Шуъбаи рисолаҳои илмӣ дар 14 сол
Аз таъсиси шуъбаи рисолаҳои илмии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 сол сипарӣ шуд. Айни замон дар фонди умумии он, аз ҷумла фонди шахсии академикон ва докторони илм зиёда аз 34 000-нусха китоб, 4890 нусха рисолаи илмӣ ва зиёда аз 700 000 нусха автореферат бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва хориҷӣ нигаҳдорӣ карда мешаванд.
**** **** ****
Шуъбаи рисолаҳои илмии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 таъсис дода шуда, яке аз шохаҳои муҳими илмӣ ва итилоотии Китобхона ба ҳисоб меравад. Он ҳамчун як маркази муҳими илмӣ ва иттилоотӣ, дар рушди илм ва маорифи кишвар саҳми назаррас дошта, фаъолияти самаранок ва хидматрасонии босифат ба хонандагон барои пешрафти таҳқиқоти илмӣ заминаи устувор фароҳам меоварад.
Шуъбаи рисолаҳои илмӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа, Оинномаи муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастурамали коргузорӣ, Низомнома ва Нақшаи корӣ ба роҳ мондааст.
Шуъбаи мазкур яке аз сохторҳои асосии Китобхонаи миллӣ буда, мақсади ниҳоии он ҳифзу нигоҳдорӣ ва барои истифодаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод намудани хазина (фонд)-и рисолаҳо мебошад.
Шуъба дорои фонди рисолаҳои илмӣ (диссертатсияҳо), авторефератҳо ва ду толори хидматрасонӣ, аз қабили “Толори кормандони илм”, “Толори академикон ва докторони илм” буда, дар ин ҷо рисолаҳои илмии донишҷӯён, магистрантон ва олимон ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ карда мешаванд. Ин рисолаҳо натиҷаи корҳои тадқиқотӣ буда, барои дигар хонандагон ҳамчун манбаи муҳим хидмат мекунад.
Лозим ба ёдоварист, ки 37 нафар академик ва доктори илм, аз ҷумлаи Раҷаб Амонов, Ащрор Мухторов, Талбак Назаров, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Хуршеда Отахонова, Тоҳир Фозилов, Кароматулло Олимов ва дигарон ба “Толори академикон ва докторони илм” китобхонаи шахсии худро тӯҳфа кардаанд ва хонандагон ҳамарӯза аз ин фондҳо истифода мекунанд.
Айни замон дар фонди умумии шуъбаи рисолаҳои илмӣ, аз ҷумла фонди шахсии академикон ва докторони илм зиёда аз 34 000-нусха китоб, 4890 нусха рисолаи илмӣ ва зиёда аз 700 000 нусха автореферат бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва хориҷӣ нигаҳдорӣ карда мешаванд.
Фонди авторефератҳо имкон медиҳад мухтасари ҳамаи рисолаҳое, ки дар 70 соли охир дар фазои паҳновари Шӯравӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳимоя шудаанд, нигоҳ дошта шавад.
Ҳамзамон, шуъба маркази қабули шакли электронии рисолаҳои илмӣ низ мебошад. Ҳар рӯз доктарантон, унвонҷӯён ва омӯзгорон рисолаҳои илмии худро ба шакли электронӣ ба шуъба пешниҳод менамоянд ва дар толор ба корҳои илмии худ машғул мешаванд. Зикр кардан бамаврид аст, ки муҳити мусоид ва дастрасии васеъ ба манбаъҳои илмӣ ба онҳо имкон медиҳад, то таҳқиқоти худро босамар анҷом диҳанд.
Кормандони шуъба ба ҳар як хонандае, ки ба онҳо муроҷиат менамояд, кӯмак расонида, дар дарёфти маводи зарурӣ ва дархостҳои илмӣ раҳнамоӣ мекунанд.
Дар баробари ин, корҳои васеи батартибдарории фондҳо аз рӯи Таснифоти даҳгонаи универсалӣ (ТДУ (УДК)) идома доранд, ки мақсади асосии ин раванд оптимизатсияи низоми ҷустуҷӯ ва баланд бардоштани самаронокии хидматрасонӣ ба хонандагон мебошад. Иҷрои босифати ин вазифаҳо ба таъмини пайвастагии наслҳо дар илм ва ҳифзи хотираи илмии кишвар мусоидат менамояд, зеро шуъбаи рисолаҳои илмӣ қисми муҳими китобхона буда, барои рушди илм ва таҳқиқот аҳамияти калон дорад.
Малика Махсудалиева,
мутахассиси пешбари
шуъбаи рисолаҳои илмӣ
Теги: рисолаҳои илмӣ