Китоби нав: Фаридун Маҳмадулоев «Саққои Бухороӣ ва мероси адабии ӯ»
Рисола дар бораи рӯзгору осор ва ҷаҳонбинии яке аз шоирони соҳибдевон ва хушсалиқаи асри XVI форс – тоҷик, аз ҳавзаи адабии Ҳинд – Саққои Бухороӣ мебошад. Ин шоири ориф аз худ ашъори зиёде дар анвони гуногуни адабӣ ба мерос гузоштааст. Панду андарзҳои шоир ва андешаҳои ахлоқии ӯ дорои арзиши баланд буда, дар такмили шахсияти инсон мусоидат хоҳанд кард.
Дар муқаддима омадааст, ки вазъи кунунии омӯзиши адабиёти форсии тоҷикӣ дар Ҳиндустон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки бо вуҷуди анҷом дода шудани бисёр корҳои таҳқиқотии назаррас ва арзишманд дар ин самт, ҳанӯз бисёр масъалаҳое мавҷуданд, ки мебояд ба онҳо равшанӣ андохт, илова бар ин халоҳое ҳам дар таҳқиқи он вуҷуд доранд. Аз ҷумлаи чунин халоҳо аз доираи таҳқиқ берун мондани бисёр намояндагони барҷастаи адабиёти форсии доираи мазкур мебошад. Чунонки маълум аст, таҳқиқоти мушаххаси таърихӣ – адабии бахшида ба шахсияти алоҳида, ба истилоҳ, маводди таҷрибӣ, барои бозтоб ё тасвири манзараи умумӣ ва инъикоси раванди ташаккул ва сайри таърихии мероси адабӣ аз арзиши воло бархурдор буда, хеле ҳам заруру муҳим ба шумор меравад.
Аз зумраи чунин шахсиятҳо Саққои Бухороӣ аст, ки дар шумори шоирони соҳибдевони асри XVI қарор дорад. Ӯ, ки зодаву парвардаи ҳавзаи фарҳанги Мовароуннаҳру Хуросон буд, дар ташаккули ҷаҳонбиниаш таълимот ва осори мутафаккирони бузурги гузаштаи ин сарзамин, ашъор ва ақволу аҳволи шоирону орифони бузурги форсии тоҷикӣ, аз қабили Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Умари Хайём, Фаридуддини Аттор, Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ, Саъдӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва дигарон нақши муассир дорад. Шоир баъди сафарҳои зиёде дар кишварҳои гуногун оқибат ба Ҳиндустон рафт ва забону адаби мардуми ҳавзаи фарҳангии мазкурро бо худ бурда, дар ривоҷу равнақи он саҳми босазо гузошт.
Саққо мероси фаровоне бо забони форсии тоҷикӣ боқӣ гузоштааст, ки аз истеъдоди баланди шоирии ӯ гувоҳӣ медиҳад. Нусхаҳои девони ӯ дар замони зиндагиаш миёни мардум маъруф буда, китобат, чоп ва мунташир мегашт ва қисми зиёди онҳо то замони мо расидаанд. Ашъори ӯ дар анвои адабии суннатии адабиёти классикӣ, чун ғазал, рубоӣ, маснавӣ, мураббаъ, мухаммасу, мусаддас суруда шудаанд.
Шоир ба масъалаҳои гуногуни маърифатӣ, аз қабилии шинохти инсон ва отифаҳои гуногуни ӯ, худшиносӣ, озодманишиву озодандешӣ, ирфонӣ ва пандуахлоқӣ дахл карда, зимнан дар силсилаи мартабаи ҳастӣ ба инсон ҷойгоҳи басо волоеро қоил аст. Андешаҳои Саққо ба баробарии қавму халқҳои гуногун ва пайравони динҳову мазҳабҳои мухталиф, поксозии ахлоқии инсон, табақаҳои гуногуни руҳонияти мутаассиби замони худро мавриди танз қарор додани ӯ, интиқоди шадид аз камбудиҳои табақаҳои гуногуни ҷомеаи замонаш, тараннуми ишқи воқеии инсонӣ аз ҷониби ӯ хеле ҳам ҷолибу мубрам буда, имрӯз низ аз аҳаммияти зиёд бархурдоранд.
Муалиифи ин китоби хуб Маҳмадулоев Фаридун Саидбегович (таваллуд 19.9.1980, ш.Ваҳдат), адабиётшинос ва матншиноси тоҷик, корманди муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик; номзади илмҳои филологӣ (2018). Хатмакардаи факултети журналистика ва тарҷумонии ДДМТ (2003), аспирантураи Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012 – 16). Корманди ҶДМ «Танзим» (2004 – 08), муҳаррир (2009 – 11), муҳаррири пешбар (2011 – 15), аз соли 2015 мудири редаксияи забон, адабиёт ва фолкори СИЭМТ. Муаллифи беш аз 50 мақолаи илмӣ. Пажӯҳишҳои ӯ дар илми адабиётшиносӣ, ба вижа дар барқарор кардани зиндагинома ва мероси адабии Баҳром Саққои Бухороӣ назаррас аст. Рисолаи ӯ «Саққои Бухороӣ ва мероси адабии ӯ» (2016), нашри «Девони Саққои Бухороӣ» (2018), «Девони ашъор»-и Саққо (2024), на танҳо дар адабиётшиносии тоҷик, балки дар адабиётшиносии Эрону Афғонистон, Покистону Ҳиндустон ва дигар мавзеъҳои тоҷикнишини ҷаҳон аҳаммият дорад. Дар таҳрир ва тадвини мақолаҳои марбут ба забон ва адабиёти тоҷик дар ҷилдҳои 1 – 12 – и «Энсиклопедияи миллии тоҷик» (2009 – 2025), «Донишномаи Душанбе» (2016), донишномаи «Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2021), «Донишномаи забони тоҷикӣ» (2022) саҳм гузоштааст.
Бо ифтихорномаҳои СИЭМТ, нишонҳои «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (2017), «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2019) ва медали «Хизмати шоиста» (2024) қадр шудааст.
Хонандагон китоби Фаридун Маҳмадулоев «Саққои Бухороӣ ва мероси адабии ӯ»-ро метавонанд аз Китобонаи миллӣ мутолаа намоянд.
Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд