо Бустон ош меорад, бо равғани зағир, коняку арақ ҳам. Хоҳиш мекунам, ҳангоми зиёфат сир бой надихед, ки сахт меранҷад.

Рўзҳои ноорому пурғавғо. Дар майдонҳо одам меҷўшад ва баландгўякҳо гўш кар мекарданд. Авзои ҳама ноҷўр. Дар ин ҳолати хастагиву дилтангӣ гирди табақи ош даме сар ба сар нишастану суҳбат оростан ҳам ғанимат…Дар дафтари Гулназар, ки дар кунҷи аз ҳама хилвати Иттифоқ чой дошт, мунтазири ҳамин лаҳзаи гуворо, чашм ба дар нишастем… Баногоҳ Бўстони чорпаҳлў, чолоку серҳаракат, чашмонаш рахшону лабонаш пуртабассум, бо дастархону халта ворид шуд. Ва дар як лаҳза бо дасту паҷаҳои гиро дастархон кушод. Бўи хуши зира ва ошу равғани зағир ба иштиҳо нохун зад. Болои хонро табақи пурош, атрофаш ҷо-ҷо сабзавот, турбу чака ва бодирингу помидори шўр ҳусн бахшиданд. Пиёлаҳо низ пуру холӣ мешуданд. Нўшбод ба саломатии Бўстону хонуми меҳрубонаш, ки оши хоса пухтааст, нўшоб барои хуб анҷом ёфтани сафари ачиб.

Лекин сабаби зиёфатро нафаҳмидем,- кунҷковона луқма мепартоям ман.

Э харбуза хўред шумо, коратон ба полез чӣ? – чеҳрааш арғувонӣ бо қоҳ-қоҳ бебокона мегўяд Бўстон.

Донистан беҳтар буд,- бо табассум маро тарафдорӣ мекунад Гулназар.

Монед-е, ин сирри махфӣ…- аз ин кунҷковии мо нигоҳ ва чеҳраи Бўстон якбора ҷидди мешавад. – Устод Абдураҳмон, маслихат чӣ буд? Кавл дода будед-ку…

– Ман чизе нагуфтаам, зиракона ба Бўстон чашм медўзад Абдураҳмон.

– Хайр, як чиз гўед,-хоҳиш кард Бўстон.

Бо қадаҳ?

– Албатта!

Абдураҳмон,ҷом дар даст, оромона бархест ва гуфт:

Барои Вулф Петрович!

Қоҳ-қоҳ дафтари Гулназарро ларзонд. Бўстон аз ҷояш боло ҷаҳид ва музтарибҳол, балки маъсумона ба мо нигарист ва пурсид:

– Ғайри шумо ин қиссаро боз кӣ медонад?

– Ҳеҷ кас.

– Рост?

– Бале…

– Гапи мард якта! Ба ҳар кадоматон алоҳида-алоҳида зиёфат медиҳам, ба шарте, ки ин гапа назди дигарн нагўед… 

МАНБАЪ: Абдулҳамид САМАД: “Шаҳсутун”. Душанбе, “Адиб”, 2020.

Таҳияи Ҷамила Гирдакова,
сармутахассиси маркази забони
тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ.