95 сол пеш 1-уми май забоншиноси шинохта Шарофиддин Рустамав ба дунё омада буд

Шарофиддин РустамавАз вафоти забоншиноси маъруф Шарофиддин Рустамов 19 сол сипарӣ мешавад. Агар дар қайди ҳаёт мебуд, 1-уми май 95-сола мешуд.

ШАРОФИДДИН РУСТАМОВ 1-уми майи соли 1931 деҳаи Нигноти ноҳияи Панҷакент ба дунё омад. Забоншиноси маъруфи шуравии тоҷик, доктори илмҳои филология (соли 1972), профессор (соли 1980), Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2001), Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1991), Корманди шоистаи Тоҷикистон (соли 2001), дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (соли 2001).

Бо медалҳои “Барои меҳнати шоён”, бахшида ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин, «Ветерани меҳнат», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст. Солҳои 1946-1949 дар Омўзишгоҳи омўзгории шаҳри Панҷакент ва солҳои 1949-1954 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло С.Айнӣ) таҳсил намуда, солҳои 1954-1961 муаллим ва директори мактаби миёна, мудири шуъбаи маданият, муҳаррири рўзномаи ноҳиявӣ, котиби Комиҷроияи шаҳри Панҷакент, солҳои 1961-1964 аспиранти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 1965 то охири умр ходими илмӣ, мудири Шуъбаи забон ва сарходими илмӣ дар Донишкадаи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Самтҳои асосии фаъолияти Шарофиддин Рустамов ин фаъолияти илмӣ буда, забоншиносӣ ва грамматикаи забони тоҷикӣ мебошад. Фаъолияти илмии худро аз охири солҳои 60-ум ва аввали солҳои 70-уми асри ХХ оғоз намуда, тамоми қувваю маҳорати худро маҳз ба таҳқиқи рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсиву дастурҳои таълимӣ ва мақолаҳои илмиву оммавӣ равона сохтааст. Бисёрҷанбагии фаъолияти илмии ў дар бобати офаридани рисолаву мақолоти ниҳоят муҳиме, ки ба ҳалли ягон мушкилоти грамматикаи забони тоҷикӣ нигаронида шудаанд, зоҳир мегардад. Зарфи фаъолияти илмии хеш ў зиёда аз 220 таълифоти илмию методӣ, аз ҷумлаи рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсиву дастурҳои таълимӣ ва мақолаҳои илмиву оммавӣ нашр намудааст.

Дар аксар асарҳои илмӣ, масъалаҳои гуногуни забоншиносӣ тадқиқ шудаанд, ба монанди: соли 1967 – «Ҷумлаи пайрави пуркунанда дар забони адабии ҳозираи тоҷик», «Забоншиносии тоҷик дар давраи советӣ», соли 1968 – «Баъзе масъалаҳои синтаксиси забони адабии тоҷик», «Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик», соли 1971 – «Калимасозӣ ва санъати сухан», соли 1972 – «Категорияҳои грамматикии исм», «Калимасозии исм дар забони адабии ҳозираи тоҷик», «Таснифоти ҳиссаҳои нутқ ва мавқеи исм», соли 1977- «Таълимоти В.И.Ленин дар бораи забон» ва ғайра мебошанд.

Асару мақолаҳои ӯ дар муайян намудани усулу қолабҳои калимасозии забони тоҷикӣ ва назарияи мукаммали ин соҳаи душвори забоншиносӣ саҳми бениҳоят калон доранд. Рушду камоли забоншиносии тоҷик ва равияҳои нави тадқиқи забони тоҷикӣ бо номи ин олими бузург ва шинохта марбут аст. Дар бахши синтаксис Шарофиддин Рустамов ҳанўз соли 1964 дар мавзўи «Ҷумлаҳои мураккаб бо ҷумлаи пайрави сабаб», ки дар он солҳо аз масъалаи ҳалношудаи синтаксиси забони тоҷикӣ маҳсуб меёфт, рисолаи номзадӣ дифо намудааст. Муҳимтарин маълумотҳои илмию назариявӣ ва намунаҳои ҷумлаҳои мураккаб бо ҷумлаи пайрави сабаб, ки дар диссертатсия таҳлил ва коркард шуда буданд, дар матни китобҳои дарсии грамматикаи академӣ, грамматикаи меъёрӣ ва китобҳои дарсӣ барои омўзгорону донишҷўёни ихтисосҳои филологии мактабҳои олӣ ҷой дода шудааст.

Самти дигаре, ки дар фаъолияти илмии Шарофиддин Рустамов мақоми муҳим касб кардааст, ҳалли масъалаҳои морфологияи забони тоҷикӣ маҳсуб меёбад. Дар ин ҷода ў соли 1972 рисолаи арзишмандеро роҷеъ ба «Таснифоти ҳиссаҳои нутқ ва мавқеи исм» анҷом дода, нақши асосӣ доштани маъноро дар муайян намудани мақоми калимаҳо ҳамчун ҳиссаи нутқ муайян намудааст. Ў аломатҳо ва вазифаҳои махсус доштани калимаҳоро дар созмон додани нутқи комил ва дар ҷумла таъкид кардааст. Роҷеъ ба масъалаҳои хусусиятҳои маъноию грамматикии исм Шарофиддин Рустамов соли 1975 таҳти унвони «Исм дар забони тоҷикӣ» диссертатсияи докторӣ ҳимоя намуда, соли 1981 таҳти унвони «Исм» очерки грамматикӣ монографияи дигари худро ба табъ мерасонад ва бо ҳамин ба масоили баҳсноки категорияҳои грамматикии исм ва нишонаҳои фарқкунандаи он нисбат ба дигар ҳиссаҳои нутқ, раванди гузариш аз як ҳиссаи нутқ ба ҳиссаи дигари нутқ, ба вазифаи ҳамаи аъзои ҷумла ба кор рафтани он, калимасозии исм ва ғайра ақидаҳои асоснок ва ҷолиби илмӣ баён кардааст.

Моҳи ноябpи cоли 1988 дap конфepeнcияи илмии Акaдeмияи илмҳои Тоҷикистон Шарофиддин Рустамов дap мaвзўи «Macъaлaҳои муҳими мaдaнияти cyхан» доир ба cифaтaн бeҳтap нaмyдaни тaдбири зaбони тоҷикӣ дap мyaccиcaҳои тaҳcилоти фарҳангӣ бо таҳияи фapҳaнгномaҳои мyфaccaли тaфcиpӣ тaкомyл бaхшидaн бa caтҳи гyфтоpи коpмaндони телевизион вa paдио, нутқи зиёиён, ба зaбони тоҷикӣ додaни мaқоми дaвлaтӣ вa дap pобитa бa ин, бa зaбони тоҷикӣ бa pоҳ мондaни фaъолияти идоpaвy тaшкилотҳо вa омўзиши зaбони тоҷикӣ дap тaмоми ихтиcоcҳои ғaйpифилологӣ  ба роҳ мондан бapомaд кapдааст.

Шарофиддин Рустамов яке аз муаллифони китоби дарсии “Забони тоҷикӣ” барои мактабҳои миёна, қисмҳои 1 ва 2-и китоби дарсии “Забони адабии ҳозираи тоҷик” барои мактабҳои олӣ ва “Граматикаи илмии забони адабии ҳозираи тоҷик” мебошад. Саҳми ў дар таҳияи лоиҳаи «Қонуни забони Тоҷикистон» (соли 1989), Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҷурии Тоҷикистон (соли 1994) ва Имлои забони тоҷикӣ (соли 1998) низ калон аст.

Доктори илмҳои филология, профессор, Рустамов Шарофиддин дар синни 76 солагӣ санаи 12 майи соли 2007 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст. Номи ў ҳамчун забоншиноси барҷаста ва боистеъдоди нотакрори тоҷик то абад боқӣ мемонад.

Аз Шарофиддин Рустамов ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолиб қобили дарёфт аст:

Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик  / Муҳаррири масъул Ш.Рустамов ва диг. [Матн]. ¬– Душанбе: Дониш, – 1985. –Ҷ.1. – 356 с.

Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик / Муҳаррири масъул Ш.Рустамов ва диг. [Матн]. – Душанбе: Дониш, – 1986. – Ҷ.2. – 372 с.

Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик / Муҳаррири масъул Ш.Рустамов ва диг. [Матн]. – Душанбе: Дониш, –1989. –Ҷ.3. – 222 с.

Забони адабии ҳозираи тоҷик (Синтаксис) [Матн].  – Душанбе: Ирфон, 1970. – 268с.

ДАР БОРААШ:

  1. Рустамов Шарофиддин //Энсиклопедияи советии тоҷик [Матн]: Маълумотнома. – Душанбе, 1986. – Ҷ.6. – С.438.
  2. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ [Матн]. – Душанбе: Дониш, 2011. – С.223-237.

Сарчашма:

Рустамов Шарофиддин // Арбобони илми тоҷик (асри ХХ аввали асри ХХI [Матн]: Маълумотнома. – Душанбе, 2018. – С.544.

Муаллиф: Ё.Сучонӣ

Таҳияи Гулчеҳра Ахмедова
корманди шуъбаи
илмӣ-методӣ ва таҳкиқотӣ.